Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модаре, ки 4 кӯдакашро сӯзонд, ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ интиқол ёфт. ВИДЕО


Рухсора Ҳасанова, сокини 36-солаи ноҳияи Муъминобод, баъди ба сару рӯйи фарзандонаш рехтани оби ҷӯш дар бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шудааст. Хонаводааш мегӯянд, ки ӯ дар гузашта бемории рӯҳӣ дошт ва соли 2012 табобат гирифта буд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Модаре, ки 4 кӯдакашро сӯзонд, ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ интиқол ёфт
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:41 0:00

Кӯдаконро гирифта, бо мошини яке аз ҳамдеҳаҳо ба бемористон овардем. Ҳамсарамро бор карда, ба хонаи волидонаш фиристодам.

Падар: "Кӯдакон ваҳшатзада буданд"

Чаҳор фарзанди хурдсоли Рухсора Ҳасанова, ки ба қавли пизишкон аз 15 то 37 дарсад сӯхтаанд, дар бемористон зери назорат ҳастанд. Ин ҳодиса рӯзи 23-юми марти имсол дар деҳаи Мурғаки ноҳияи Муъминобод рух дод.

Ҷалол Назаров, ҳамсари Рухсора Ҳасанова, рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсояҳо ба ӯ хабар доданд, ки ҳамсараш ба сару рӯи кӯдакон оби ҷӯш рехтааст. Ӯ гуфт, вақте ба хона баргашт, кӯдаконро ваҳшатзада ёфт ва ҳамсояҳо аллакай дасти ҳамсарашро баста буданд.

Ҷалол Назаров
Ҷалол Назаров

"Кӯдакон луч буданд ва ҳамсояҳо ба баданашон лой молидаанд. Онҳо сахт меларзиданд. Кӯдаконро гирифта, бо мошини яке аз ҳамдеҳаҳо ба бемористон овардем. Ҳамсарамро бор карда, ба хонаи волидонаш фиристодам", - нақл кард ҳамсуҳбати мо.

"Дар зарфи болои бухорӣ 40 литр об буд"

Ҷалол Назаров мегӯяд, ҳамон субҳ дар болои "печка" ё бухории хонаашон дар зарфҳо тақрибан 40 литр об гузошта буданд. Кӯдакон ба ӯ нақл кардаанд, ки модарашон ҳама оби зарфҳоро ба сару рӯи онҳо пошидааст.

Пизишкони бемористони марказии ноҳияи Муъминобод дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар рӯзи аввал вазъи кӯдакон бисёр нигаронкунанда буд. Маҳмадулло Корчаев, пизишки бемористони ноҳияи Муъминобод, ба Радиои Озодӣ гуфт, "рӯзи аввал дар ҳолати садамавӣ буданд. Ҳоло аз он вазъ берун омада, давраи дувуми сӯхтагиро паси сар мекунанд. Вақт нишон медиҳад, ки натиҷааш чӣ хоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Маҳмадулло Корчаев
Маҳмадулло Корчаев

Худи кӯдакон дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса замоне рух дод, ки оромона дар кунҷи хона бозӣ доштанд. Онҳо мегӯянд, модар бар иловаи онки оби ҷӯшро ба бадани онҳо рехт, инчунин, қасд дошт, бо болға бизанад. Аммо баъди доду вой ҳамсояҳо расида омадаанд.

"Зӯри занҳо ба модарам нарасид"

Идигул Ҷалоловаи 9-сола дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модараш бе ягону ҳарфу ҳиҷо оби ҷӯшро ба сару рӯи онҳо рехт. "Дар ҳамон ҳолат бародарам Азамат зуд давида ба берун баромад ва ҳамсояҳоро даъват кард. Мо ҳам ба берун баромадем. Вақте занҳои ҳамсоя омаданд, зӯрашон ба модарам нарасид. Баъдан мардҳо омада, ӯро доштанд", - нақл кард Идигул.

Ҳоло Рухсора Ҳасанова дар бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Кӯлоб табобат мегирад. Маъмурони милиса гуфтанд, ки дар ин замина парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.

Дар моҳи марти имсол ин ҳодисаи ягонаи қасд ба ҷони наздикон дар минтақаи Кӯлоб набуд. Рӯзи 19-уми март Сорбон Салимов, сокини деҳаи Тудабоёни ноҳияи Ҳамадонӣ, духтараш Момагули сесоларо бо зарби бел кушт.

Ӯ ҳамон рӯз духтари дигараш Раҷабгул ва ҳамсараш Боғигулро низ сахт маҷрӯҳ кард. Дар баробари ин Сорбон ба ду зани ҳамсоя ҳамла кард, ки яке дар бемористон ҷон дод.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG