Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев вазиронро аз Тошканд ба деҳот "бадарға" мекунад


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон. Ҷаласаи Тошканд, 26-уми апрели 2018
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон. Ҷаласаи Тошканд, 26-уми апрели 2018

Раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, бахши умдаи вазирони ҳукуматро ба вилоятҳо мефиристад, то мушкилотеро, ки мардум ба он рӯ ба рӯ мешаванд, аз наздик таҷруба кунанд.

6 моҳ интизор мешавем. Агар дар ин муддат пешравие мушоҳида нашавад, идораи ҳукуматҳои ноҳия баста хоҳад шуд.

"Ҳафтод дарсади вазирон ва мақомоти баландпояи дигар, ки дар Тошканд ба сар мебаранд, акнун дар вилоятҳо зиндагӣ хоҳанд кард. Ба ҳеҷ кадоме аз онҳо иҷоза намедиҳам, ки дар Тошканд бимонанд", - гуфт Мирзиёев дар ҷаласаи ҳукумат, ки рӯзи 26-уми апрел баргузор шуд.

"Об нест, газ нест... барқ нест"

“Мо дар телевизион мебинем, ки мардум дар вилоятҳо чӣ зиндагӣ дорад: об нест, газ нест, сохтори замонавӣ нест, барқ нест”, - гуфт раиси ҷумҳури Узбекистон. Мирзиёев гуфт, “аз 32 миллион аҳолии Узбекистон 2,5 миллион нафар дар пойтахт, шаҳри Тошканд, зиндагӣ мекунад. Боқӣ ҳама дар вилоятҳо ба сар мебаранд”.

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев
Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев

Раиси ҷумҳур нагуфт, ки кадом вазиронро ба вилоятҳо интиқол медиҳад ва будубоши онҳо чӣ қадар давом хоҳад кард. Президент ҳамчунин чаҳорчӯби кӯчидани вазирон ба вилояту рустоҳоро эълон накард. Аммо гуфт, фармони президент дар ин бора ба зудӣ содир хоҳад шуд.

Аз замони расиданаш ба қудрат дар соли 2016, Шавкат Мирзиёев дар чанд маврид мақомоти ҳукуматро ба мағрурӣ ва гум кардани эҳсоси воқеият муттҳам намуд.

"Агар дар ин муддат пешравие мушоҳида нашавад..."

Дар ҷаласаи рӯзи 26-уми апрел раҳбарони ноҳияҳои Тошкандро танқид кард. Мирзиёев аз раисони 11 ноҳияи пойтахт талаб кард, ки зиндагии мардумро беҳтар кунанд ваё аз мақом барканор хоҳанд шуд.

“Агар раҳбарони ноҳияҳои Тошканд наметавонанд миллионҳо доллар сармояи хориҷиро ҷалб кунанд, чунин раҳбарон ба ман даркор нестанд, ман ҳамаи онҳоро барканор мекунам”, - ҳушдор дод президенти Узбекистон.

Яке аз гӯшаҳои Тошканд
Яке аз гӯшаҳои Тошканд

Ӯ ба раҳбарони ноҳияҳо барои пешниҳоди идеяҳои навоварона 6 моҳ вақт дод. Мирзиёев гуфт, “шаш моҳ интизор мешавем. Агар дар ин муддат пешравие мушоҳида нашавад, идораи ҳукуматҳои ноҳия баста хоҳад шуд. Барои муроқибат аз пойтахт 1 шарҳдор ва 11 ёвари ӯ кофӣ аст”.

Эътимоди мардум - ягона кафолати дар мақом боқӣ мондан

Ҷаласаи ҳукумат рӯзе баргузор шуд, ки Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев –соҳибкори сарватманди 43-сола иҷрокунандаи вазифаи мири Тошканд таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Раҳмонбек Усмоновро иваз кард, ки шаш сол шаҳрдори Тошканд буд.

Мирзиёев гуфт, фаъолияти шарҳдори пешин қаноатбахш набуд ва талошҳо барои боло бурдани сатҳи зиндагии мардум бо суръати ҳаракати сангпушт амалӣ мешуд. Президент ба мақомдорон ҳушдор дод, ки ба даст овардани эътимоди мардум ягона кафолати дар мақом боқӣ мондани онҳо аст.

XS
SM
MD
LG