Бархе аз сокинони ноҳияи Зарбдори вилояти Ҷиззах иддао доранд, ки ҳукумати маҳаллӣ раиси ҷумҳури Узбекистонро ҳангоми боздид аз корхонаи "Зарбдор текстил" "фиреб додааст". Онҳо мегӯянд, мақомот як гуруҳ аз духтаронро ба ҳайси дӯзандаву коргари ҷавон ба президент муаррифӣ карданд, ки дар асл донишҷӯи коллеҷи кишоварзӣ ва иқтисод буданд. Шавкат Мирзиёев рӯзи 30-юми марти имсол ба вилояти Ҷиззах рафта буд.
Сабабҳояшро аз мақомот пурсед. Ин идеяи онҳо буд. Мо танҳо фармонро иҷро кардем
Бино ба аксҳое, ки дафтари матбуоти президенти Узбекистон нашр кард, духтарони ҷавон бо либоси сурхи ягона паси мошини дарздӯзӣ нишастаанд ва раиси ҷумҳур бо ҳавас бо онҳо гап мезанад. Аммо баъзе аз сокинон бо бахши узбекии Радиои Озодӣ тамос гирифта гуфтанд, ки ин танҳо як бахши "намоиш" (спектакл) барои президент буд.
"Раиси ҷумҳур бо дидани ин саҳна бовар кард, ки..."
"Мақомоти маҳаллӣ президентро фиреб доданд. Ҳамаи ончи президент дар инҷо дид, намоише беш набуд. Тамоми духтароне, ки дар ҷараёни сафари президент паси мошини дарздӯзӣ нишаста буданд, дузанда нестанд. Ҳамаи онҳо донишҷӯи коллеҷанд. Аммо президент бо дидани ин саҳна бовар кард ва хушҳол шуд, ки дар инҷо ҷавононро бо кор таъмин кардаанд", - гуфт яке аз сокинони ноҳияи Зарбдор ба шарти ифшо нашудани номаш.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, шахсан ҳамон рӯз тамоми ин саҳнаҳоро назорат кардааст. "Ба пешвози президент донишҷӯёни коллеҷи кишоварзӣ ва иқтисодро омода карданд. Ба онҳо гап ёд доданд. Ин духтарон нақши ҷавонҳоеро бозӣ карданд, ки гӯё ҳукумати маҳаллӣ ба онҳо ҷои кор додааст", - афзуд ӯ.
- Ин ҳамсуҳбати мо барои тасдиқи гуфтаҳояш аксҳоеро фиристод, ки рӯзи 30-юми марти имсол дар назди корхонаи "Зарбдор текстил" гирифта шудааст.
"Идеяи мақомот буд, мо фармонро иҷро кардем"
Як сокини куҳансоли ноҳияи Зарбдор дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки наберааш, донишҷӯи соли севум, чанд соат нақши дӯзандаи "Зарбдор текстил"-ро бозӣ кардааст. "Набераам соати панҷи саҳар либоси ягонаеро, ки аз қабл ба ӯ ва ҳамроҳонаш дода буданд, пӯшида, ба корхона рафт", - гуфт ӯ.
Раҳбарони баъзе аз омӯзишгоҳҳо дар Ҷиззах тасдиқ карданд, ки мақомоти маҳаллӣ ба пешвози президент "спектакл" омода карда буданд. Раҳбари яке аз омӯзишгоҳҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, донишҷӯёнро бо амри ҳукумати маҳаллӣ "ба кор" фиристода буд. “Сабабҳояшро аз мақомот пурсед. Ин идеяи онҳо буд. Мо танҳо фармонро иҷро кардем”, - гуфт ӯ.
Аммо ба бахши узбекии Радиои Озодӣ даст надод, ки дар ин маврид назари мақомоти ноҳияи Зарбдорро пурсад. Дар ҳукумати маҳаллӣ касе ба зангҳо ҷавоб надод. Танҳо як мусоҳиби Радиои Озодӣ дар ҳукумати вилояти Ҷиззах гуфт, ки корхонаи "Зарбдор текстил" ба истифода дода шудааст ва то охири сол дар онҷо беш аз 1000 ҷои корӣ эҷод хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфт, корхонаи "Зарбдор текстил" ҳанӯз барои истифода омода нест ва баъид аст, ки ба ин зудӣ корро оғоз кунад.
"Касеро ба кор нагирифтаанд"
"Дар "Зарбдор текстил" 4-5 нафар кор мекунаду бас. Сокинони ноҳияи Зарбдор барои кор муроҷиат намуданд. Аммо ҳанӯз касеро ба кор қабул накардаанд. Дар ҳоле ки мақомот ба президент гуфтанд, ки бахши аввали корхона ба фаъолият шуруъ кард ва як гуруҳ аз сокинон ба кор қабул шуданд", - гуфт ӯ.
Сохтмони корхонаи "Зарбдор текстил" пешниҳоди Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, буд. Ӯ соли гузашта гуфт, "ҳадафи асосии мо таъмини мардум бо сарчашмаи даромад аст. Аз ин ба баъд пахтаро ба хориҷа камтар содирот мекунем. Онро дар ҳамин ҷо коркард намуда, мавод истеҳсол мекунем".