Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Расули Амонулло 120 сомонӣ ҷарима шудааст


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ модари Расули Амонуллоро барои вайрон кардани қонуни масъулияти падару модар 120 сомонӣ ҷарима кардааст.

Як манбаъ аз додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 2-уми декабр ба радиои Озодӣ хабар дод, ки мурофиаи додгоҳӣ бо раисии Темур Ҳафизов, имрӯз дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд ва ҳамсари Амонуллои Ҳукуматулло, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон барои вайрон кардани қонуни масъулияти волидайн, ки писари ноболиғаш - Расули Амонулло дар садамаи нақлиётие боиси марги 3 нафар гардид, ба маблағи 120 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар паи муроҷиати Вазорати корҳои дохилӣ барои вайрон кардани қонуни масъулияти падару модар ҳамсари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ва модари Расули Амонуллоро, ки нисбати ӯ парвандаи маъмурӣ боз шуда буд, ҷарима кардааст.

Садамаи нақлиётии шаби 9-уми октябр, ки бо иштироки писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон Расули Амонуллои 16-сола ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он, 3 нафар кушта ва 3 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин яке аз пурсарусадотарин қазияҳои соли охир мебошад.

Ҳарчанд Вазорати корҳои дохилӣ расман хабар дода буд, ки дар он садама Расули Амонулло дар сари чамбари БМВ-и ба садама дучоршуда нишаста буд, вале Амонуллои Ҳукуматулло дар як изҳороти худ матбуотро дар тӯҳмату бӯҳтон айбдор кард ва гуфт, ки "ҳеҷ имкон надорад, ки писари ман дар сари чанбари мошин нишаста бошад".

Дар ҳамин ҳол, дар робита бо ҷараёни тафтиши садамае, ки се нафарро куштаву се тани дигарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, нисбати иштирокчии дигари садама - Умар Шарипов, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Вале нисбати Расули Амонуллоҳ чизе гуфта намешавад.

Дар як иттилоияе, ки Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 19-уми ноябр дар сомонаи худ нашр кард, гуфта мешавад, ки Умар Шарипов, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе буда, пеш бо моддаи 237, қисми 2 кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст. Нисбати Умар Шарипов мутобиқи моддаи 212, қисми 3 кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад, вале то ҳол худи Шарипов аз ҷониби мақомот дастгир нашудааст.

Аммо Давлат Шарипов падари Умар Шарипов дар сари чамбари БМВ будани писарашро рад мекунад. Давлат Шарипов дар як суҳбаташ бо Озодӣ гуфта буд, ки дар ҳақиқат писараш шаби 9-уми октябр дар дохили БМВ ҳамроҳи Расули Амонулло будааст, вале на дар сари чамбар, балки дар ҷойи мусофирнишин қарор доштааст.
XS
SM
MD
LG