Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мушакӣ ба Сурия. Русия Исроилро муттаҳам кард


Хабаргузорӣ ва телевизиони давлатии Сурия мегӯяд, ки шаби гузашта "чанд мушак ба пойгоҳи ҳавоии T-4 воқеъ дар вилояти Ҳумс партоб шудааст.

Хабаргузории давлатии Сурия ба нақл аз як мақоми низомии ин кишвар гузориш додааст, ки "системаи дифои ҳавоии мо ба як ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи ҳавоии T-4 вокуниш нишон додааст." Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, "дар умум 8 мушак" ба ин пойгоҳ партоб шудааст" ва "теъдоде кушта ва захмӣ шудаанд."

Сурияву Русияи муттафиқаш мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ ба пойгоҳи низомии Тайфур ё Т4, ки дар наздикии шаҳри Ҳумс ҷойгир аст, субҳи 9-юми апрел мушакҳо партоб кардаанд. Исроил, ки дар гузашта ҳадафҳоеро дар хоки Сурия нишон задааст, ҳанӯз ба ин иттиҳомот посух надодааст. Айни замон, як гурӯҳи нозири бритониёӣ гуфт, ки дасти кам 14 ҷангии рӯ ба ҳукумат дар ин ҳамлаҳо кушта шуданд ва дар байни онҳо нерӯҳои эронӣ ҳам мебошанд.

Мақомоти низомии Русия ва Сурия мегӯянд, нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва муттаҳидонаш, тақрибан ҳамаи Ғутаи шарқиро аз дасти ошӯбгарон гирифтаанд ва баъзе аз гурӯҳҳои боқимонда дар шаҳр паноҳ бурдаанд.

Гузориши расонаҳои давлатии Сурия дар мавриди "ҳамла" ба пойгоҳи ҳавои дар Ҳумс пас аз он нашр шуд, ки мухолифони ҳукумат дар минтақаи Думо ҳукумати марказии Сурияро ба ҳамлаи маргбори кимиёвӣ ба ин шаҳр муттаҳам карданд. Димишқ ин иттиҳомро радд кардааст.

Қабл аз ин чанд мақоми баландпояи Амрико гуфтаанд, хабарҳо дар мавриди ин, ки артиши Амрико даст ба ҳамлаҳои мушакӣ алайҳи пойгоҳи ҳавоӣ дар Сурия задаанд, дуруст нест.​ Хабаргузории Олмон гуфта буд, вазорати дифои Амрико аз таъйиди гузоришҳо дар мавриди нақш доштан дар ҳамлаи эҳтимолӣ ба пойгоҳи T-4, худдорӣ кардааст.

Пас аз чанд соат вазорати дифои Амрико гуфт, "дар вақтҳои ахир" ҳамлаи ҳавоӣ ба Сурия анҷом надодааст, ба ин маънӣ, ки Пентагон гузоришҳои расонаҳои давлатии Сурия дар мавриди даст доштани Амрико дар ин ҳамларо радд кардааст.

Вазорати дифои Амрико дар баёнияе, ки мунташир кард, гуфтааст, "дар ҳар ҳол мо ҳамчунон аз наздик вазъро зери назар дорем ва аз талошҳои дипломатӣ барои муҳокимаи касоне, даст ба истифодаи силоҳҳои кимиёвӣ дар Сурия мезананд, ҳимоят мекунем". Пойгоҳи низомии T-4 дар наздикии шаҳри бостонии Палмира дар маркази Сурия воқеъ аст.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 9-уми апрел дар Маскав дар як нишасти хабарие, ки ҳамроҳ бо вазири хориҷаи Тоҷикистон ҷараён гирифт, гуфт, ин як таҳаввулоти хатарнок аст ва иттиҳомот таҳрикдиҳанда мебошад.

Ӯ гуфт: "Ба ин макон ҳам мутахассисони низоми мо ва ҳам намояндагони созмони суриягии Ҳилоли аҳмар сафар карданд. Ин созмон ҳам аз ҷониби созмони байналмилалии Салиби Сурх ва ҳам СММ эътироф шудааст. Онҳо дар ин макон ҳеҷ нишонаи истифодаи хлор ё кадом як маводи дигари кимиёиро пайдо накарданд, ки зидди сокинони мулкӣ истифода шуда бошад."

