Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

42 500 муҳоҷири ихроҷшуда куҷо раванд?


Дар як нишасти минтақавӣ дар Бишкек роҳҳои кумак ба муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро баҳс кардаанд

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо ташаббуси созмонҳои байналмилалии “Платформаи Осиёи Марказӣ ва рушд”, “Ико кооперейшн” ва созмони ғайридавлатии “Ёрмандии калисои Дания” мулоқоте дар мавзӯи муҳоҷирати корӣ ва кумак ба муҳоҷирон баргузор шуд.

Афзалхон Алимов - ҳамоҳангсози Маркази мусоидат ба муҳоҷирон, ки ба унвони намояндаи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар ин мулоқот ширкат дошт, мегӯяд, ҳоло шумораи муҳоҷирони тоҷике, ки аз Русия ихроҷ шудаанд ва ҳаққи вуруд ба он кишварро надоранд, 42 500 нафарро ташкил медиҳад. Ин шумораи кам нест ва таҷриба нишон додааст, ки қисме аз онҳо бо номҳои тақаллубӣ шиноснома мегиранд ва дубора худро ба Русия “мезананд”.

Алимов мегӯяд: “Дар охири соли 2012 дар Кодекси ҷиноятии Русия тағйирот ворид карданд. Вақте ки вуруди шаҳрванд ба Русия манъ карда шудааст, вале вай дубора бо номи дигар ба Русия ворид мешавад, ӯро метавонанд 4 сол ба ҳабс гиранд. Дар солҳои аввал шаҳрвандони ихроҷшудаи мо ному насаби худро иваз карда, боз ба Русия сафар мекарданд. Мо маълумот дорем, ки ҳамин гуна шахсон дар Русия ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.”

Ба гуфтаи Алимов, ҳоло фақат бо иваз кардани ному насаб намешавад ниҳодҳои интизомии Русияро гӯл зад, зеро техникаи пешрафтаи муосир акс ва изи ангуштону чашмонро низ сабт мекунад ва ҳуввияти нафар ба осонӣ фош мешавад.


Дар мулоқоти намояндагони созмонҳои ғайридавлатии кумак ба муҳоҷирони корӣ дар Бишкек пешниҳод шуд, ки ҳукумати кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд барои бо кор таъмин кардани чунин афрод барномаҳои вижа таҳия ва онҳоро бо кори зарурӣ таъмин кунанд ё барои муҳоҷирати онҳо ба кишварҳои дигар ёрӣ расонанд. Вале ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Миёна феълан чунин барномаҳо надоранд ва ҷойҳои корие, ки ба муҳоҷирони ихроҷшуда пешниҳод мекунанд, музди ночиз дорад.

Бекорӣ ононро дучори мушкилоти равонӣ мекунад. Дар хонаводаҳои чунин муҳоҷирони ихроҷшуда зӯроварӣ нисбат ба зану фарзандон афзоиш меёбад. Афзалхон Алимов дар ин бора мегӯяд: “Вақте ки муҳоҷирон кор ёфта наметавонанд ва ба Русия ҳам рафтан мумкин нест, он сабаби афзоиши зӯроварӣ дар оила нисбат ба занону фарзандон мешавад. Ҳатто мизони худкушӣ афзоиш меёбад, миқдори ҷиноят дар Тоҷикистон боло меравад.”

Созмонҳои ғайридавлатӣ мегӯянд, барои чунин муҳоҷирони ихроҷшуда бояд давраҳои касбомӯзӣ ва таъмини онҳо бо ҷои корро ташкил кард.

Светлана Абаштовенко - раиси кумитаи ҳамоҳангсози созмонҳои ҳамкориҳои шаҳрвандии “Осиёи Марказӣ ва рушд” ва яке аз созмондиҳандагони мулоқоти Бишкек мегӯяд, солҳои ахир муҳоҷирати кории занон аз ин кишварҳо низ афзоиш ёфтааст. Онҳо ба умеди пайдо кардани кор ва василаи гузарони зиндагии худ ва фарзандонашон муҳоҷират мекунанд. Вале, муттаассифона, дар кишвари мизбон онҳо ба хушунати кордиҳандагон дучор мешаванд.

“Як масъалаи муҳим дар ин раванд ҳифзи ҳуқуқи занони муҳоҷир аст, зеро хушунат бар зидди онҳо низ афзоиш ёфтааст. Хушунат аз ҷониби кордиҳандагон мушоҳида мешавад. Вақте ки чунин занон ба ватан бармегарданд, аз шавҳар талоқ мегиранд, оилаи худро аз даст медиҳанд, аз хонаи шавҳар ронда мешаванд. Табиист, ки ҳукуматҳо ба сабаби душвориҳои иқтисодӣ омода нестанд, ки ба доди чунин занон бирасанд. Барои он ки буҳрони иқтисодӣ рушди ин кишварҳоро боздоштааст,” - мегӯяд Светлана Абаштовенко.

Шӯҳрат Латипов - ҳамоҳангсози Маркази саломатӣ ва бемориҳои равониву норасоии масъунияти бадан ва яке дигар аз ширкаткунандагони мулоқоти Бишкек гуфт, онҳо мехоҳанд дар оянда барои ҳали мушкили муҳоҷирон намояндагони давлату ҳукуматҳоро низ бештар ҷалб кунанд: “Мо дар оянда мехоҳем ба ин мулоқотҳо мақомоти давлатии Русия ва Тоҷикистонро низ даъват кунем. Дар яке аз мулоқотҳои мо дар Бишкек дар аввали ҳамин моҳ сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон низ ширкат дошт. Ҳоло як платформае ташкил шудааст, ки натанҳо созмонҳои ғайридавлатӣ, балки мақомоти давлатӣ низ дар он ширкат мекунанд ва ба ҳали мушкилиҳои муҳоҷирон ҷалб карда мешаванд. Мо ин платформаро дар оянда барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ҳам созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳам намояндагони давлатӣ истифода мебарем.”

Ҳамасола танҳо аз Тоҷикистон беш аз 1 миллион ва тақрибан ҳамин шумор аз Қирғизистон худро ба бозори кори Русия мезананд. Шумори муҳоҷирони корӣ аз Узбакистон то 5 миллион гуфта мешавад. Аробаи рӯзгори хонаводаҳои Осиёи Марказӣ асосан аз ҳисоби муҳоҷират ҳаракат мекунад. Барои мисол, муҳоҷирони тоҷик соли гузашта ба ватан 3,6 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст. Бино ба ҳисобҳо, ин рақам имсол боз ҳам хоҳад афзуд.

Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки душвориҳои иҷтимоии марбут ба муҳоҷирати корӣ маҳофили иҷтимоиро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ низ бетараф намегузорад. Муҳоҷирати кории тоҷикон дар давоми ду даҳсола эътибори ин мардумро дар Русия тағйир додааст ва то ҷое корти муаррифии мардуми тоҷик ҳамин муҳоҷиронаш шудаанд. Оё давлат ва созмонҳои ғайридавлатии кӯмак ба муҳоҷирон метавонанд дар рафъи ин мушкил даст ба дасти якдигар диҳанд ва бо истифода аз ҳар имкони мавҷуда паёмадҳои манфии муҳоҷиратро аз байн бибаранд ё муҳоҷирону муҳоҷирати кориро боз ҳам манбаи сӯдҷӯӣ медонанд?
XS
SM
MD
LG