Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оишамо Абдуллоева: "Шарофиддин 100 фоиз озод шуд, баъд бовар мекунам". ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Модари Шарофиддин Гадоев, узви фаъоли мухолифин дар Аврупо, ки ҳоло дар шароити мармузе дар Душанбе қарор дорад, гуфт, писараш якуним рӯзи гузашта дар Фархор ҳамроҳаш буд.

  • Шарофиддин Гадоев рӯзи 15-уми феврал дар Душанбе пайдо шуд. Мақомот гуфтанд, ихтиёри баргаштааст, вале ҷонибдоронаш мегӯянд, ӯро аз Маскав рабуданд.

Оишамоҳ Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев рӯзи 21-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 19-уми феврал писараш ҳамроҳ бо чанд нафар ба хонаи падариаш ба Фархор омад. Ӯ гуфт, писараш шаби дуюм низ бо ҳамроҳонаш монданӣ буд, вале ногаҳон “соати 8-и шаби 20-уми феврал баромада рафтанд”.

Модар: "Ҳеҷ чизро намефаҳмам..."

Модари Шарофиддин низ субҳи панҷшанбе ба Душанбе рафт.

“Ҳозир дар Душанбе ҳастем. Мебинамаш, лекин ҳоло пурра ҷавобаш надодаанд. Мегӯянд, ки ҷавоб медиҳем, вале намедонам кай. Ҳеҷ чизро нафаҳмида истодаам. Кадом вақте ки сад фоиз озод шуд, баъд бовар мекунам. Ҳайрон шудам, хаста шудам, фишорам баланд аст”, - гуфт Оиша Абдуллоева.

15 феврал Гадоев дар як навори видеоии ВКД гуфт, "бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргаштааст"
15 феврал Гадоев дар як навори видеоии ВКД гуфт, "бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргаштааст"

Аз замони пайдо шудани Гадоев дар Душанбе наворҳои зидду нақизе бо ширкати ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар наворҳое, ки аз ҷониби сохторҳои интизомии Тоҷикистон нашр шуд, ӯ ба бозгашти ихтиёриаш ба Тоҷикистон таъкид мекунад, вале дар наворе, ки пас аз бозгашташ мухолифин нашр карданд, ӯ мегӯяд, “ба Душанбе баргаштанӣ нест”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Шарофиддин Гадоев ихтиёрӣ баргаштааст ва дар ростои татбиқи афв қарор дорад. Гадоев, ки чанд соли охир дар Аврупо зиндагӣ карда ҳамчун мунаққиди шадидлаҳни ҳукумати Тоҷикистон маъруф шудааст, бар асоси Кодекси ҷиноӣ дар “сохтакорӣ” ва “тақаллуб” гумонбар мешавад. Вале барои мақомоти тоҷик Гадоев бештар барои фаъолиятҳои сиёсии интиқодиаш аз ҳукумати Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳ буд.

ВКД: Гадоев дар боздошт нест

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврал гуфтанд, ки парвандаи Шарофиддин Гадоев барои татбиқи афв ба додситонӣ фиристода шудааст ва “ин кор як мӯҳлати муайян мехоҳад”. Мақомот мегӯянд, ки Шарофиддин Гадоев дар боздошт қарор надорад ва танҳо соатҳои муайян барои сӯҳбат ба идораҳои дахлдор меояд.

“Санадҳояш барои афв пешниҳод шудааст. Албатта, ин кор дар як ё ду рӯз анҷом намешавад, вале ӯ дар боздошт нест. Бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон омадааст ва ҳатман афв мешавад”, -гуфт як мақом аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бидуни зикри номаш.

Рӯзи 21 феврал намояндаи ҳуқуқии Гадоев дар Ҳолланд Виктория Надеждина дар як мукотиба бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба мо дар Вазорати умури хориҷии Ҳолланд тасдиқ карданд, ки Тоҷикистон ба мақомоти Ҳолланд хабар додааст, ки Шарофиддин Гадоев дар Тоҷикистон ва дар боздошт аст, вале ҷузъиёти аз ин бештар надоданд”. Айни замон Надеждина гуфт, ки ҷузъиёти бештари ин қазияро бояд мақомоти вазорати хориҷаи Ҳолланд шарҳ диҳанд. Вазорати хориҷаи Ҳолланд ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодааст.

Шарофиддин Гадоев бо иттиҳоми “сохтакории санадаҳо” ва “кочоқ” аз соли 2012 таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт. Ӯ ҳамроҳ бо Умаралӣ Қувватов дар соли 2012 “Гурӯҳи 24”, як ташаккули мухолифи ҳукуматро таъсис дод. Қувватов дар соли 2015 дар Туркия кушта шуд ва як муддат баъди ин раҳбарии ин гурӯҳи мамнӯъшуда дар Тоҷикистонро Шарофиддин Гадоев бар дӯш дошт. Баъдан, аз ин гурӯҳ хориҷ шуд ва дар Аврупо созмони ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро таъсис дод.

Талошҳо барои озодии Гадоев

Абудсаттор Бобоев, раиси “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон”, ки дар Аврупо созмон ёфтааст, гуфт, аз он нигарон ҳастанд, ки “Гадоев шиканҷа шудааст”. Ӯ гуфт, ки бо Гадоев дар тамос нестанд ва ҳеҷ иттилои мустақим ва бетарафе аз ҳоли Шарофиддин Гадоев надоранд. Ӯ гуфт, ба он наворҳое, ки ҳамарӯза Шарофиддин Гадоевро дар иҳотаи пайвандон нишон медиҳад, чандон бовар намекунанд.

“Мо созмону кишварҳои дахлдорро дар ҷараён гузоштаем ва тамоми талоши худро барои озодии Шарофиддин Гадоев анҷом хоҳем дод,” - гуфт ӯ.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳороте дар вебсайти худ дар рӯзи 15-уми феврал гуфт, Шарофиддин Гадоев, ки муваққатан дар шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд зиндагӣ мекард, рӯзи 15-уми феврал ба Шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе “ихтиёран ҳозир шуда, изҳор намуд, ки ман аз кирдорҳои кардаам пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Маскав-Душанбе ба ватан баргаштам.”

Бо гузашти ҳафт рӯз аз “бозгашти ихтиёрӣ”-и ӯ наворҳои зиду нақизе бо иштироки Шарофиддин Гадоев нашр шуд, ки қазияи ӯро печидатар мекунад. Ҳанӯз маълум нест, ки ин бозгашти ӯ то куҷо ихтиёрӣ ва ё маҷбурӣ буд ва феълан дар куҷо ба сар мебарад.

Муаммои "бозгашт"-и Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG