Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини шаҳрдори Бишкек аз боздоштгоҳ озод шудааст


Нақш аз бойгонӣ.
Нақш аз бойгонӣ.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистон муовини боздоштшудаи шаҳрдори Бишкек Максадбек Сазиқуловро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод кардааст.

Дар хадамоти матбуотии додгоҳ ба хабарнигори бахши қирғизии Радиои Оздӣ гуфтанд, ки ин қарор бо дархости муфаттишони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон содир шудааст.

Кумита моҳи апрел хабар дода буд, ки Сазиқулов бо гумони ҳимоят аз сохтмони ғайриқонунии иншооти тиҷорӣ боздошт шудааст.

Ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон дар натиҷаи як санҷиш муайян кардаанд, ки иншооти тиҷорӣ ба масоҳати 300 метри мураббаъ бидуни ҳуҷҷатҳои лозимӣ бунёд карда шудааст. "Иншоот бояд тахриб мешуд, вале муовини шаҳрдори Бишкек тахриби онро бо ҳар роҳ ба таъхир андохтааст", - афзудааст манбаъ.

Дар робита ба ин ҳодиса ҳамроҳи С.М.Ш. соҳибкор Т.Б.М. ҳам дастгир шуда буд.

Максадбек Сазикулов бахши сохтмон ва нақлиётро дар пойтахти он кишвар раҳбарӣ мекард. Ӯ моҳи сентябри соли 2021 муовини шаҳрдори Бишкек таъйин шуда буд. Қаблан дар вазорати молия ва дастгоҳи президенти Қирғизистон кор кардааст.

XS
SM
MD
LG