Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳид: Дар таркиши Бохтар ду мошин ба коми оташ рафт. 10 АКС


Сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши гази моеъ дар ҳудуди ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таркиши сахтеро ба дунбол доштааст. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса соати 14-и рӯзи шанбе рух дод ва "ба касе осебу зарар нарасонд". Вале шоҳидони ҳодиса дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, сӯхтор ду мошинро ба комаш фурӯ бурд.

Мақомот ба моликони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дастур додаанд, ки деворҳои зиддисӯхторӣ сохта ва аз эҳтиёт кор бигиранд.

Адолат, яке аз шоҳидони ҳодиса гуфт, "таркиш ба ҳадде хатарбор буд, ки ҳудуди як соат ҳаракати мошинҳоро дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Сарбанд боздоштанд. Воқеан, зараре ба хонаи мардум ё атрофиён нашудааст, аммо агар оташнишонҳо каме дер меомаданд, эҳтимоли таркиши сахттар буд, ки он вақт хисороташ ҳам зиёд мешуд." Дар идораи оташнишонии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ сӯхтани ду мошин дар ҳодисаи Бохтарро тасдиқ карда, вале сарусадо дар бораи ҳалокати ду ронандаро рад намуданд. Онҳо гуфтанд, хисорот то рӯзи душанбе ҳисоб ва эълон мешавад.

Навори таркиши моҳи июл:

Наворҳои нав аз таркиши Бохтар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар нуқтаи фурӯши гази моеъ дар ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, дар ҳудуди шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Сарбандро "вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ" ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз нақлиёти боркашони тамғаи “Дулан” ба зарфҳо номид. "Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидан муайян карда шуд, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ дар автомашинаи газкашони тамғаи “Дулан”, рақами қайди давлатиаш 9714 АО РТ, ки ба шаҳрванд Халилов Ҷавҳар Абдулҳалимович, соли таваллудаш 1990, тааллуқ дорад, сӯхтор сар задааст", - гуфтанд дар вазорат.

Акс аз сӯхтори моҳи июл дар Бохтар
Акс аз сӯхтори моҳи июл дар Бохтар

​Дар соли ҷорӣ ин ҳодисаи дувуми сӯхтору таркиш дар нуқтаи фурӯши гази моеъ дар ҳудуди ноҳияи Бохтар аст. Моҳи июли имсол сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҳудуди Бохтар таркиши сахтеро дар пай дошт.

Дар натиҷаи ин ҳодиса Алихон Малахови 35-сола, сокини ҷамоати Бохтурободи шаҳри Сарбанд, ба ҳалокат расида, ба иттилои додситонии вилояти Хатлон 21 тани дигар ва асосан сокинони атрофи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ осеб диданд. Файзиддин Тӯраев, яке аз сокинони атрофи нуқтаи сӯзишворӣ дар Бохтар гуфта буд, ки дар пайи таркиш баъзе аз қисматҳои бадани ҳамсар ва ду фарзандаш сӯхта ва дар хона табобат гирифтанд.

Гулрухсор, ҳамсари Файзиддин Тӯраев, ҳам гуфта буд, “вақте хостем, ки бигурезем, оташ парида сару танамонро сӯзонд. Гӯшу пойи худам сӯхт. Пойи духтарам низ сӯхт. Пушти писарам аз оташ осеб дид. Ба беморхона рафтем, вале ҳама доруҳоро аз пули худамон харидем. Дару тирезаамон низ шикаста, дарахтҳоямон хушк шудаанд".

Дар Тоҷикистон таркиш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ зиёд дида нашудааст, вале ҳодисаи моҳи июл яке аз таркишҳои маргбортарин аст, ки дар чанд соли ахир рух дод. Аз ин қабл, дар моҳи ноябри соли 2014, дар як нуқтаи бензинфурӯшӣ дар ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ таркиш рух дода буд, ки бар асари он 4 нафар ҷон бохтанд. Зимнан, танҳо дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа беш аз 20 нуқтаи фурӯши газ наздик ба хонаҳои мардум бунёд шудааст. Масъулон ба моликони онҳо дастур додаанд, ки деворҳои зиддисӯхторӣ бисозанд ва аз эҳтиёт кор гиранд.

Шарҳҳоро бинед (3)

XS
SM
MD
LG