Ҳалокати даҳҳо нафар дар ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ дар Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

Пештар аз ин гузориш шуд, ки ​дар натиҷаи ҳамлаҳои эҳтимолии кимиёвӣ дар шаҳри Думо дар Сурия даҳҳо нафар кушта шудаанд. Созмони Дифои Мадании Сурия, аз гурӯҳҳои имдодии наздик ба мухолифони давлат ва дигар фаъолон мегӯянд, нерӯҳои давлатӣ бомбаҳои хӯшаии дорои гази кушандаро рӯзи 7-уми апрел дар минтақаи Ғутаи шарқӣ бо чархбол партоб кардаанд ва даҳҳо нафар нафасгиру заҳролуд шудаанд.

Ҳамла ба Думо.
Ҳамла ба Думо.

Бино ба гузоришҳои гуногун дар ин ҳамлаҳо аз 40 то 70 нафар ҷон додаанд. Созмони Дифои Мадании Сурия мегӯяд, аз даҳони осебдидагон кафк меомад, ки нишонаи заҳролуд шудан аз гази кушанда аст.

Пештар аз ин баёния як гурӯҳи ошӯбгарони Сурия ва муассисаҳои байналмилалии имдодӣ рӯзи 7-уми апрел гуфтанд, ки нерӯҳои давлатии Сурия дар Ғутаи шарқӣ дар як маҳаллаи муҳосирашуда дар канораи шаҳри Димишқ ба сари мардуми ғайринизомӣ бомби дорои маводи кимиёвӣ андохтаанд.

Ҷамъияти муштараки тиббии Сурияву Амрико – як гурӯҳи хайрияи тиббӣ гуфт, ки як бомби хлориро ба шифохонаи Думо андохта ва 6 нафарро куштаанд. Ба гуфтаи ин созмон, ба як бинои дигаре бо гази фалаҷкунандаи асаб ҳамла кардаанд. Басел Терманини, раиси ин ҷамъият, ки дар Амрико қароргоҳ дорад, ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, дар натиҷаи ҳамлаҳои кимиёвӣ дасти кам 35 нафар кушта шудаанд.

Созмони Дифои Мадании Сурия маъруф бо номи Кулоҳсафедон низ иддао кард, ки аломатҳои истифода аз аслиҳаи кимиёвиро дидааст. Хабаргузории "Рейтерс" мегӯяд, ки дурустии ин гузоришҳоро мустақилона маълум карда наметавонад.

Матбуоти давлатии Сурия гузоришҳо дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёвиро рад карда ва гуфтанд, ки ошӯбгарони Думо дар ҳоли шикаст ҳастанд ва барои ҳамин хабарҳои дурӯғ паҳн мекунанд.

Русия гуфт, ин хабарҳоро бо ҳадафи истифодаи нерӯи хориҷӣ ба зидди ҳукумати Сурия паҳн мекунанд. Артиши Сурия ва муттаҳидони он ҳоло ҳамлаҳои ҳавоиву заминӣ ба Думоро тақвият додаанд. Онҳо рӯзе аз ин пеш дар зарбаҳои ҳавоӣ ба як паноҳгоҳи ошӯбгарон дар наздикии Димишқ камаш 40 нафарро куштанд.

Хабаргузории давлатии САНА гуфт, ҳамлаҳои ҳавоӣ посух ба тирандозиҳои гурӯҳи Ҷайш-ул-Ислом ба манотиқи таҳти контроли нерӯҳои ҳукуматӣ буд. Ҷайш-ул-Ислом Думоро зери назорат дорад. Мақомоти низомии Русия ва Сурия мегӯянд, нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва муттаҳидонаш, тақрибан ҳамаи Ғутаи шарқиро аз дасти ошӯбгарон гирифтаанд ва баъзе аз гурӯҳҳои боқимонда дар шаҳр паноҳ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG