Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти маҷозии муҳоҷирон бо азизонашон дар ватан


Ширкати "Мегафон" дар арафаи Наврӯз мулоқоти маҷозии занону модарон бо шавҳарону фарзандонашонро, ки чанд сол боз дар Русияанд, ташкил кардааст.

Зебуниссо Ҷобирова, як сокини миёнсоли шаҳри Ваҳдат пас аз 13 соли дурӣ ахиран ба дидори фарзанди муҳоҷираш расид. Ҳарчанд ин дидори рӯ ба рӯйи модару писар "вертуалӣ" ё "маҷозӣ" сурат гирифт ва онҳо тариқи скайп бо ҳам сӯҳбат карданд, аммо модар бо ашки шодӣ мегӯяд, дар муддати як соат тавонист то андозае "хумори чандинсолаи дидори фарзандр"-ро бишканад.

Дар тули 13 соли кору фаъолияти фарзанди холаи Зебуниссо дар шаҳри Оренбурги Руссия, онҳо бо ҳам тамоси телефонӣ доштанд, аммо аз дидори ҳамдигар маҳрум буданд.

Холаи Зебуниссо, дар як деҳи дурдасти шаҳри Ваҳдат бехабар аз интернету фанновариҳои иттилоотӣ ва писар ҳам дар муҳоҷират банди кору пешбурди зиндагии хонаводаи бузургаш дар Тоҷикистон ин аҳма солҳо дур аз ҳам, вале бо ёди ҳамдигар зиндагӣ мекарданд. Ин аст, ки холаи Зебуниссо мегӯяд. «Бештар аз 10 сол буд рӯйи ҷигарбандамро надида будам, имрӯз дидам ва як лаҳзаи дидор бо ҳам бароям баробар ба даҳ сол буд, фикр кардам тамоми солҳо дар наздам буд писарам, хуморамро шикастам. Хеле шод шудам, писарам каме дигар, бузургтар шудааст. Аз ҳоли ҳамдигар пурсон шудем. Ташаккур ба ташкилкунандагони ин иқдом, ки моро ба дидори ҳам расонданд.»

Мисли ин модар, ахиран беш аз 5 хонаводаи ваҳдатӣ, ки солҳо боз ҳамдигарро надида буданд, ба дидори ҳам расиданд ва аз тариқи скайп мулоқоти маҷозии рӯ ба рӯ карданд.

Ин имконро ҳам барои хонаводаҳои муҳоҷирони тоҷики Руссия ва дар Тоҷикистон, ба онҳое, ки имкони дстрасӣ ба интернетро надоранд, ширкати мобилии Мегафон бо кумаки хадамоти муҳоҷират фароҳам овард.

Аз тариқи як монитори бузурге ва интернети ройгони ширкати Мегафон, дар маркази шаҳри Ваҳдат, чандин модару фарзанд ва ҳамсарон имкон ёфтанд дар арафаи ҷашни Наврӯз бо шавҳару писар ва бародару дигар наздикони муҳоҷири худ тамос барқарор кунанд ва бо ҳам дарди дил кунанд.

Ҳарчанд онҳо муҳлати зиёде барои сӯҳбат надоштанд, аммо давоми як соат ҳар кас кӯшиш мекард, ҳарфи дили худро ба нафари наздикаш дар он сӯйи монитор, бигӯянд.

Духтараке ба падари раҳдуриаш шеърҳои аз худ эҷодкардаашро қироат мекард, модаре ба писараш дуо медод, ки дар мулки ғарибӣ сиҳату саломат бошад ва ҳамсаре ба шавҳар хабарҳои хонаву деҳ ва мушкилоти худро қисса менамуд.

Аммо ҷавоне ҳам аз Русия ба модараш таъкид мекард, ки дӯстдоштаи ӯро ҳатман хабар бигирад ва пайғоми ӯро расонад. Дар ин сӯҳбати маҷозии рӯ ба рӯ муҳоҷирон тавонистанд якҷо бо наздикони худ аз Тоҷикистон рақсу шодӣ кунанд.

Гулшан Шарипов, ба ин мулоқоти рӯ ба рӯйи видеои барои сӯҳбату дидори ҳамсараш омада буд ва мегӯяд, як сол боз шавҳарашро надидаву ӯро хеле пазмон шудааст, «шавҳарам дар Оренбург кор мекунад, имрӯз пас аз як сол бо фарзандонам ӯро дидему сӯҳбат кардем, бо иди наврӯз табрикаш кардем. Фарзандҳо хеле хушҳол шудан падарро дида. Худоро шукр сиҳату саломат аст.»

