Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаби Мирзо: "Президент бояд ислоҳотро аз истеъфои Ҳукумов шурӯъ кунад"


Акси Расули Амонулло аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта шудааст. Бознашр аз саҳифаи Фейсбуки Зебо Тоҷибоева
Акси Расули Амонулло аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта шудааст. Бознашр аз саҳифаи Фейсбуки Зебо Тоҷибоева

Таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо, дар заминаи садамаи фоҷеъабор бо ҳалокати се нафар гуфт, ки президент бояд раҳбари ширкати Роҳи оҳанро ба истеъфо бифиристад.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик мутмаин аст, ки дар ҷомеаҳои боз ва демократӣ дар ҳолати сар задани ингуна масъалҳо, "афроди мақомдор бояд ихтиёран истеъфо бидиҳанд". Аммо, гуфт ӯ: "Азбаски Тоҷикистон аз усулҳои демокративу мардумсолорӣ дуртар аст, дар ингуна ҷомеаҳо боз ҳам омили дигар, омили рақобатҳои дохилқасрӣ ё дохилиҳукуматӣ метавонанд муҳимтар ба назар бирасанд. Яъне, ки рақобат дар дохили ҳукумат ва ашхоси пурнуфуз сар мезанад ва барои исботи ин ки онҳо воқеан ҳам қавӣ ҳастанду намехоҳанд баосонӣ ба тақдир тан бидиҳанд, ингуна ҳолатҳоро ба вуҷуд меорад".

Рӯзи 11 октябр Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки ронандаи мошини БМВ, ки шаби 8-ум ба 9-уми октябр дар маркази пойтахт ба садама дучор шуд ва се нафар кушта ба ҷой гузошт, шаҳрванди 16-солаи Тоҷикистон Расули Амонулло аст.


мошини Расули Амонулло
мошини Расули Амонулло
Расул писари ноболиғи Амонулло Ҳукуматулло - раиси ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон аст, ки дар ҷараён гирифтани ин садама муттаҳам шудааст. Тибқи хабарҳои расида, ӯ то ҳол боздошт нашудааст ва бо имзои як забонхати берун нарафтан аз қаламрави шаҳр дар озодӣ ба сар мебирада. Дар ин садамаи нақлиётӣ се нафар кушта ва се тани дигар шадидан захм бардоштанд. Исми Амонуллои Ҳукуматулло ҳудудан ду соли пеш бо даст доштани писари дигараш дар қочоқи маводи муҳхаддир вирди забонҳо шуд ва он замон низ ҳадс зада мешуд, ки раиси ҷуҳмур ҳатман ӯро аз мақом сабукдӯш мекунад. Аммо Ҳукуматулло он замон аз ин ҷанҷоли байналмилалӣ, ки доманаш ба Русия мекашид, ҷон ба саломат бурд. Ҳодисаи ахир, дар авҷи маъракаҳои интихоботӣ бо ширкати фарзанди як мақоми баландпоя вокунишҳои манфиеро дар ҷомеъа ба бор овард.

Таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд, дар пешорӯи интихобот "агар ҳукумат ё президент Амонулло Ҳукуматуллоро ба истеъфо равон кунад, ин пеш аз ҳама ба манфиати
худи ҳукумат мешавад, чунки бо ин роҳ гӯё мардумро мутақоид мекунад, ки дар ҳукумати ояндаи худ ислоҳотро роҳандозӣ карданист. Барои ин ислоҳот ҳеҷ муҳим нест, ки чӣ шахсият мавриди баҳс хоҳад буд – наздики оилаи раҳбари кишвар бошад ё нафари дигар. Бисёр фурсати муносиб аст барои нишон додани он ки то куҷо ҳукумати Тоҷикистон тавон ё иродаи баргузории як ислоҳотро дорад ва аз ҳамин маврид шурӯъ кунад, албатта, бад нест".

Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ ин бо ишора ба ин ду ҳодиса тарбияву таълими кӯдакон дар оилаи Ҳукуматуллоро ба чолиш кашидааст.

Раҳматулло Зойиров рӯзи 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "Дар ҷое, ки монополия аст, ё низоми тоталитарӣ вуҷуд дорад, одамон назоратро аз болои худ ҳис намекунанд, манманӣ мекунад. Дар ин ҳолат аз ҳуқуқҳои худ зиёд сӯистифода мекунанд. Тибқи қонунгузорӣ, ягон нафари 16-сола ҳуқуқи гирифтани шаҳодатномаи ронандагиро надорад. Аз ин маълум мешавад, ки писари 16-солаи Ҳукумов шаҳодатномаи ронандагӣ надорад. Ба назари ман бори аввал нест, ки ин ноболиғ бидуни санад паси чамбари мошин
нишаста бошад."

Ҷаноби Зойиров мегӯяд, аксари садамаҳои нақлиётие, ки аз тарафи фарзандони сарватманд содир мешавад, бо осонӣ аз ҷавобгарии ҷиноятиву маъмурӣ озод мешаванд.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон мегӯянд аксари фарзандони мансабдорону сарватмандон вақте дар сари чамбари мошин мешинанд ба роҳ мебароянд нозирони роҳ онҳоро манъ ва тафтиш намекунанд. Ин боис мешавад, ки ингуна фарзандон одат карда дигар ба ҳеҷ қоидае итоат намекунанд.

