Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари бевиза ба Аврупо дар ивази дур шудан аз Русия. ВИДЕО


Молдова мехоҳад дили сокинони минтақаи ҷудоихоҳи назди Днестр ё Преднестроверо бо визаи Шенген ва сафарҳои бемаҳдудият ба кишварҳои аврупоӣ ба даст биёрад.

Моҳи гузашта Иттиҳоди Аврупо раводид бо Молдоваро лағв кард ва ба назар мерасад, ки ин таҳаввулот Преднестрове низ нодида намонд.

Дар утоқи танги бахши умури шиносномаҳои шаҳри Варнитса, воқеъ дар шарқи Молдова корафтодаҳо шуморо бо навбатҳои тӯлонӣ ва чин дар ҷабин истиқбол мекунанд. Марде бо номи Василий, ки исми хонаводагиашро нагуфт, гуфт, ки соати 6-и саҳар ба шӯъбаи паспортҳо ҳозир шуд, аммо дар сафи корафтодаҳо нафари 24-ум буд. Аксари мардум дар сафи тӯлонӣ бошандагони минтақаи ҷудоиталаби Преднестрове буданд, ки мехостанд паспорти Молдоваро дарёфт кунанд.

“Мо мехоҳем номнавис шавем”- як зани миёнсол, ки худро муаррифӣ накард- “рӯзи ҷумъаи гузашта 200 нафар ин ҷо буд. Ман бо ду кӯдак натавонистам корамро анҷом диҳам. Имрӯз аз соати 7:30-и саҳар омадам, аммо дар навбати 86-ум ҳастам, намедонам, ки имрӯз навбатам мерасад ё хайр. Мисли дигарон интизор нишастаам ва нигаронам. Кӯдакони хурдамро дар хона мондаам.”- гуфт ин зан.

Навбатпоиҳои тӯлонӣ барои дарёфти паспорт дар ин мавзеъ падидаи нав аст. Варнитса дар фосилаи начандон дуртар аз марзи маъмурии минтақаи ҷудоихоҳи Преднестрове ҷойгир аст, ки аҳолиаш умудатан русгаро ҳастанд. Аммо аксари онҳо, ки то дирӯз ба шиносномаи Молдова таваҷҷӯҳе надоштанд, акнун мехоҳанд онро ба қиммати саргардониҳои чандрӯза ва асабонияти навбатпоӣ ба даст биёранд.


Талоши мардум барои дарёфти шиносномаи Молдова аз ин шаҳодат медиҳад, ки ҳукумати Молдова дар бозгардонидани минтақаи ҷудоиталабаш метавонад муваффақ шавад. Аз оғози сол ҳудуди 8 ҳазор сокини Преднестрове бо ҳадафи дарёфти шаҳрвандии Молдова, шиносномаи молдовӣ ва шиносномаи биометрии он марзи кишварро убур кардаанд. Мақомоти Молдова мегӯянд, дар моҳ ҳудуди 2 ҳазор нафар барои гирифтани шиноснома муроҷиат мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки сар аз моҳи апрели соли равон шаҳрвандони Молдова, ки шиносномаи биометрӣ доранд, метавонанд бидуни раводид ба 26 кишвари узви Иттиҳоди Аврпуо сафар кунанд. Ин нахустин сиёсати муваффақ ва васвасангези ҳукумати эътилофии Молдова дар роҳи ҳамоиш бо Аврупо аст.

Бинобар гуфтаи корманди Маркази таҳлилии “Экперт Гуп” Виктория Влад, танҳо дар моҳи аввал 40 ҳазор сокини Молдова сафарҳоеро дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо анҷом доданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 20 дарсад бештар аст. Интизор меравад, ки Молдова 27-уми июн дар Брюссел Тавофуқномаи Иттиҳодӣ бо Аврупоро имзо кунад, ки кор бар сари он солҳо боз ҷараён дошт.

Преднестрове як бахши начандон бузурги Молдова буда, дар шарқи кишвар, дар бани Украина ва рӯдхонаи Днестр ҷойгир шудааст. Ин минтақа сар аз солҳои 1990-ум дар амал мустақил буда, бахши умдаи кӯмакҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомиро аз Русия дарёфт мекунад. Мақомоти ин минтақа борҳо аз Маскав хостаанд, ки Преднестроверо ба Русия ҳамроҳ кунад. Аксар бошандагони ин минтақа шиноснома ва шаҳрвандии русӣ доранд.

Ҳукумати Кишенев бо пешбурди сиёсати баргардонидани минтақаи ҷудоиталаб, дили сокинони онро бо таърифи бартариҳои ҳамоиш бо Иттиҳоди Аврупо гарм мекунад. Аммо убури таблиғоти шадид ва назорат бар иттилоот, ки маъмурияти Преднестрове пеш мебарад, дастрасӣ ба мардуми минтақаро душвор мекунад. Ин аст, ки аксари бартариҳои ҳамоиш бо Иттиҳоди Аврупо ба гӯши сокинони Преднестрове нарасиданд. Аммо лағви визаи Иттиҳод барои Молдова аз назари онҳо пинҳон намонд.

Оксана як духтари донишҷӯ аз Преднестрове мегӯяд: “Шиносномаи хориҷии ман моли Молдова буд ва ҳоло мӯҳлати истифодааш анҷом ёфтааст. Ман акнун шиносномаи биометрӣ дуруст мекунам. Суди ин бештар аст. Умедворам, ки битавонам ба хориҷ биравам. Ҳоло таҳсилам ба анҷом мерасад, мехоҳам барои кор ва истироҳат биравам.”

Сокини дигари Преднестрове бо ҳадафи сафар ба Кипр ва дидорбинӣ бо холааш шиноснома омода мекунад.

Кишенев талош дорад, ки раванди дарёфти шиноснома барои сокинони Преднестрове сода ва осон бошад. Барои намуна дарёфти шиносномаи аввал ройгон аст. Аммо як хонуми солманд аз Тираспол гуфт, ки ба сафари бидуни раводид ба Аврупо эҳсоси дигаре дорад:

“Сафари бидуни раводид ба Аврупо ин хеле хуб аст”- гуфт ӯ ба радиои Озодӣ- “ин зиндагии бисёриҳоро осон мекунад ва имконоти дигареро дар ихтиёри онҳо мегузорад. Танҳо суол ин ас, ки чӣ қадар одам метавонад аз ин имконият истифода кунад? Зеро сафар ба Аврупо лаззати арзон нест. Барои ин пул даркор аст."

Сокинони Преднестрове асосан бебизоатанд. Барои онҳо ҳатто сафар ба Украина бо хароҷоти зиёд анҷом мешавад. Як сокини Бендер- дуюмин шаҳри бузурги Преднестрове мегӯяд, “ману ҳамсарам ҳатто Украинаро надидаем, чӣ бирасад ба Аврупо". Аммо ӯ баъди лаҳзае гуфт, агар ин гуна имкон даст медод, ҳатман ба Италия мерафт ва ба Винетсия, ки аксҳояшро зиёд тамошо кардааст.
XS
SM
MD
LG