Муаттара Ҷӯраева, диктори собиқи телевизиони Тоҷикистон, ки рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ ба иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт шуда буд, ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Оҷонсии зидди фасоди молӣ бо пахши иттилоияи расмӣ гуфт, алайҳи Ҷӯраева бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда, тафтишашро идома медиҳад.
Ин ниҳоди зидди коррупсия мегӯяд, Муаттара Ҷӯраева дар чанд ҳолат аз афроди мухталиф барои таъмири гӯиё тарабхонааш бо номи “Санавбар” маблағ гирифта, аммо то ҳол барнагардондааст.
Бар асоси иттилоияи Оҷонсӣ, ки 17 октябр нашр шудааст, “Муаттара Ҷӯраева аз моҳи майи соли 2013 бо баҳонаи таъмири тарабхонаи ба иҷора гирифтаи худ аз боварии шаҳрванд Муллоев Н.А. суистифода намуда, манзили истиқоматии ӯро, ки дар кӯчаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе воқеъ аст, ба шаҳрванд Фаттоев Р. ба гарав гузоштаву 24 ҳазору 300 доллар пул гирифтааст. Баъдан ин пулро дар таъмири тарабхона ва дигар манфиатҳои шахсии худ хароҷот намуда, то ҳол қарзи гирифтааш ва ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматии Муллоев Н.А.-ро барнагардонда, ба ӯ зарари махсусан калони молиявӣ расондааст.”
Масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ мегӯянд, барои иттиҳомоте, ки алайҳи диктори собиқи телевизиони Тоҷикистон эълон кардаанд, далелҳои зиёде доранд. Ба қавли онҳо, Муаттара Ҷӯраева моҳи январи соли 2013 аз шаҳрванд Юсупов Ш.А. низ бо баҳонаи пардохти қарзҳояш 5 000 доллар мегирад ва онро то ҳол барнагардондааст. “Барои амалӣ намудани нияти ҷинояткоронаи худ Ҷӯраева охиринро бовар кунондааст, ки дар шабакаи телевизионии “Пойтахт” барномаеро роҳандозӣ намуда истода, баъдан аз ҳисоби маблағҳои тавассути он барнома ба дастовардааш қарзи гирифтаашро медиҳад. Вале... аз баргардонидани маблағи мазкур қасдан саркашӣ намуда истодааст. Ӯ боз такроран моҳи марти соли 2014 бо мақсади қаллобӣ аз боварии шаҳрванд Қамбаров Р.А. суистифода карда, барои анҷом додани корҳои таъмиру сохтмон дар тарабхонаи “Санавбар”, воқеъ дар кӯчаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе, ки тариқи иҷора аз ҶДММ “Сомон Таҷҳизот” қабул карда буд, маслиҳат намуд. Минбаъд аз тарафи Қамбаров Р.А. ва дигар шарикаш дар тарабхонаи мазкур аз 15 март то 15 майи соли 2014 бо супориши Ҷӯраева М.Р. корҳои таъмиру сохтмонӣ ба маблағи 2 ҳазору 250 доллар анҷом дода шудаанд. Пас аз анҷоми таъмир Ҷӯраева М.Р. ба Қамбаров Р.А. ва шариконаш 500 доллар дода, боқимонда маблағи 1 ҳазору 750 доллар ва бо назардошти корҳои иловагии анҷомдодаашон ҷамъ маблағи 3000 доллар ваъда карда, ки баъдан медиҳад. Вале то ҳол боқимонда маблағи ҳаққи кори охирин аз тарафи ӯ пардохт нашудааст, ки дар натиҷа ба охирин ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонда шудааст”,-омадааст дар иттилоия.
Муаттара Ҷӯраева, инчунин, барои гирифтани қолинҳо аз яке дӯконҳои бозори “Султони Кабир” ба маблағи 3 ҳазору 370 доллар муттаҳам мешавад. Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, ба ҷуз ин, “дар рафти тафтиши пешакӣ аз ҷониби се шаҳрванд оид ба ҳаракатҳои қаллобии Ҷӯраева М.Р. бо ариза ба Раёсати Агентӣ дар Душанбе муроҷиат намуданд, ки аризаҳои онҳо мавриди тафтиш қарор дорад.”
Модари Муаттара: Ӯ касеро фиреб надодааст
Аммо Олиябону Ҷӯраева, модари Муаттара Ҷӯраева дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ ин иттиҳомотро беасос донист. Ӯ рӯзи 16 октябр дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, духтараш на аз роҳи қаллобӣ, балки тариқи шартнома аз баъзе афрод барои бунёди тарабхонае бо номи “Санавбар” пул гирифта, қарор буд, баъди ба фаъолият оғоз кардани он қарзашро баргардонад.