Дар ҳамин ҳол масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон дар робита ба садамаи писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳан, изҳори назар карданд. Абдуҷаббор Алиев, сардори Раёсати мактабҳои миёнаи Вазорати маорифи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, сарфи назар аз фарзанди мансабдор будани ноболиғе ки сари чанбари мошин нишастааст ва ҷиноят содир кардааст, тибқи қонунҳои Тоҷикистон бояд ҷавоб гуяд.

Ҷаноби Алиев гуфт "барои қонун ҳама баробар аст", ҳам мансабдор ҳам нафари оддӣ. Вай мегӯяд, аз руи қонун кудаки 16-сола ҳуқуқи дар сари чанбари мошин нишастанро надорад. "Ман намедонам ин ноболиғе ки 16 сол дорад, ба ӯ кӣ шаҳодатномаи ронандагӣ додаст?, мегӯяд ин масъули вазорати маориф.

Ба гуфтаи АбдуҷабборАлиев, агар ноболиғ бо изоҷаи волидон сари чанбари мошин нишаста ва ба садама дучор шудааст, пас волидон низ бояд дар чорчӯби Қонуни "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Масъулини вазорати маориф мегӯянд, вазорат барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва садама амр дода буд, хонандагону донишҷӯён бидуни телефонҳои мобил ва мошин ба дарс оянд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тафтишот муайян кардааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 20-20 РТ 01 Расули Амонулло, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе мебошад.

Расули Амонулло, ки писари Амонулло Ҳукумов, сардори ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон мебошад, дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ босуръати баланд ҳаракат карда, ба Жигулии «ВАЗ-21014» рақами қайди давлатиаш 80-36 ВВ 01, таҳти идораи ронанда Саидов Аловуддин Аҳлиддинович сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои ш.Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.

Қабри ҳалокшудагон дар ин садамаи нақлиётӣ.
Қабри ҳалокшудагон дар ин садамаи нақлиётӣ.
Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21014», рақами давлатиаш 80-36 ВВ 01 Саидов Аловуддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дохили атвомашинаи мазкур Исмоилова Сурайё, соли таваллудаш 1989, сокини ш.Турсунзода, ва Уктам Мансуров соли таваллудаш 1988, сокини ш.Душанбе, дар бемористон ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Маталиев Шокир Юсупович соли таваллудаш 1987, Ахмедова Мадина Акрамовна соли таваллудаш 1992, сокинони ш.Душанбе ва Рӯзиева Азиза Ибодовна соли таваллудаш 1989, сокини ш.Турсунзода ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон бистарӣ карда мешаванд.

Қонунҳои Тоҷикистон ба шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳақи гирифтани иҷозатномаи ронандагиро медиҳанд ва маълум нест, ки чаро ин ноболиғ дар соати 2:30 шаб дар кӯча буд.

Қаблан хабаргузории «Азия Плюс» ба нақл аз манобеъи худ хабар дод, ки ронандаи мошини БМВ Асрор Нуруллоевич Ҳукумови 21-сола - бародарзодаи Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон будааст. Ҳамин хабаргузорӣ аз қавли як корманди чойхонаи "Роҳат" хабар дод, ки ду нафари дар ин сониҳаи пурқурбонӣ ҳалокшуда кормандони ин чойхона Уктам ва Аловиддин будаанд, ки яке писари директори "Роҳат" Мансур Саидов буда, дувумӣ дар инҷо ҳамчун ошпаз кор мекард.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ меафзояд, ки алайҳи Расули Амонулло парванда оғоз шудааст ва ӯ дар пойтахт мебошад ва бинобар захми шудани дасташ, наметавонад ба назди муфаттиш ҳозир шавад: «Падару модараш ба тафтишот ваъда додаанд, ки пас аз табобати дасти Расул, ӯро ҳамроҳ ба тафтишот меоранд».


Дар пушти фармони мошини БМВ кӣ буд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00
Линки мустақим


Қабри ҳалокшудагон дар ин садамаи нақлиётӣ.
Қабри ҳалокшудагон дар ин садамаи нақлиётӣ.
Садамаи дирӯза яке аз пурқурбонитарин садамаҳои нақлиётӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар як моҳи охир ба шумор меравад. Аммо ин бори аввал нест, ки мардум аз "сабқатҳои шабона" бо ширкати мошинҳои марбут ба фарзандони мансабдорони баландпоя ва сарватмандон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ахиран раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ба хотири маълум кардани ҳақиқати ҳол, худаш ҳамроҳи сардори милисаи ноҳия дар яке аз чунин "пойга"-ҳо ширкат кардааст. Дар ин амалиёт, ба гуфтаи Сабзов, як гурӯҳи ҷавононеро "боздошт" карданд, ки шабона дар ҳудуди ин ноҳия бо мошинҳои гаронарзиш сабқат карда, оромии мардумро халалдор мекарданд.
XS
SM
MD
LG