Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қонуни медиатсия" муассир хоҳад буд?


Ноболиғе, ки аз мағоза 2 шиша пепси-коларо дуздидааст тайи ду ҳафта бо тавсияи медиатор ва ё миёнрав дар ҳамин мағоза бидуни пардохти музде кор мекунад.

Дар натиҷа додгоҳ дар асоси аризаи ҷабрдида ва ё соҳиби мағоза парвандаи ҷиноиро алайҳи ин ноболиғ қатъ менамояд.

Ин намунае аз Швейтсария буд, ки дар он ҷо нисбати ҷинояткорони ноболиғ «Қонуни Медиатсия» амал мекунад ва ҳамакнун мақомоти Тоҷикистон ҳам мехоҳад, чунин қонунро дар кишвар роҳандозӣ намояд. Тарҳи он, ки аз сӯи вакилони парлумон, намояндагони вазорати адлияи Тоҷикистон ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ таҳия шудааст, рӯзи чоршанбеи 30-юми апрел дар шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид.

Абӯбакр Имомов, яке аз муаллифони ин тарҳ ва намоянда аз вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати қабули шудани қонуни мазкур мумкин аст, ноболиғон камтар равонаи муассисаҳои махсуси ислоҳотӣ шаванд ва аз таъсири манфии боздоштгоҳ наҷот ёбанд. Ба гуфтаи вай, қонуни мазкур ба наврасоне, ки ҷиноятҳои сабуку миёна содир кардаанд имкон медиҳад, ки парвандаи онҳо то расидан ба додгоҳ бо роҳи мусолиҳа ҳал шавад. Ӯ афзуд, «медиатсия шеваи алтернативии баррасии масоили адолати додгоҳист. Яъне агар бо миёнҷигарии медиторон, онҳое ки ба таври мустақил ҷинояти ноболиғро баррасӣ мекунанд, ноболиғи қонуншинкан ва афроди ҷабрдида ба созиш оянд, медиатор ин созишномаро ба додгоҳ ирсол мекунад. Додгоҳ дар навбати худ дар асоси ин созишнома парванди ҷиноиро қатъ мекунад. Фаъолияти медиаторон аз тарафи ҳукумат маблағгузорӣ намешавад ва ҳаққи кори онҳоро бояд ҳар ду ҷониби баҳс пардохт кунанд.»

Ҷаноби Имомов мегӯяд, тибқи таҳлилҳое, ки онҳо анҷом додаанд, шумораи зиёди ноболиғон барои ҷиноятҳои сабук зиндонӣ мешаванд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳадафҳои ислоҳоти низоми додгустарӣ дар ин замина истисно кардани чунин афрод аз ширкат дар муҳокимаҳои расмӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳабси онҳост. Ӯ меафзояд, тарҳи ин қонун дар авохири соли 2013 дар ҳамоишҳои ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон баррасӣ ва тасҳеҳ гардид.

Додситонии кулли Тоҷикистон низ аз ин тарҳ то андозае ҳимоят кард, вале хостори такмили он шуд. Намояндаи он Қурбоналӣ Ҳасанов дар ин ҳамоиш гуфт, эҳтимоли он ки ноболиғон бе ҷазои ҳабс низ ислоҳ мешаванд, зиёд аст ва бояд аз он истифода кард. Вале ба гуфтаи ҷаноби Ҳасанов, «ин масъала нозукиҳои зиёде дорад, ҷиноятҳое, ки ноболиғон содир мекунанд ва тарзи тафтиш бурдану қарор қабул кардани он дар кодекси мурофиавии Тоҷикистон баъзе хусусиятҳои хоси худро дорад. Ва ҳамин хусусиятҳо ҳанӯз дар лоиҳа таҷассум наёфтааст. Ҳамчунин бояд бигӯям ки, барои содир кардани ҷиноят аз сӯи ноболиғон омилҳои мухталиф сабаб мешаванд. Аз ҷумла камаҳамиятии волидайн ва тарбияи хуб надодани онҳо, пурра ба таҳсил фаро гирифта нашудан, набудани ҷойи кор, хулоса як маҷмӯи сабабҳое ҳаст, ки бояд ҷомеа онро ҳал кунад.»

Зимнан, тарҳи ин қонун замоне пешниҳод мешавад, ки ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон мегӯянд, дар баъзе маворид ноболиғони муттаҳам ба қонуншиканӣ, дар марҳилаҳои боздошту бозпурсӣ мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла Умед Ниёзов, як масъули Маркази ҳуқуқи кӯдак мегӯяд, ҳуқуқшиноси ин марказ дар соли 2013 дар баррасии 45 парвандаи марбут ба ноболиғон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ширкат кардааст. Ба гуфтаи ин масъул дар ин давра 8 ҳолати бадрафторӣ нисбати ноболиғони қонуншикан ба ҳагоми тафтишоти пешакӣ сабт шудааст.

Умед Ниёзов афзуд, «ва аммо волидайне, ки дар нисбати фарзандонашон бадрафторӣ сурат гирифтааст аз шикоят ба додситонӣ худдорӣ кардаанд.
Вале дар як парвандаи ҷиноятӣ, ки нозири минтақавӣ дар ноҳияи Ёвон нисбати ноболиғ бадрафторӣ кардаву ман ба ҳайси ҳимоятгар баромад намудам, ин нозири минтақваӣ барои 7 сол аз озодӣ маҳрум гардид.»

Масъулони ин марказ ҳамчунин аз боздошт ва латту кӯби се нобилиғи аз 15 то 17 сола дар яке аз шӯъбаи корҳои дохилии пойтахт ёдовар мешаванд, ки аз соати 5-и бегоҳ то 3-и субҳ, то замоне, ки гуноҳро ба гардан нагирифтаанд, бозпурсӣ шудаанд. Гузашта аз ин бозпурсии ин кӯдакон асосан шабонгаҳ ва бидуни ширкати волидайн ва ё ҳимоятгари онҳо сурат гирифтааст.

Дар ҳоле, ки ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, ҳамчунин ба мушкили дастрасии ноболиғони қонуншикан ба хадамоти вакилони мудофеъ ишора мекунанд.

Баҳодур Саидов, як вакили мудофеъ, мегӯяд, «бинобар он, ки ироаи хадамоти ҳимоятгарон барои ноболиғон ройгон аст, аз ин хотир бархе аз вакилони мудофеъ дар нисбати кори худ хунукназарӣ зоҳир мекунанд. Масалан, аз 1-уми марти соли 2014 то моҳи апрели соли ҷорӣ дар коллегияи мо 97 парванда дар асоси талабномаҳои мақомоти тафтишот ва судӣ адвокатҳо иштирок карданд, ки нисфи ин парвандаҳо марбут ба ноболиғонанд. Шумо тасаввур кунед, ки ҳеҷ яке аз ин парвандаҳо аз буҷаҳои маҳаллӣ пардохт карда намешаванд, ки ба чӣ душвориҳо оварда мерасонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мо аз рӯи ставкаҳои андозбандӣ ба мисли дигар хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандон андозбандӣ карда мешавем. Агар ба вакилони мудофеъ дар ин замина ҳадди аққал имтиёзе дода шавад, мушкил ҳам рафъ мегардад.”

Зимнан, тарҳи Қонуни Медиатсия дар замоне пешниҳод мешавад, ки ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон дар кишвар сол ба сол афзудааст. Бино бар омори расмӣ, соли 2012 агар ноболиғони тоҷик 625 ҷиноят содир карда бошанд, дар соли 2013 теъдоди ин ҷиноятҳо ба 725 расидааст.
XS
SM
MD
LG