Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи парвандаи қатли Мадинаи 6-сола аз забони додрас


Маҳалли қатли Мадина. Акс аз 1 июл
Маҳалли қатли Мадина. Акс аз 1 июл

Додгоҳи шаҳри Душанбе Зиёдагул Шариповаро бо ҷурми қатли ваҳшиёнаи духтари 6-солааш Мадина ба 19 соли зиндон маҳкум кард. Ин қазия дар ҷомиаи Тоҷикистон сару садои зиёде ба по карда буд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе билохира ба қазияи қатли ваҳшиёнаи як духтари 6-сола аз сӯи модараш, ки дар тобистони соли равон дар маҳаллаи Автовокзали пойтахт рух дода, сару садои зиёде ба по карда буд, нуқтаи таммат гузошт ва модари муҷрим дар қатли фарзандро барои 19 сол маҳкум ба зиндон кард.

Зиёдагул Шариповаи 29-сола , ки ба қатли ваҳшиёнаи духтарчаи 6-солааш Мадина дар маҳаллаи "Автовокзал"-и пойтахт гунаҳкор дониста мешуд, бо ҳукми додгоҳ аз 7 ноябр 19 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Додраси парванда Абдумонеъ Абдулғанизода рӯзи 10 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Зиёдагул Шариповаро бар асоси моддаи 104, қисми 2, бандҳои «б», «е»-и Кодекси Ҷиноии ҶТ (куштор) айбдор донист.

Абдулғанизода гуфт, ташхис нишон дод, ки ин зан ягон бемории рӯҳӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, дар рафти мурофиа маълум шуд, ки ӯ ба хотири халос кардани худ аз таънаву маломати мардум даст ба қатли фразандаш задааст: "Вақте аз шавҳараш ҷудо мешавад, бо чанд мард алоқа доштааст. Дар натиҷа ҳомила мешавад. Модари Зиёдагул ӯро зиёд таъна мекунад барои таваллуди фарзанди "ҳаромӣ". Ва ӯ таҳти таъсири ҳамин гапҳо кӯдакашро мекушад. Зиёдагул Шарипова дар давоми мурофиа инро тасдиқ кард."

Гуфта мешавад, дар рафтаи мурофиа "муайян карда шуд, ки Зиёдагул Шарипова Зиёдагул Юсуфовна, соли таваллудаш 1985, зодаи ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Шарора, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, фарзанди ноболиғи худ Мадинаи шашсоларо аз Хонаи кӯдакони №2 бо навиштани дастхат тахминан соатҳои 10 бо худ бурда, бо истифода аз корд ӯро ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст. Сипас номбурда ҷасадро дар назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина гузошта, худ аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст."

Ҷасади бесари Мадинаро нисфирӯзи 30-юми июн дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федин пайдо карданд. Баъди ҳамагӣ 20 дақиқа кормандони шӯъбаи дуюми корҳои дохила (ШКД-2)-и ноҳияи Синои Душанбе ҳамчун гумонбар модари марҳум Зиёдагул Шариповаро дастгир карданд. Ин зан ҳангоми додани баёнот дар ҷои ҳодиса ба маъмурони интизомӣ иқрор карда буд, ки барои халос шудан аз таънаи мардум даст ба қатли фарзандаш задааст.

Зиёдагули 29-сола, зодаи шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор, ки муваққатан дар шаҳри Душанбе ба сар мебурд, рӯзи 30-юми июн тахминан соатҳои 10 ба 11 фарзанди ноболиғи худ Мадинаи шашсоларо аз Хонаи кӯдакони №2 гирифта, баъди каме сайргашт ӯро ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонд.

