Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркисён ба рақиби аслии худ чӣ ваъда кард?


Серж Саркисён ва рақиби интихоботии вай Раффӣ Ҳованнисён
Серж Саркисён ва рақиби интихоботии вай Раффӣ Ҳованнисён

Рӯзи панҷшанбе дар Кохи раёсати ҷумҳурии Арманистон Серж Саркисён ва рақиби интихоботии вай Раффӣ Ҳованнисён бо ҳам мулоқот ва роҳҳои ҳалли ихтилофотро баррасӣ карданд.

Ин ихтилофот баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шиддат гирифт. Дар давоми ду рӯзи гузашта ҷонибдорони Ҳованнисён ба майдони марказии Ереван баромаданд ва талаб карданд, ки натиҷаҳои интихобот лағв карда шавад, зеро Саркисён дар интихобот баранда набудааст.

Тибқи натиҷаҳои расмии интихобот Саркисён 58,64 ва Ҳованнисён 36,75 дарсад рай гирифтаанд.

Тигран Авапесён, хабарнигори бахши армании радиои «Озодӣ» дар Ереван, дар ду рӯзи тазоҳуроти эътирозии мухолифон дар майдон буд. Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз вай пурсидам, ки оё натиҷаҳои мулоқот эълон шудааст?

Авапесён: Мулоқоти Раффӣ Ҳованнисён бо президент мунтахаб ба поён расид. Ҳованнисён аз Кохи раёсати ҷумҳурӣ берун омад ва хитоб ба ҷонибдорони худ гуфт, ки онҳо пароканда шаванд. Вале даъват кард, ки рӯзи дигар соати 17 дар майдон бори дигар гирдиҳам оянд. Вай ҳамзамон қавл дод, ки дар гирдиҳамоии рӯзи ҷумъа ба ҳамаи суолҳо ҷавоб хоҳад дод ва ҳозиринро аз ҷузъиёти мулоқоташ бо Серж Саркисён огаҳ хоҳад кард. Вай ҳамзамон гуфт, ки роҳҳои муборизаи ояндаро дар ҳамон гирдиҳамоӣ рӯшан хоҳанд кард.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим

Озодӣ: Баъд аз ин муроҷиати Ҳованнисён ҷонибдоронаш майдонро такр карданд?

Авапесён: Асосан пароканда шудаанд. Вазъ ором аст. Беназмӣ мушоҳида намешавад. Дар майдон касе нест. Пагоҳ тазоҳуроти ниҳоӣ баргузор мешавад. Дар оянда чӣ хоҳад шуд, мебинем. Вале то ҳол ҳамин аст.

Озодӣ: Ба назари шумо, кадом суолҳо метавонист дар мулоқоти Саркисён ва Ҳованнисён баррасӣ шавад?

Авапесён: Раффӣ Ҳованнисён дар остонаи мулоқот гуфт, ки вай танҳо дар бораи интиқоли сулҳомези ҳокимият сӯҳбат мекунад. Чизи дигаре дар бораи ин мулоқот ба даст наомадааст. Ин суханони худи Ҳаваннисён аст.

Озодӣ: Фикр намекунед, ки мумкин аст, дар ин мулоқот масъалаи тақсими қудрат ё ҳокимият бар асоси райи ба дастоварда баррасӣ шуда бошад, он гуна ки дар кишварҳои дигар вуҷуд дорад?

Авапесён: Ин гуна гуфтугузорҳо ҳаст. Вале то ба ҳол дар бораи додани мақомоти ҳукуматӣ ё тақсими қудрат дар матбуот ва дар байни таҳлилгарон касе чизе намегӯяд.

Дар давоми ду рӯзи гузашта ҷонибдорони Ҳованнисён бо талаби бекор кардани натиҷаҳои интихобот ба майдони марказии Ереван баромаданд.
Дар давоми ду рӯзи гузашта ҷонибдорони Ҳованнисён бо талаби бекор кардани натиҷаҳои интихобот ба майдони марказии Ереван баромаданд.
Озодӣ: Ба ҳар ҳол, агар ин гуна мақомҳо дар ҳукумат ба ҷонибдорони Ҳованнисён дода шавад, онҳо аз дархостҳои аввалияи худ дар бораи лағви натиҷаҳои интихобот даст хоҳанд кашид?

Аваписён: Ҳоло зуд аст барои посух додан ба чунин суол. Барои он ки ин масъала дар доираҳои ҳизби “Мерос” баррасӣ нашудааст. То ҳол маълум нест, ки онҳо дар чунин ҳолат аз дархостҳои аввалияи худ даст хоҳанд кашид ё на. То ҳол дар ин бора изҳороте надодаанд.


Бахши армании радиои Озодӣ лаҳзаҳои аввали мулоқоти ду рақиб - раиси ҷумҳурии Арманистон Серж Саркисён ва Раффӣ Ҳованнисёнро сабт кард. Сӯҳбати онҳо ингуна шурӯъ шуд:

Саркисён: Мисле, ки ғамгин ҳастӣ?

Ованнисён: На-на, ҳақ дар ҷониби ман аст.

Саркисён: Бифармоед

Ованнисён: Чӣ ҳол доред?

Саркисён: Хуб, хуб.

Ованнисён: Хонуми Саркисён чӣ тур аст?

Саркисён: Хуб, хуб аст. Ҳарчанд ман баранда шудам, вале ҳолаш хуб аст. Хабарнигорҳо ҳузур доранд, сӯҳбатро шурӯъ кунем?

Баъди ин, дар ба рӯи хабарнигорон баста шуд.



Дидори ду рақиб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:31 0:00
XS
SM
MD
LG