Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои халосӣ аз таънаи мардум... Қатли ваҳшиёнаи Мадинаи 6-сола (ВИДЕО)


Қатли ваҳшиёнаи духтарчаи 6-сола аз дасти модараш дар маҳаллаи "Автовокзал"-и пойтахт дар ҷомиа сарусадои зиёде ба вуҷуд овард. Ин зан ба мақомот гуфтааст, барои халос шудан аз таънаи мардум даст ба қатли фарзанди худ задааст.

Қатли ваҳшиёнаи Мадинаи 6-сола аз сӯи модараш сокинони атрофи маҳаллаи «Автовокзал» -ро ба даҳшат оварда,онҳо то ҳанӯз аз ин ҳодисаи гӯшношунид ба худ наомадаанд. Онҳо мегӯянд, ин ҳодисаи нангин нисфирӯзии рӯзи душанбеи 30 июн замоне рух додааст, ки аксарияти мардум аз шиддати гармо дар манзилҳои худ паноҳ бурда буданд.

Меҳрӣ, яке аз истиқоматкунандагони ин маҳалла гиребони тавба мегирад ва дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин куштор, мардуми тамоми гирду атрофро ба ларза овардааст. Вай гуфт, «чун мардум рӯза доранд, дар ин вақт ҳама дар хона буданд. Ба ман духтарам занг зад ва гуфт, ки дар назди бинои мо духтареро сар буридаанд. Ман 25 сол дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекунам, аммо барои аваллин бор бо чунин ваҳшоният рӯ ба рӯ мешавам. То ҳанӯз ҷойи ҳодиса пур аз хуни он духтарча аст. Дирӯз то бегоҳ маҳалла пур аз милиса буд. Аз модари он духтар баёнот гирифтанд. Вай баъди куштор кордро ба яке аз боғҳои ҳамсоя мапартояд саги бӯйгирро оварданд, кордро пайдо карданд. Дар хаёли ман то ҳанӯз ҳеҷ намеғунҷад, ки чи гуна модари тоҷик даст ба чунин амал задааст.»

Ҷасади аз сар ҷудошудаи Мадинаро, ки тарбиятгирандаи хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе будааст, нисфирӯзи 30-юми июн, дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина пайдо карданд. Ҳамагӣ баъд аз 20-дақиқаи содир шудани ҷиноят аз ҷониби кормандони ШВКД-2-и ноҳияи Сино ҳамчун гумонбар модари марҳум, Зиёдагул Шариповаи 29-сола боздошт шуд. Ин зан ҳангоми додани баёнот дар ҷои ҳодиса ба маъмурони интизомӣ иқрор кардааст, ки барои халос шудан аз таънаи мардум, даст ба чунин коре задааст.

Зиёдагули 29-сола, зодаи ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Шарора, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, рӯзи 30-юми июн тахминан соатҳои 10 ба 11 фарзанди ноболиғи худ Мадинаи шашсоларо аз Хонаи кӯдакони №2 гирифта, баъдан ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст.

Мукаррам Мирзоева, корманди Хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе, ки муддати як моҳ Мадинаро дар баробари дигар кӯдакони ин муассиса нигаҳбонӣ мекард, бо чашмони пуроб мегӯяд, соати 10-и рӯзи 30-юми июн модари Мадина ба назди ӯ омада гуфтааст, мехоҳад духтарашро бо худ бубарад. Хонум Мукаррам он лаҳзаро чунин ба ёд овард: «Ман ба ӯ гуфтам аз маъмурият нахуст иҷозат бигирад. Вай рафта ариза навишт, ки кӯдакро солим аз хонаи кӯдакон қабул кардааст ва ӯро барои ҳамеша бо худ мебарад. Ин аризаро ба ман нишон дод ва ман ҳам кӯдакро ба ӯ додам. Ин зан пайваста аз ҳоли духтараш хабар мегирифт, одами хуб менамуд ва ман ҳеҷ дар тасаввурам намеғунҷид, ки ӯ даст ба чунин амал мезанад. Худи Мадина ҳам беҳад хушҳол буд, ки модарш ӯро бо худ мебарад. Аммо вақте нисфирӯзӣ дар хона будам, аз кӯдакистон ба ман занг заданд ва гуфтанд, ки чунин ҳодиса шудааст, ман дарҳол ба ҷойи кор рафтам ва то ҳанӯз ба худ нестам.»

