Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пешгирӣ аз ҳаннотӣ" ё Чаро пулҳои муҳоҷирон танҳо бо сомонӣ дода мешаванд? ВИДЕО


Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, камчинии рубл дар бонкҳо ва эҳтимоли авҷ гирифтани ҳаннотӣ дар бозори арз, онҳоро маҷбур мекунад пули интиқолии муҳоҷирон аз Русияро бо сомонӣ бидиҳанд. Ин мавқеи мақомот мавриди норизоияти муштариҳо шудааст.

Посухи раиси Бонки миллӣ ба норозигии садҳо муҳоҷире буд, ки мегӯянд маблағҳои бо рубл фиристодаи онҳоро набояд бо сомонӣ ба наздиконашон диҳанд. Дар ҳоле, ки муҳоҷирон ин корро нақзи ҳуқуқашон медонанд, Бонки миллӣ онро кори дуруст мехонад.

Бонки миллӣ: Интиқодҳо ҳаст, аммо сиёсат натиҷаи мусбат дод

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ рӯзи 24 июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки "чаро рублҳои фиристодаи муҳоҷиронро бидуни ихтиёри онҳо бо сомонӣ иваз мекунед?", ду далелро пеш овард.

Ӯ гуфт, то чанд соли пеш 80 дарсади маблағҳои интиқолиро аз Русия бо доллар мегирифтанд, вале бо шуруи буҳрони Русия ин кор манъ шуд. Инчунин "пешгирӣ аз ҳаннотӣ" дар дохили кишвар низ, ба қавли Нурмаҳмадзода, далели дигарест, ки бар асоси он рублҳои муҳоҷиронро бо сомонӣ иваз карда, ба наздиконашон медиҳанд.

“Мо ин сиёсатро бурдем ва ин сиёсат натиҷаи мусбии худро дод,”-таъкид кард Нурмаҳмадзода.

Аммо на ҳама бахусус наздикони муҳоҷирон далелҳои овардаи раиси Бонки миллиро қабул доранд. Онҳо мегӯянд, бонкҳои Тоҷикистон рублҳои фиристодаи онҳоро бо қурби паст иваз мекунанд. Ба ҳисоби миёна як муҳоҷири корӣ аз ҳазор рубли фиристодааш 3 сомонӣ зиён мебинад.

Раиси Бонки миллӣ низ чунин интиқодҳоро рад намекунад ва мегӯяд, чандин маротиба чунин шикоятҳоро дарёфт кардааст. Аммо Нурмаҳмадзода таъкид мекунад, ки қурби рубл вобаста ба арзиши он дар худи Русия таин мешавад ва бонкҳои Тоҷикистон низ аз рӯи он қурбро таин мекунанд.

Бонки миллӣ: Додани сомонӣ ба ҷои рубл "пешгирӣ аз ҳаннотӣ" аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Агар рубл диҳанд, захира мекунем

Бародари Фаррух Абдуллоев ҳар моҳ ба ӯ аз Русия аз 20 то 30 ҳазор рубл мефиристад. Ин сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, бонкҳо маблағи бародарашро бо сомонӣ ба ӯ медиҳанд ва аз ин кор ӯ норозӣ аст. Чун ба бовари ҳамсуҳбати мо, бо рубл захира кардани асъор барояш муфид аст.

“Албатта рубл хубтар аст. Барои онки дар якҷо пулатонро ҷамъ карда мемонӣ. Вақташ, ки омад, онро майда карда истифода мебаред,” - афзуд Абдуллоев.

Аммо барои барои Фаррух ва дигар наздикони муҳоҷирон рубл танҳо барои захира нест. Онҳо мегӯянд, дарди аслиашон ин аст, ки бонкҳои Тоҷикистон рублро бо қурби паст ба онҳо медиҳанд. Масалан Фаррух ба гуфтаи худаш ду ҳафта пеш ҳазор рубли русиро бо 152 сомонӣ иваз кард, аммо рӯзи 24 июл бар ивази ҳамин миқдор рубл дар бонк ба ӯ 145 сомонӣ доданд.

Наздикони дигар муҳоҷирон низ мегӯянд, бигзор барояшон рубл бидиҳанд то тавонанд онро бо қурби дилхоҳашон иваз кунанд.

Шикояти муҳоҷирони корӣ, ки бинобар тадқиқоти созмонҳои байналмилалии молӣ даромади ҳар чаҳорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби онҳост, дар ҳолест, ки фарқи қурби ғайрирасмии рубл аз қурби расмӣ рӯз аз рӯз меафзояд.

Коршинос: Набояд ҳаққи мизоҷон поймол шавад

Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон сар аз моҳи феврали соли 2016 бар асоси як фармони Бонки миллӣ муваззафанд ҳамаи маблағҳои бо рубл интиқолёфтаро бо сомонӣ иваз карда, ба муштариён диҳанд.

Он замон Бонки миллӣ дар шарҳи ин тасмими худ гуфта буд, "ҳадаф таъмини устувории сомонӣ, ҳамчун ягона воситаи пардохт дар Тоҷикистон аст". Ин тасмими Бонки миллӣ вақте содир шуда буд, ки камчинии шадиди доллари амрикоӣ мушоҳида мешуд ва қурби он бо суръат боло мерафт.

Коршиносон гуфтанд, ҳадафи аслӣ ин аст, ки Бонки миллӣ мехоҳад рублҳои воридшуда дар хазинаҳои бонкҳо монад. Бонкҳо тавассути рубл аз бонкҳои Русия доллар харидорӣ кунанд ва камчинии доллар дар кишвар камтар шавад.

Зимнан 90 дарсади пулҳои интиқолӣ аз хориҷа ба Тоҷикистон бо рубл ворид мешаванд.

Таҳлилгарони умури бонкӣ имрӯз низ мегӯянд, Бонки миллӣ бояд ин тасмими баҳсбарангезашро тағйир диҳад.

Меҳрубон Бурҳонов, таҳлилгари умури бонкӣ гуфт, тасмими бо сомонӣ додани пули муҳоҷирон шояд аз як ҷониб барои устувор нигоҳ доштани сомонӣ кӯмак кунанд, вале дар ҳеҷ сурат пеши роҳи ҳаннотиро намегирад. Чизе, ки раиси Бонки миллӣ рӯи он таъкид дорад.

Ин таҳлилгар гуфт, “вақте як нафар маблағи рублашро бо сомонӣ гирифт, худи кормандони бонк низ аз ин сӯистиофда мекунанд ва асъореро, ки дар бонк ҷамъ мешавад метавонанд бо қурби бозори сиёҳ фурӯшанд. Аз як тарафи дигар ин поймол кардани ҳуқуқи мизоҷони бонкҳо аст.”

Пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷа як манбаи асосии даромади асъор ба Тоҷикистон ба шумор меояд.

Тибқи омори Бонки марказии Русия дар соли 2018 тавассути бонкҳо ба Тоҷикистон 2 миллиарду 553 миллион доллар маблағ фиристода шудааст. Ин маблағ баробар ба 36 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон мебошад.

Шарҳҳоро бинед (38)

XS
SM
MD
LG