Фирӯза Бердиева, як масъули ширкати "Мегафон" дар Тоҷикистон гуфт, дар доираи ин иқдоми онҳо, ки бори саввум аст дар арафаи иду ҷашнҳо баргузор мешавад, ба беш аз 20 хонаводаи тоҷик имкон фароҳам овардаанд то наздикони муҳоҷири худро баъди солҳои зиёде бубинанду мулоқоти рӯ ба рӯи маҷозӣ кунанд.

Як ҳадафи ташкили чунин чорабинӣ ба гуфтаи Фирӯза огоҳ сохтани мардум аз имконоти васеи интернет ва фанновариҳои иттилоотӣ аст, «ин иқдом махсус барои хушҳол кардани муҳоҷироне, ки солҳои зиёд дар Руссия ва дур аз наздикони худ ба сар мебаранд, ташкил мешавад. Мо хонаводаҳои онҳоро дар Тоҷикистон пайдо мекунем ва бо ташкили интернети ройгон барояшон онлайн –мулоқот ташкил мекунем. Мо ин иқдоми худро идома медиҳем, чун бояд мардумро аз имконоти фанновариҳои иттилоотӣ махсусан интернет бояд огоҳ кард. Дар ин чорабиниҳои мо ғолибан онҳое ҷамъ меоянд, ки солҳои тӯлонӣ ҳамдигарро надидаанд. Буд ҳолате, ки писар пас аз дидани модараш баъди 10 сол гуфт ҳатман маблағ пайдо кардаву ба наздаш меояд.»

Дастрасӣ ба фанновариҳои иттилоотӣ ба вижа интернет ба зиндагии муҳоҷирони тоҷик, ки солҳои зиёд аз дидори модарон, фарзандону наздикони худ маҳруманд ранги дигар бахшидааст.

Бино ба омори расмӣ ҳудудан 48 дар сади аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд ва як пажӯҳише дар ду соли қабл миёни 5 ҳазор сокини кишвар аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик ҳам анҷом шуда буд, муайян кард, ки беш аз се дар сади муҳоҷирон ба интернет дастрасӣ доранд ва беш аз 2 дар сади онҳо аз тариқи комютери худ, вориди шабакаҳои ҷаҳонии интернет мешаванд.

Асомиддин Атоев, раиси Академияи маҷозии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Тоҷикистон барои рушд, мегӯяд, шумори муҳоҷироне, ки аз интернету фанновариҳои иттилоотӣ кор мебаранд, меафзояд, «Албатта дастрасӣ ба технологиякҳои комуникатсионӣ бисёр мушкилотро осон кардааст. Ҳоло ягон таҳлили махсус дар робита ба таъсири он ба ҳаёти муҳоҷирон анҷом нашудааст, аммо аз сӯҳбату мушоҳидаҳои зиндагии муҳоҷирони корӣ мешавад хулоса кард, ки интернет тавонистааст, кору зиндагии онҳоро дар дурӣ аз наздикону ватан беҳтар кардааст. Онҳо ҳам бо ҳадафи корӣ ҳам истифода мекунанд аз фанновариҳои иттилоотӣ».

Ҳоло ҳатто мушоҳида мешавад, ки муҳоҷирон тавассути скайпу дигар барномаҳои интернетӣ дар тӯю маросимҳои шодии хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон маҷозан ширкат мекунанд. Яъне аз тариқи скайп ва ба воситаи ягон аъзои хона ӯ метавонад ба ҳам меҳмонони дар манзилаш буда салому хушомадед гӯяд ва табрики худро расонад. Хулоса бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳамагуна иду ҷашн ва тӯю маросимҳо, бигзор аз роҳи дур, аммо дар паҳлӯи наздиконашон ҳастанд.

Аммо албатта, на ҳама хонаводаҳое, ки дар манотиқи дурдасти кишвар ба сар мебаранд аз ин ҳама имкониятҳо огоҳанду тавони дастарсӣ ба онро доранд, онҳо фақат дасти дуо мебардоранд, ки фарзанд, падар, бародаронашон сиҳату саломат бошаду ба наздашон баргарданду ба дидори ҳам бирасанд.
XS
SM
MD
LG