Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллимаи тоҷик барои сарзаниши сахти шогирдаш танбеҳ гирифт

Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Идораи маорифи ноҳияи Ёвон як омӯзгореро, ки сарзаниш ва рафтораш бо як шогирди хурдсоли мактаб баҳси доғеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт, танбеҳ додааст.

Шӯъбаи маорифи ноҳия рӯзи 15-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ дар Фейсбук гуфт, ки муаллимаи мактаби рақами 72 “ба шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон даъват гардида, аз ӯ нисбат ба тарзи муносибат ва амали содирнамудааш тавзеҳот гирифта шуда, оид ба зарурати риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, меъёрҳои одоби касбӣ ва муносибати эҳтиромона бо хонандагон огоҳонида шуд.”

Ҳамзамон ба ин омӯзгор барои истифодаи телефони мобил дар вақти дарс танбеҳ додаанд. Пештар аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои сарзаниши духтараки 10с-сола ва хонандаи синфи 3 дар мактаби мазкур нашр шуд, ки дар он муаллима бо садои баланд аз кӯдак батакрор мепурсад, ки дафтараш куҷост ва духтар фақат бо тарс ва чашмони маҳзун ба муаллима менигарад ва сукут мекунад.

Нашри видео ба ҳадде вокуниши сахт ва хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт ва то ҳадде, ки вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри баёнияи кӯтоҳе гуфт, ки видеоро таҳқиқ карда ва ба ин натиҷа расидааст, ки волидайни кӯдак нисбат ба тарбияву таълими ӯ беэътиноӣ кардаанд.

Вазорат гуфт, муаллима ҳангоми дарси забони русӣ барои “бе лавозимоти хониш ба дарс ҳозир шудани донишомӯз ӯро ба навор гирифта, “барои бартараф кардани камбудиҳо” ба модари ӯ фиристодааст. Вале ба гуфтаи вазорат, модар, ки дар Русия қарор дорад, “ба ҷойи рафъи камбудӣ, видеоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.”

Шӯъбаи маорифи ноҳияи Ёвон гуфтааст: “Тибқи шарҳи омӯзгор, ҳадафи ӯ пешгирӣ намудани беэътиноӣ ба раванди таълим ва водор намудани хонанда ба масъулияти бештар дар иҷрои талаботи таълимӣ, аз ҷумла, доштани дафтару лавозимоти зарурӣ будааст.” Бо вуҷуди ин ба гуфтаи шӯъбаи маорифи ноҳияи Ёвон чунин усули таъсиргузорӣ ба шогирд “қобили қабул набуда, аз ҷониби омӯзгор ғайрикасбӣ арзёбӣ мегардад.”

Зимни баҳс дар бораи рафтори муаллима, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам низоми маориф ва сатҳи пасти сифати таълим дар Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки аз ночорӣ омӯзгорони бетаҷрибаро ба кор мегирад. Аз тарафи дигар, гурӯҳе волидайнро дар Тоҷикистон танқид кардаанд, ки нисбат ба таҳсили фарзандони худ бепарвоӣ ва ба хондани онҳо беэътиноӣ мекунанд.

Баҳси мазкур, мавзӯи дигари муҳимеро ҳам матраҳ кардааст ва он ҳам сарнавишти ҳазорон кӯдаки тоҷикро, ки волидайнашон барои таъмини зиндагии онҳо ҷигарбандони худро дар хона дар назди бобову бибӣ ва ё ешовандонашон гузошта ба муҳоҷирати корӣ Русия рафтаанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG