Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Эъдоми ихвониҳо Мисру минтақаро ноором мекунад"


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукми додгоҳи Миср дар мавриди эъдоми дастаҷамъии 682 нафар аз аъзои гурӯҳи "Ихвонулмуслимин", нигаронӣ кардааст.

Дабири кулли СММ гуфтааст, ки ин қазияро бо вазири умури хориҷии Миср дар миён хоҳад гузошт. Дафтари матбуоти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 28-уми апрел хабар дод, ки ин масъала қарор аст ҳафтаи ҷорӣ дар мулоқоти Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ ва Набил Фаҳмӣ, вазири умури хориҷии Миср матраҳ шавад.

Додгоҳи Миср рӯзи 28-уми апрел 683 узви гурӯҳи Ихвонулмуслимин, аз ҷумла Муҳаммад Бадеъ, раҳбари ин созмонро ба қатл маҳкум кардааст. Дар ҳамин додгоҳ ҳамчунин аз миёни 529 нафар, ки пештар ба қатл маҳкум шуда буданд, ҳукми 492 нафарро тағйир дода ва онҳоро ба зиндони якумрӣ маҳкум кардааст. Бар асоси ҳукми рӯзи 28-уми апрел ҳамаи он афродро ба қатл ва ё сӯиқасд ба ҷони афсарони пулис дар вилояти Минё дар моҳи августи соли 2013 гунаҳкор донистанд.

Сухангӯи дабири кулли СММ дар баёнияе дар ин маврид гуфтааст, "аҳкоми содирашуда ба таври возеҳ ва рӯшан берун аз меъёрҳои муҳокимаи одилана, ба таври мушаххас ончи ба судури ҳукми эъдом вобаста мешавад, содир шудаанд ва оромии ояндаи Мисрро ба хатар меандозад. Дабири кулли СММ ҳамчунон аз он нигаронӣ кардааст, ки эъдомҳои дастаҷамъӣ дар Миср метавонад ин кишварро нооромтар кунад ва ба кишварҳои дигари минтақи Шимоли Африқо ва Ховари Миёна таъсир расонад.

Рӯзи душанбе додгоҳи дигаре дар Миср низ фаъолияти Ҷунбиши ҷавонони "Шашуми апрел" -- аз гурӯҳҳои аслии раҳбарикунандаи эътирозҳо алайҳи Ҳуснӣ Муборак, президенти пешини Мисрро ғайриқонунӣ эълом кард. Моҳи декабри соли гузашта ҳукумати дастнишондаи артиши Миср, созмони "Ихвонулмуслимин"- созмони террористӣ эълон карда буд.

Вебсайти хабарии "Аҳром" дар Миср аз қавли як дипломати Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, бо судури ҳукми нав, гуфтугӯҳои бисёр ҳассосе миёни Қоҳира ва Иттиҳодияи Аврупо сурат гирифтааст. Ин дипломати Иттиҳодияи Аврупо ба "Аҳром" гуфтааст, ки ҳукмҳои содиршуда нишон медиҳад, ки сиёсатҳои Миср вориди марҳилаи дигар шудаанд.

Созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ ин ҳукми додгоҳи Мисрро шадидан интиқод намуда ва онро хилофи қавонини байналмилалии ҳуқуқи башар донистаанд.
XS
SM
MD
LG