Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати ҳабси Райимбек Матраимов дароз карда шуд


Kyrgyzstan - Raimbek Matraimov under arrest - screen grab - Kyrgyz State Committee For National Security
Kyrgyzstan - Raimbek Matraimov under arrest - screen grab - Kyrgyz State Committee For National Security

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек муҳлати ҳабси муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимовро дубора дароз кардааст.

Матраимов бо дархости муфаттишони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон то 26 июни имсол дар ҳабс мемонад.

Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон дар доираи парвандаҳои "Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан" ва "Қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ" гумонбар мешавад.

Се бародари Матраимов - Руслан, Тилек ва Исломбек ҳам ба ҳабс гирифта шудаанд.

Райимбек Матраимов дар солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқоти рӯзноманигории вобаста ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

Матраимовро дар моҳи октябри соли 2020 ба фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор карданд. Вай дар додгоҳ айбро эътироф кард ва бо пардохти 260 ҳазор сом ҷарима озод шуд.

XS
SM
MD
LG