Дар ҳоле ки манобеи “Озодӣ” мегӯянд, Муаттара Ҷӯраева дар маҷмӯъ ба тасарруфи қариб 300 ҳазор доллари мардум муттаҳам мешавад, модари ӯ мегӯяд, як қисми аслии ин қарзҳо ба шарики духтараш марбут будааст. Вале Олиябону Ҷӯраева аз шарики кори Муаттара Ҷӯраева ном набурд ва афроди ҷабрдида ҳам аз ифшои исми нафари дувум дар ин қазия худдорӣ мекунанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ барои дарёфти одамони наздик ба Муаттара Ҷӯраева ва шарики кори ӯ ба тарабхонаи “Санавбар” дар наздикии Автовокзали Душанбе ҳам рафт. Маълум шуд, Оҷонсии зидди фасоди молӣ ба дари ин тарабхона мӯҳр задааст ва касе ҳам дар он ҷо фаъолият надорад. Оҷонсии зидди фасоди молӣ мегӯяд, дар робита ба қазияи Муаттара Ҷӯраева муфаттиши Шуъбаи Вазорати умури дохилӣ - 2 дар ноҳияи Синои пойтахт -- Мустафоқул Каримовро боздошт кардааст.
Бахтиёр Юсупов, як масъули Оҷонсии зидди фасод гуфт, ин корманди пулис аз ҷабрдидаҳо барои кушодани парванда алайҳи Муаттара пул хоста, гӯиё аз якеи онҳо 1000 доллар ҳам дарёфт кардааст. Ин масъули Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, Муаттара Ҷӯраева ягон коршарик надоштааст: "Бо роҳи фиреб аз чанд кас пул мегираду як тарабхонае, ки иҷора гирифтааст онро таъмир мекунад. Ҷабрдидаҳо чанд нафаранд ва ҳоло боз аризаҳои иловагӣ ворид шудааст, ки онҳоро низ фиреб дода, пулашонро барнагардондааст.”
Муаттара Ҷӯраева рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ аз сӯи кормандони Оҷонсии зидди фасоди молӣ боздошт ва бар асоси қисми чоруми моддаи 247-уми Кодекси ҷиноӣ алайҳи ӯ парванда боз шудааст. Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, дар мавриди амалҳои қаллобии Муаттара Ҷӯраева муфаттишони Оҷонсӣ далелҳои шайъии аудиоӣ ва видеоӣ ба даст овардаанд.
Хонум Ҷӯраева, ки солҳои зиёд дар телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ ё диктор кор кардааст, соли 2005 яке аз муддаиёни курсии вакилӣ дар Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Ашт буд, аммо дар даври дувум шикаст хӯрд. Ӯ иддао дошт, дар даври аввал бар рақибаш -- Нодирҷон Солиҷонов, раҳбари вақти Китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд ғолиб омада, аммо дар пайи тақаллуб корро ба даври дувум кашидаву дар ниҳоят ба фоидаи Солиҷонов анҷом доданд. Баъд аз нокомияш барои дарёфти курсии вакилӣ Муаттара Ҷӯраева аз саҳнаи телевизион ҳам канор рафт ва чанд муддат ба чопи маҷаллаи муҷаллои “Ҷаҳоннамо” машғул буд.
Муаттара Ҷӯраева 4 июни соли 1975 дар хонаводаи забоншиноси тоҷик -- Рустам Ҷӯраев - таваллуд шуда, мактаби миёнаи рақами 60-и шаҳри Душанбе ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва дар соли 2003 иловатан факултаи молия ва қарзи ҳамин донишгоҳро хатм кардааст. Ӯ соли 2000, вақте ҳамагӣ 25 сол дошт, мудири шӯъбаи наттоқони телевизиони давлатии Тоҷикистон таъин шуд. Тайи 12 сол дар шабакаи аввали телевизиони давлатӣ наттоқи барномаи "Ахбор" ба забонҳои русиву тоҷикӣ ва ҳам муҷрии намоишҳои телевизиони "Субҳ" буд. Солҳои 2004-2005 сардабири идораи эҷодии "Субҳи Тоҷикистон" буд.
Муаттара Ҷӯраева 2 писар - Акмал ва Икром - дорад.
Ӯ муаллифи китоби "Ҷилои ситораҳои телевизион" ва барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттиҳодияи журналистон дар соли 2003 мебошад.