Пайвандҳои дастрасӣ

Танҳо як ҷавони тоҷик ба порлумон роҳ ёфт. Он ҳам дар ҳайъати рӯйхати ҳизбӣ.


Дар ҳавзаҳои инфиродӣ ягон нафар аз номзадони зери синни 35 комёб нашуд. Мағфират Хидирова - омӯзгори 32- солаи Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон танҳо вакили ҷавон дар порлумон мебошад ва аз феҳрасти ҳизби ҳоким (ҲХДТ), аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ вориди порлумон шудааст. Муаттара Ҷӯраеваи сисола, сармуҳаррири ТВ Субҳ, дар ҳавзаи инфиродии Ашт ба даври дуюми интихобот гузашт. Рақиби ӯ дар даври дуюм Нодирҷон Солиҷонов аз ҲХДТ мебошад.

Аммо номзадҳои ҷавон аз аҳзоби сиёсии мухолиф аз наҳваи баргузории интихобот ва аз натиҷаҳои он изҳори норизоӣ карданд. Чаҳор ҳизби сиёсӣ натиҷаҳои интихоботро дар шаҳри Душанбе расман эътироф накарданд ва хостори баргузории раъйдиҳии такрорӣ дар пойтахт шуданд. Дар ҳавзаҳои инфиродии Душанбе се номзади аз сиву панҷсола поён сабти ном буд. Яке аз онҳо Раҷаби Мирзо дар ҳавзаи Шоҳмансур ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҳозир тамоми санадҳоро ҷамъ карда истодаем, тамоми он қонуншиканиҳое, ки аз тарафи нозирони мо мушоҳида шуданд, онҳоро ҷамъ мекунем ва ҳатман ба додгоҳ муроҷиат хоҳем кард.»

Зарафо Раҳмонӣ - номзад аз ҲНИТ дар ҳавзаи ноҳияи Фирдавсӣ низ аз натоиҷи эълонкардаи КМИ розӣ нест:
«Хеле зиёд таҳдиду фишорҳо нисбати нозирони ман доир шуд рӯзи интихобот. Вақте аз рӯи ҳисоби нозирони мо шашсад нафар вориди қитъа шуданд, вале аз рӯи маълумоти пешниҳодкардаи қитъа 1000 ё 900 кас овоз додааст.»
Раҳбари дафтари комиссиюни марказии интихобот Муҳибулло Додоҷонов дар як тамоси телефонӣ ба барномаи Ояндасоз гуфт, айни ҳол шикоятҳои расмӣ танҳо аз ҳавзаҳои Панҷакент ва Ҷаббор Расулов гирифтааст ва як гурӯҳи КМИ ба ин ноҳияҳо сафар кардааст. Яке аз номзадҳои ҷавон дар ҳавзаи Ҷаббор Расулов Низомиддин Бегматов аз ҲСДТ буд ва ҷаноби Додоҷонов гуфт, дар сурати тасдиқ шудани шикоятҳо дар ин ҳавзаҳо раъйдиҳии такрорӣ баргузор мешавад: «Дар ҳамон ҳавзаҳо агар арзу шикоятҳо дуруст бошанд, мумкин интихоботи такрорӣ монда мешавад.»

Ҳамин тариқ, аз миёни 12 номзади ҷавон имрӯз танҳо як вакили ҷавон, Мағфират Хидирова маълум аст. Як номзади ҷавон, Муаттара Ҷӯраева дар ҳавзаи Ашт рӯзи 13 март дар даври дуюми интихобот як бори дигар нерӯи худро хоҳад санҷид.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG