Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар "Ҷоми Мердека" барои ҷойи сеюм бозӣ мекунад


Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки дар  дар бозии ниманиҳоии мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми Мердека» аз мунтахаби Лубнон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд, ҳамакнун барои ҷойи сеюм бо дастаи Филиппин мубориза мебарад.

Бозии ниманиҳоӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Лубнон 4-уми сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпури Малайзия доир шуд. Голи ягонаро Ҷиҳод Аюб , бозигари мунтахаби Лубнон, дар дақиқаи 13-ум ба самар расонд. Лубнониҳо ба финал роҳ ёфтанд.

Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ, ки шоми чоршанбе миёни дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Филиппин барпо гардид, малайзиягиҳо бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, ба финал баромаданд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 8-уми сентябр баргузор мешавад, мунтахаби Лубнон – ғолиби бозии аввали ниманиҳоӣ бо мунтахаби Малайзия - ғолиби бозии дуюми ниманиҳоӣ рақобат мекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бошад, бо тими мағлубшудаи бозии дуюми ниманиҳоӣ - Филиппин барои ҷойи сеюм мубориза мебарад.

Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, гуфтааст, ки “Ҷоми Мердека” як марҳилаи омодагии даста ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 мебошад. Вай афзуд, “барои омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 мо дар Малайзия имкон пайдо кардем, ки баъзе бозигарони бори аввал ба тими миллии кишвар даъватшударо бештар омӯзем. Дар муқоиса бо соли гузашта, ки дар мусобиқа ғолиб шуда будем, ҳоло мо даҳ бозигари нав дорем. Аз тими ҷавонони Тоҷикистон чанд бозигарро даъват кардем, ки дар охири моҳи сентябр дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 ширкат мекунанд. Мусобиқаи “Ҷоми Мердека” барои дастаи мо, махсусан барои ҷавонон, муфид аст”.

Бояд гуфт, ки тими миллии Тоҷикистон барандаи феълии Ҷоми Мердека мебошад. Футболбозони тоҷик соли гузашта дар финали ин мусобиқа бар дастаи мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буданд.

Мусобиқаи байнулмилалӣ барои Ҷоми Мердека-2024

Нимфинал

4-уми сентябр (чоршанбе)

Лубнон – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Ҷиҳод Аюб, 13

Тоҷикистон: Далерҷон Баротов, Зоир Ҷӯрабоев (Раҳматшо Раҳматзода, 46), Меҳрубон Каримов, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Алишер Шукуров (Билол Бобоев, 66), Хусрав Тоиров (Далер Шарипов, 46), Фатҳулло Олимзода (Шарафҷон Солеҳов, 83), Парвизҷон Умарбоев, Ҷовидон Хушвахтов (Далер Шарипов, 46), Шаҳром Самиев.

4-уми сентябр. Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил, 460 тамошобин.

Малайзия – Филиппин – 2:1

8-уми сентябр (якшанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

13:30 - Тоҷикистон – Филиппин

Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил

ФИНАЛ

18:00 - Малайзия - Лубнон

Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

XS
SM
MD
LG