Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Гирифтани Моҳ дар Бадахшон аз дурбини NASA


Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико рӯзи 5 октябр дар гӯшаи "Акси астрономии рӯз"-и сомонааш навори пурра гирифтани Моҳ дар фазои Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2011-ро нашр кардааст.

NASA – Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико, ки дар сомонааш ҳар рӯз тасвир ё ягон видеоии астрономиро нашр мекунад, рӯзи 5 октябр дар остонаи гирифтани Моҳ, ки интизор меравад, рӯзи чоршанбе, 8 октябр рух бидиҳад, рӯзи 5 октябр ҳамчун "Акси астрономии рӯз" навори пурра гирифтани Моҳ дар фазои Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2011-ро нашр кардааст.

Ин видеои Жан-Люк Даво (Jean-Luc Dauvergne) лаҳзаҳои гирифтани Моҳ дар Булункӯл, минтақае дар кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистонро тасвир мекунад.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико, лаҳзаи пурра гирифтани Моҳ, яъне ҳаракати Замин байни Моҳу Офтобро беҳтар аз ҳама метавон дар ҳаиман видео аз Булункӯли Тоҷикистон тамошо кард: “Моҳ ҳеҷ гоҳ пурра нопадид намешавад, чунки аз атмосфераи Замин шуоъҳое ба сӯяш бармегарданд. Дар оғози видео шумо тасвирҳоеро мебинед, ки зоҳиран дар давоми рӯз ва зери нурҳои Офтоб бардошта шудаанд. Вале дар асл ин нимаи шаб аст, ки атроф таҳти шуоъи нурҳои Моҳи пурра чунин рӯшан шудааст.”

Аммо вақте Моҳ гирифта шуда, аз назарҳо иғоиб мегардад, бод ҳам хомӯш мешавад ва акси ситораҳо дар рӯи кӯл намудор мешаванд: “Нуқтаи авҷаш ин аст, ки осмони атрофи Моҳи гирифташуда якбора пур аз ситора мешавад ва чӣ қадар аз ситораву ҷуирмҳои осмонӣ пурбор будани Роҳи Каҳкашонро бармало мекунад.“

Дар соли 2011 Моҳ танҳо баъди қариб ду соат аз зери сояи Замин берун шуд ва дигарбора нурҳои нотакрораш осмонро пур карданд. Аммо бубинем, ки рӯзи чоршанбеи 8 октябр Моҳ инбор чигуна зери сояи Замин хоҳад монд?

XS
SM
MD
LG