Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел: "Суқути Девори Берлин паём ба ситамдидагон аст" (ИНФОГРАФИКА)


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон гуфт, суқути Девори Берлин дар 25 соли пеш имрӯз паёме барои мардуми ситамдида дар саросари ҷаҳон аст.

Ангела Меркел, ки дар Олмони Шарқӣ ва як кишвари мутеъ ба шӯравии собиқ бузург шудааст, дар рӯзи 9 ноябр ва дар рӯзи саввуми таҷлили 25-умин солгарди суқути Девори Берлин гуфт, ин ҳодиса нишон дод, ки “мо қудрат дорем, ки тақдири худро ба даст бигирем ва зиндагиро беҳтар кунем.“

Ба қавли ӯ, суқути Девори Берлин паёме ба Олмону дигарон дар Аврупо ва “бахусус паёме барои Украинаву Сурия, Ироқ ва дигар минтақаҳо аст, ки ҳуқуқи инсон дар он ҷойҳо дар хатар аст ва ё поймол мешавад.” Дар ҷашну маросимҳои таҷлил аз 25-умин солгарди суқути Девори Берлин, ки се рӯз боз идома дорад ва рӯзи 9-уми ноябр ба поён расид, тақрибан 100 ҳазор нафар ширкат кардаанд.

Дар ин се рӯзи ҷашн, гирдиҳамоиҳое пур аз эҳсосот ва ҳаяҷон баргузор шуд ва сокинони Берлин ва ҷаҳонгардон аз рӯзи 9 ноябри соли 1989 ёдбуд ба амал оварданд, ки дар ин рӯз Девори Берлин, ки дар пайи ҷанги сард Аврупоро ба ду бахш тақсим карда буд, аз байн рафт ва миллионҳо олмонӣ, ки дар зери низоми коммунистӣ ба сар мебурданд, нафаси озод кашиданд.

Солгарди 25-уми суқути Девори Берлин
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00

Поп Франсиск, раҳбари католикҳои ҷаҳон гуфт, ки Девори Берлин дар Аврупо, як рамзи ихтилофи идеологӣ буд. Попи Ватикан, рӯзи 9 ноябр дар як маросими мазҳабӣ гуфт, ҷое девор аст, дар онҷо қалбҳо аз ҳам ҷудоанд. Поп афзуд, "мо ба девор на, балки ба пул ниёз дорем."

Девори Берлин дар соли 1961 барои ҷилавгирӣ аз рафтуомади мардуми Олмони шарқӣ ба Олмони ғарбӣ бунёд шуд. Ин девори 160 километрӣ дар ибтидо аз хишт сохта шуд ва баъдан қадам ба қадам ба девори мустаҳкам ва баланд мубаддал гардид ва аз он шадидан муҳофизат мешуд.

Қабл аз қиёми мардуми Аврупои шарқӣ, ки дар натиҷаи он ҳукуматҳои коммунистӣ сарнагун шуданд, ҳадди ақал 138 ҳазор нафар, ки мехостанд аз Олмони шарқӣ ба Олмони ғарбӣ фирор кунанд, кушта шуданд. Ангела Меркел, ки дар Олмони шарқӣ ба воя расидааст, гуфт, ки солгарди фурӯпошии Девори Берлин на танҳо як ҳодисаи фараҳбахш ва хушӣ, балки рӯзе барои эҳтиром ба қурбониёни он мебошад.

XS
SM
MD
LG