Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Мушарраф дар «меҳмонӣ»-и пулиси Исломобод


Пулис ҳокими собиқи низомии Покистон Парвиз Мушаррафро дар қароргоҳаш дар Исломобод нигоҳ медорад.

Муҳаммад Амҷад, сухагӯи Мушарраф гуфт, як мақоми аршад ҳукми ҳабси хонагии генерали собиқро расонда натавонист ва ин рӯ, ӯ ду рӯзро то замони муҳокимаи парвандааш дар додгоҳи зиддитеррор, дар меҳмонхонаи пулис ба сар хоҳад бурд.

Мушарраф дар паёме дар саҳифааш дар Facebook ҳукми ҳабсашро “амали беасоси Додгоҳи олии Исломобод” ва “сиёсӣ” номид. Ӯ баъди 4 соли ғурбат, дар моҳи март ба Покистон баргашт, то дар интихоботи 11 май ширкат кунад, вале ӯро аз ҳаққи рафтан ба ин корзор маҳрум карданд.

Қозӣ рӯзи панҷшанбе бо лағви васиқаи Мушарраф ба ҳабси ӯ амр дод, вале раҳбари собиқи Покистон бо кӯмаки муҳофизонаш аз толори додгоҳ фирор кард. Додгоҳи Исломобод ба дунболи ин фирор ба айбномаи Мушарраф иттиҳоми терроризмро дар робита ба барканории қозиён дар соли 2007 афзуд.

Мушаррафи 69-сола ба он айбдор мешавад, ки 6 сол пеш, дар кишвар вазъи изтирорӣ ҷорӣ карда, амали Қонуни асосиро боздошт ва бо ҳамин баҳона 62 қозиро барканор кард. Иттиҳомоти дигари алайҳи раҳбари собиқи Покистон марбут ба қатли рақибони сиёсиаш, аз ҷумла Акбар Бугтӣ ва сарвазири собиқ Беназир Бҳуттост, ки дар поёни соли 2007, баъди бозгашт аз ғурбати тӯлонӣ дар як гирдиҳамоии пешазинтихоботӣ кушта шуд.

Парвиз Мушарраф, ки соли 1999, дар як табаддулоти давлатии бехун ба қудрат расид, баъди шикасти ҳизбаш дар интихоботи парлумонии соли 2008 ба таҳдиди импичмент дучор шуда, истеъфо дод ва дар соли 2009 ба Лондон ҳиҷрат кард. Ӯ баъди 4 соли ғурбат, дар моҳи март ба Покистон баргашт, то дар интихоботи 11 май ширкат кунад, вале номзадии ӯро дар ҳамаи 4 ҳавзае, ки пешбарӣ шуда буд, лағв карданд.

Мушарраф дар як паёми видеоӣ ҳукми ҳабс ва силсилаи парвандаҳои додгоҳи алайҳи худро талоши ба тарки арсаи сиёсӣ маҷбур карданаш номид ва гуфт: “Чаро маро аз ширкат дар сиёсати Покистон манъ мекунанд? Барои онки ман ба Покистон дар роҳи рушд ва таҳкими амният кӯмак кардам?Ва ё барои онки ман ба мардуми Покистон пешрафт ва ҳуқуқашонро додам?”

Башир Гуаш, хабарнигори радиои “Машъал”, як бахши Радиои Озодӣ, ки барои паштуҳои Покистон барнома нашр мекунад, мегӯяд, Мушарраф хеле мехост аз ғурбат чун қаҳрамон баргардад, тақрибан ба гунае ки Бҳутто 5 сол пеш баргашт, вале дар амал аз ширкат дар интихобот ҳам маҳрум шуду инак кораш ҳам ба додгоҳ кашидааст.

Башир Гуаш мегӯяд, дар ҳар сурат, ҳизби Парвиз Мушарраф- Лигаи мусалмонони кулли Покистон – бо он 12 номзаде ки дорад, наметавонад барои ҷойгоҳи баланде на дар парлумони оянда ва на дар арсаи сиёсии кишвар дар кулл даъвои зиёд кунад. Ба бовари ин мусоҳиби мо, рақобати асосӣ дар интихоботи саросарии 11 май боз ҳам байни Лигаи мусалмонони сарвазири собиқ Навоз Шариф, ҳизби мардумӣ, ки 5 сол боз ҳукумат меронд, аҳзоби мазҳабиву қавмие, чун Ҷамъияти уламои ислом, ҳизби Авомӣ, ва Таҳрики инсофи ситораи собиқи крикет Имронхон сурат хоҳад гирифт.

Вале Башир Гуаш эҳтимолии пирӯзии қотеъи ҳеҷ кадом аз аҳзоб дар ин раъйгириро хеле баъид медонад ва мегӯяд, онҳо маҷбур хоҳанд шуд барои ташкили як ҳукумати эътилофӣ, бо ҳам иттиҳод биҷӯянд. Иттифоқе, ки бо дарназардошти ихтилофоти мавҷуда байни сарони ин аҳзоб низ амри осоне нахоҳад буд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
XS
SM
MD
LG