Мақомоти ӯзбак гуфтаанд, ки Шавкат Мирзиёев қарор аст ба ҳайси президенти тозаинтихоби Ӯзбакистон нахустин сафари хориҷиашро ба Русия анҷом диҳад. Дар ин бора нашрияи «Известия» бо такя ба манобеи баландпояаш дар ҳукумати Ӯзбакистон хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки мақомоти ин кишвар аллакай омодагиҳои ташкили шароити боздиди расмии президенти нав аз Русияро шурӯъ кардаанд.
«Вазоратхонаҳои мухталиф барои таҳияи изҳороти таҳлилии президент омода мешаванд. Маросими савгандёдкунӣ то соли нав баргузор мешавад. Сафари Русия бошад зимистон ё баҳор барпо мешавад», гуфтааст манбаи «Известия» дар ҳукумати Ӯзбакистон.
Назари неки Маскав ба сафари Мирзиёев
Дар вокуниш ба ин хабар Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, ки дар Кремлин ба сафари Мирзиёев «назари нек доранд» ва омадани ӯро интизор мешаванд.
Мулоқоти охирини Мирзиёев ва Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 6 сентябри имсол дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд. Се рӯз баъди дафни Ислом Каримов, Путин ба зиёрати қабри президенти нахустини Ӯзбакистон рафт ва баъди гуфтугӯяш бо Мирзиёев, ки раҳбарии маросими хоксупории президентро ба ӯҳда дошт, гуфт, мардум ва раҳбарияти Ӯзбакистон метавонанд ба Русия ба ҳайси як дӯсти бовафои худ такя кунанд.
Вай гуфт, умедвор аст, “он чи ки президент Ислом Каримов бунёдашро гузошта буд, идома хоҳад ёфт. Вай гуфт, “мо аз ҷониби худ тамоми талошамонро ба хотири пешрафти дуҷониба ба харҷ медиҳем, мардум ва раҳбарияти Ӯзбакистонро дастгирӣ мекунем. Метавонед ба кӯмаки мо ба таври комил ва ҳамаҷониба, ба ҳайси дӯстони худ такя кунед”, гуфт Путин дар мулоқот бо нахуствазири Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев.
Путин аз Каримов ситоиш кард ва гуфт, ки президенти Ӯзбакистон равобити миёни ду кишварро дар доираи ҳамкориҳои стратегӣ бунёд карда буд. Путин гуфт, ки Русия ҳамкориҳои мардумиву фарҳангиаш бо Ӯзбакистонро қадр мекунад.
"Мирзиёев кишварҳои пасошӯравиро хуб мешиносад"
Раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури СНГ Леонид Калашников гуфтааст, ки сафари нахустин на танҳо рамзист, балки бартариҳои масоили рушди равобити байнидавлатиро ба намоиш мегузорад. Калашников гуфт, ки «мутмаин аст, сафари аввали Мирзиёев ба Русия хоҳад буд. Ин тасмим аз назари иқтисодиву геополитикиву низомӣ мантиқӣ аст. Мо муттафиқу ҳамкор ҳастем. Презденти нави Ӯзбакистон нафаре аст, ки Русия ва фазои просшӯравиро хуб мефаҳмад. Ӯ узви тими Ислом Каримов буд ва ин ба маъноест, ки ӯ тарафдори ҳамкорӣ ва такмили ин равобит аст».
Сиёсатшинос Рафаэл Сатторов гуфтааст, масъалаҳои аслии музокироти Мирзиёеву Путин амният, ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мешавад. Дар Русия чанд миллион шаҳрванди Ӯзбакистон кору зиндагӣ мекунанд ва дар гузашта президент Ислом Каримов ошкоро гуфтааст, ки ба ин бахши мардум нигоҳи манфӣ дорад.
Масъалаи "дангосаҳо" дар музокироти Маскав
Каримов ҳатто дар як мулоқоташ бо сокинони Ҷиззаху Сирдарё дар соли 2013 муҳоҷирони кориро "дангоса", яъне ландаҳуру танбал номида буд, ки ба Русия рафта, кӯчаҳоро рӯфтурӯб мекунанд ва ин «амали ношоиста барои мардуми ӯзбак» аст. Ин изҳороти ӯ бо вокунишҳои манфии худи муҳоҷирон рӯбарӯ шуд, ки гуфтанд, агар дар Ӯзбакистон кору даромади кофӣ мешуд, ҳеҷ гоҳ ба ин ҳол гирифтор намешуданд.
Навор аз моҳи июни соли 2013:
Ҳанӯз президенти нави Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев дар ин замина изҳори назар накардааст, вале дар муддати се моҳи баъди даргузашти Каримов ишораҳое кардааст, ки бо тасмимҳои муайяни раҳбари пешини ин кишвар розӣ нест ва аз паи ислоҳи онҳо мешавад.
Интихоботи пеш аз мӯҳлати Ӯзбакистон, ки бо сабаби даргузашти Ислом Каримов баргузор шуд, бо пирӯзии Шавкат Мирзиёев анҷом ёфт. Каримов рӯзи 2 сентябри соли ҷорӣ бар асари сактаи мағзӣ ҷон дод ва нахуствазири ин кишвар Мирзиёев раҳбарии муваққатии кишварро ба ӯҳда гирифт. Дар интихоботи рӯзи 4 декабр ӯ бо 88,61 дар сади овозҳо ба рақибони дигараш пирӯз шуд.
Az kujo efted on Hadisro? Az kodeksi mvd e aparati prezident? In mvd va milisa sazovori bihisht boshand , yagon odami pok ba on jo havas namekunad digar. Albat az Avangard, e pekhotai hukumati boshed, e pioneri benom.
Ofarin Janobi Oli, pora vernut’ svoi zemli, kirgizi prishli v eti mesta 300-400 let nazad iz Gornogo Altai ya i sever mongolii , oni sami znayut svoyu istoriyu, a tadjiki tut jili 1000 letiyami,
Har guna hamkori bo Tolibon va doish in Hienat ba vatan va millat hast. 15 sol kam hast baroi dushmani ba millat. Dar natijai in hamlai Tolibon,zied az sarbozoni hukumati kushta shudand, ki hamaashon az millati tojik budaand. toliboni pokiston az jangi tojikkushi pul megirand. Ajoib , in si hazori inho ba kisai ki raft, sud e prokuror e shakhsi nomalum.
ту вокеан барзагов будаи уро касе паёмбра нагуфтааст наузубиллох ва хам намегуянд аммо вориси Паёмбар (с) мегуян ва эхтиром мекунанд, танхо хамон нафароне, ки мухаббати Паёмбар ва асхоби уро доранд. касе паёмбар
Салом Худои мехрубон рахматашон куна мардум наход марги одама Шумо ба сиёсату ба гайбатгона табдил дихед хами домулло кадом Шумода гандаги кардай