Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат хабари занозании муҳоҷирони тоҷикро радд кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Хабаргузории русии “Интерфакс” хабар додааст, ки байни муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҷавонони ноҳияи Чехови вилояти Маскав задухӯрди дастаҷамъона рух додааст.

Ин хабарро расонаҳои дигари Русия низ чоп карда ва навиштаанд, ки дар моҷаро 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Аммо Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар сӯҳбат бо Озодӣ ин хабарро радд кард.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00
Линки мустақим



Эгамзод: Баррасии ин қазия ва гуфтугӯ бо масъулини ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Чехови вилояти Маскав собит сохт, ки ин қазия ягон алоқамандӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон надорад. Ҷурм бештар дар расонаҳои хабарии Русия аст, ки ин хабарро бидуни таҳқиқ ба шаҳрвандони Тоҷикистон рабт дода пахш кардаанд. Вақте, ки масъулини сафорати мо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин ноҳия дар тамос шуданд, онҳо гуфтанд, ки гап сари 5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурии Узбакистон меравад ва он ба шаҳрвандони Тоҷикистон ягон рабт надорад.

Озодӣ: Ҳоло сафорат бо ин хабар чӣ кор мекунад? Оё шумо ба Интерфакс эътирозе мекунед ё ба ҷониби мақомоти расмии Русия номаи эътирозӣ мефиристед?

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Эгамзод: Мо ҳатман бо хабаргузории Русия дар тамос хоҳем шуд, зеро ин бори аввал нест ва вақтҳои охир бидуни таҳқиқ ва омӯзиш хабари бардурӯғро ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хусус ба муҳоҷирони кории тоҷик рабт медиҳанд. Дар ин бора мо борҳо аз минбарҳои баланд ҳам гуфта будем, ҳатто чанде пеш дар Анҷумани Иттиҳодияи Рӯзноманигорони Русия, ки дар ин кишвар анҷумани бонуфуз дониста мешавад, мо ин масъаларо матраҳ карда будем. Ба ин кор бояд хотима диҳанд, чунки вазифаи аслии рӯзноманигор расондани хабари дақиқ ба хонанда ва шунаванда аст.

Озодӣ: Дар як хабари қаблӣ дар робита бо моҷарои ноҳияи Чехов сафорати Тоҷикистон гуфта буд, ки ба 4 нафаре, ки аз ин моҷаро осеб дида ва бистарӣ шудаанд, кумак мекунад, ҳатто кумакҳои ҳуқуқӣ. Шумо ин ваъдаатонро пас мегиред ва ё имкон бошад, агар онҳо шаҳрвандони Узбакистон ҳам бошанд, ба онҳо мувофиқи имкон кӯмак хоҳед кард?

Эгамзод: Инҳо шаҳрвандони кишвари дигар ҳастанд ва сафорати мо ҳеҷ гоҳ пеши худ ба кори шаҳрвандони дигар дахолат нахоҳад кард. Нуктаи дигар ин аст, ки хадамоти матбуотии сафорат рӯзе чандин бор матбуоти Русияро роҷеъ ба хабарҳои Тоҷикистон мониторинг ё назорат мекунад. Аз чӣ бошад ки вақтҳои охир ҳар хабаре, ки ба муҳоҷирони корӣ алоқамандӣ ва ҷанбаи манфӣ дорад, бидуни тафтишу таҳқиқ он ба шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дода пахш мегардад. Бинобар ин мо, аз ин пас ба ҳар гуна хабаре, ки ба муҳоҷирони тоҷик иртибот дорад, вокуниш нишон хоҳем дод.
XS
SM
MD
LG