Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

TikTok аз ҳукумати ИМА ба додгоҳ шикоят бурдааст


Ширкати чинии ByteDance Ltd, ки молики шабакаи Тик-Ток аст, аз болои қарори ҳукумати ИМА ба Додгоҳи ҳавзаи Колумбия шикоят бурдааст.

Қаблан ҳукумати Амрико гуфта буд, агар давоми нуҳ моҳи оянда ин Тик Токро мебандад, агар молики шабака тиҷорати худро дар Амрико ба каси дигар нафурӯшад.

Ҳоло молики ин шабака аз додгоҳ мехоҳад, тарҳи қонун дар бораи муҳофизати амрикоиҳоро аз таъсири манфии барномаи хориҷӣ ғайриконститутсионӣ эътироф кунад.

Ҷонибдорони маҳдудсозии TikTok мегӯянд, ин шабака ба амнияти миллии ИМА хатар дорад.

Ба бовари онҳо, ҳукумати Чин метавонад, аз ширкати ByteDance, ки молики ТикТок аст, маълумоти шахсии корбарон аз Амрикоро талаб кунад.

XS
SM
MD
LG