ВИДЕОИ ОЗОДӢ АЗ МАҲАЛЛИ ҚАТЛИ МАДИНА (аз 1 июл):

Як зан дар Душанбе духтарчаи 6-солаашро ваҳшиёна куштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00

Мукаррам Мирзоева, корманди Хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе, ки муддати як моҳ Мадинаро дар баробари дигар кӯдакони ин муассиса нигаҳбонӣ мекард, рӯзи 1 июл баъди шунидани хабари қатли ӯ бо чашмони пуроб ба Озодӣ гуфта буд, соати 10-и рӯзи 30-юми июн модари Мадина ба назди ӯ омада гуфтааст, мехоҳад духтарашро бо худ бубарад. Хонум Мукаррам он лаҳзаро чунин ба ёд овард: «Ман ба ӯ гуфтам аз маъмурият нахуст иҷозат бигирад. Вай рафта ариза навишт, ки кӯдакро солим аз хонаи кӯдакон қабул кардааст ва ӯро барои ҳамеша бо худ мебарад. Ин аризаро ба ман нишон дод ва ман ҳам кӯдакро ба ӯ додам. Ин зан пайваста аз ҳоли духтараш хабар мегирифт, одами хуб менамуд ва ман ҳеҷ дар тасаввурам намеғунҷид, ки ӯ даст ба чунин амал мезанад. Худи Мадина ҳам беҳад хушҳол буд, ки модараш ӯро бо худ мебарад. Аммо вақте нисфирӯзӣ дар хона будам, аз кӯдакистон ба ман занг заданд ва гуфтанд, ки чунин ҳодиса шудааст, ман дарҳол ба ҷойи кор рафтам ва то ҳанӯз ба худ нестам.»

Мадина аз 3-солагӣ дар Хонаи кӯдакон тарбият мегирифт ва имсол мебоист ба мактаб мерафт. Мукаррам Мирзоева аз Мадина чун кӯдаки шӯху солим ёд мекунад, ки бо чаққонияш аз дигар тарбиятгирандагон фарқ мекард. Ба гуфтаи масъулони Хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе, модари Мадина зарфшӯ будааст ва зимни бозпас гирифтани духтараш аз ин муассиса гуфтааст, ҳоло зиндагии осуда дорад, ба шавҳар мебарояд ва аз ин хотир мехоҳад фарзандашро ба тарбияи худ бигирад.

Аммо Бахтиёр Хоркашев, муовини сардори шӯъбаи тафтишоти ШКД-2-и ноҳияи Синои пойтахт баъди боздоштъи Зиёдагузл Шарипова ба Озодӣ гуфта буд, ки ин зан огоҳона ба ин амал даст задааст. Ба гуфтаи ӯ, ин зан баъд аз он, ки духтарашро аз хонаи кӯдакон мегирад, ба маҳаллаи Гипрозем меравад ва аз он ҷо барои куштор корди маишӣ мехарад. Баъдан ӯ ба назди роҳрави бинои рақами 11-и кӯчаи Федина бармегардад ва дар ин ҷо бераҳмона сари духтарашро аз тан ҷудо мекунад. Бахтиёр Хоркашев гуфт, «ин зан ҳар боре ки барои аёдати духтараш ба кӯдакистон мерафтааст, аз ҳамин роҳ мегузаштааст, ки ҷойи хилвату камодам аст. Ӯ маҳз ба хотири куштор духтарашро аз кӯдакистон гирифтааст, зеро мегӯяд, хешу табор доим ӯро таъна мекардаанд, ки фарзанди «ҳаромӣ» ба дунё овардааст. Ба гуфтаи ин зан, бо ин роҳ вай духтарашро аз гапи мардум халос кардааст. Зеро аз суханони ин зан маълум шуд, ки «вақте вай калон мешуд ҳатман аз ман мепурсид ки падараш кӣ ҳаст?»

Ба гуфтаи муфаттиш, Зиёдагул вақте дар бораи тафсилоти куштор сӯҳбат мекард, ором ба назар мерасид: "Аз рӯи нақли вай, вақте духтарашро ба қатл мерасонад ба хонаи кӯдакон бармегардад, ва ба посбонаш мегӯяд, ки ман духтарамро куштаам, ту ӯро гӯр кун ва ман пулатро медиҳам. Баъд аз ин ба масҷид меравад ва дар он ҷо мегӯяд, ки касе духтарамро куштааст, ӯро хок кунед. Ӯро ҳамонв ақт дастгир карданд."

Аз рӯи баёноти Зиёдагул Шарипова, ӯ ду бор издивоҷ кардаву ахиран танҳо зиндагӣ мекард ва дар маҳаллаи «Маяковский» иҷоранишин буд.

XS
SM
MD
LG