Мукаррам Мирзоева мегӯяд, Мадина аз 3 солагӣ дар Хонаи кӯдакон тарбият мегирифт ва имсол мебоист ба мактаб мерафт. Ӯ аз Мадина чун кӯдаки шӯху солим ёд мекунад, ки бо чаққонияш аз дигар тарбиятгирандагон фарқ мекард. Ба гуфтаи масъулони Хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе, модари Мадина зарфшӯ будааст ва зимни бозпас гирифтани духтараш аз ин муассиса гуфтааст, ҳоло зиндагии осуда дорад, ба шавҳар мебарояд ва аз ин хотир мехоҳад фарзандашро ба тарбияи худ бигирад.

Як зан дар Душанбе духтарчаи 6-солаашро ваҳшиёна куштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00

Аммо Бахтиёр Хоркашев, муовини сардори шӯъбаи тафтишоти ШВКД-2-и ноҳияи Синои пойтахт мегӯяд, Зиёдагул Шарипова огоҳона ба ин амал даст задааст. Ба гуфтаи ӯ, ин зан баъд аз он, ки духтарашро аз хонаи кӯдакон мегирад, ба маҳаллаи Гипрозем меравад ва аз он ҷо барои куштор корди маишӣ мехарад. Баъдан ӯ ба назди роҳрави бинои рақами 11-и кӯчаи Федина бармегардад ва дар ин ҷо бераҳмона сари духтарашро аз тан ҷудо мекунад.

Бахтиёр Хоркашев гуфт, «ин зан ҳар боре ки барои аёдати духтараш ба кӯдакистон мерафтааст, аз ҳамин роҳ мегузаштааст, ки ҷойи хилвату камодам аст. Ӯ маҳз ба хотири куштор духтарашро аз кӯдакистон гирифтааст, зеро мегӯяд, хешу табор доим ӯро таъна мекардаанд, ки фарзанди «ҳаромӣ» ба дунё овардааст. Ба гуфтаи ин зан, бо ин роҳ вай духтарашро аз гапи мардум халос кардааст. Зеро аз суханони ин зан маълум шуд, ки «вақте вай калон мешуд ҳатман аз ман мепурсид ки падараш кӣ ҳаст?» Ҳангоме, ки ӯ дар бораи тафсилоти куштор сӯҳбат мекард, ором ба назар мерасид. Аз рӯи нақли вай, вақте духтарашро ба қатл мерасонад ба хонаи кӯдакон бармегардад, ва ба пасобони он ҷо мегӯяд, ки ман духтарамро куштаам, ту ӯро гӯр кун ва ман пулатро медиҳам. Баъд аз ин ба масҷид меравад ва дар он ҷо мегӯяд, ки касе духтарамро куштааст, ӯро хок кунед. Аммо вақте дар он ҷо куратаи ӯро хунолуд мебинанд ба гапҳояш шак мекунанд.Ва ба ин ҳангом зан аз сӯи кормандони милиса дастгир мешавад.»

Бахтиёр Хоркашев мегӯяд, аз рӯи баёноти Зиёдагул Шарипова, ӯ ду бор издивоҷ кардаву ҳоло танҳо зиндагӣ мекунад ва дар маҳаллаи «Маяковский» иҷоранишин аст. Ин масъул гуфт, ҳарчанд худи Зиёдагул чандон аз ақл бегона ба назар намерасид, аммо маълум шудааст, ки модари вай мушкили равонӣ доштааст.

Заррина Кенҷаева, равоншинос.
Заррина Кенҷаева, равоншинос.

Равоншинос Заррина Кенҷаева бар ин аст, ки ба эҳтимоли бештар ба ҳангоми содир кардани чунин амал ин зан дар ҳолати афсурдагӣ ва шиддати рӯҳӣ қарор доштааст. Ӯ мегӯяд, «зоҳиран ин зан аз чанд ҷониб зарбаи сахти эмотсионалӣ гирифтааст. Якум бахташ вайрон шудааст, дуюм вазъи иҷтимоии хуб надорад, бар замми ин таънаву маломат шунидааст, ки ҳамаи ин дар якоҷягӣ метавонад касро ба ҳолати аффектӣ расонад. Зеро бубинед мардуми тоҷик дар нисбати таънаву надомат хеле ҳассос аст, ҳатто дини мубини Ислом изои мӯъминро ҳаром медонад. Аммо дар ҷомеаи мо баръакас кӯшиш мекунад ба як нафари дигар ба ҳамин васила зарбаи эмосионалӣ бизананд.»

Дар ҳамин ҳол, таҳқиқи куштори Мадинаи 6-сола аз сӯи додситонии ноҳияи Сино-и шаҳри Душанбе ҷараён дорад ва тибқи қонун ба Зиёдагул Шарипова аз 15 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG