Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти чорво аз боҷ озод шуд. Гӯшт кай арзон мешавад? ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон аз аввали моҳи август воридоти чорво ва хӯроки онро аз андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ва боҷи гумрукӣ озод кардаанд. Ин тасмим бо ҳадафи коҳиши нархи гӯшт дар Тоҷикистон гирифта шудааст. Вале ба гуфтаи коршиносон, муҳлати дарозе даркор аст, ки татбиқи қарор ба нарх таъсир кунад.

Тайи тақрибан ду ҳафтаи ахир ва бахусус дар остонаи Иди Қурбон нархи гӯшт дар Тоҷикистон якбора гарон шуда, аз 40-50 сомонии қаблӣ то ба 60-65 сомонӣ расид. Бисёре аз фурӯшандаҳо нархи гарони чорво ва хӯроки онро далел пеш меоварданд.

Аммо харидорон ҳукуматро таҳти танқид қарор медиҳанд, ки наметавонад, нархҳоро зери назорат гирад. Зоҳиран талоши нави ҳукумат ба он равона шудааст, ки бо абзорҳои бозаргонӣ ба нарх таъсир расонда шавад.

Анвар Оқилов, як масъули Хадамоти гумруки вилояти Суғд, охири ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ гуфт, аз 1-уми август барои ворид кардани чорво ва хӯроки чорво андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ситонида намешавад. Вай гуфт, "дастур аз Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳур расидааст". Бо вуҷуди оғози иҷрои ин дастур таъсири он ба нархи гӯшт ҳанӯз эҳсос нагаштааст ва шояд муддати тулониро талаб мекунад.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Воридоти чорво аз боҷ озод шуд. Гӯшт кай арзон мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Ба дасти Радиои Озодӣ низ санаде расид, ки дар он нахуствазир Қоҳир Расулзода рӯзи 29-уми июли имсол аз мақомот талаб кардааст, "барои озод намудани воридоти чорво ва хӯроки чорво аз НДС ва боҷи гумрукӣ санад пешниҳод кунанд".

Як манбаъ дар Вазорати кишоварзӣ рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи асосии озод кардани воридоти чорво ва хӯроки чорво “ба эътидол овардани нархи гӯшт дар дохили кишвар мебошад”.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, "таҳлил нишон дод, ки бо захираҳои дохилӣ имкони поин бурдани нархи гӯшт имкон надорад. Солҳои ахир гову гӯсфандпарварӣ камтар шудааст ва мутобиқ ба тақозои афзояндаи аҳолӣ нест."

Боло рафтани нархи гӯшт пеш аз ҳама сокинони миёнҳол ва камбизоатро асабонӣ кардааст. Рӯзи 13-уми август мо ба маҳаллаи гӯштфурӯшони шаҳри Душанбе рафтем. Дар он ҷо ё аксари дӯконҳо баста буданд ва ё бисёре аз харидорон баъд аз шунидани нарх норозиёна аз назди дӯконҳо дур мешуданд.

Парвиз Хушматов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ қаблан барои хонаводааш ҳар моҳ то 4 кило гӯшт мехарид. Вай гуфт, ҳоло инро то ба як кило поин овардааст. “Барои 80 дарсади аҳолӣ нархи ҳозираи гӯшт гарону дастнорас аст”, -- гуфт ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ.

Феълан аҳолии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби чорвои худӣ бо гӯшт таъмин мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар кишвар беш аз 2 миллион гов ва 5 миллион гӯсфанд шумурда шудааст.

Мақомот то имрӯз чанд дафъа барои ба эътидол овардани нархи гӯшт чораҳоеро рӯи даст гирифтаанд, вале коршиносон мегӯянд, “муваффақ нашудаанд”. Аз ҷумла, мақомот барои қассобон нархи ягонаи гӯштро таъйин мекарданд ё ярмарка ташкил менамуданд. Таъйини нархи паст ба камчинии гӯшт сабаб шуда, сифати маҳсулоти ярмаркаҳо борҳо танқид шудааст.

Коршиносон мегӯянд, иқдоми ахир эътирофи он аст, ки мақомот дигар дар танзими нархи гӯшт ночор мондаанд. Онҳо эътироф мекунанд, ки назорати маҷбурӣ ба нарх дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ҳамеша натиҷаи воруна ё чаппа медиҳад. Танҳо афзоиши пешниҳод ё коҳиши талабот метавонад, нархро паст ё баланд кунад.

Алишер Саидов, иқтисоддони тоҷик, гуфт, "бо ин кор ҳукумат эътироф мекунад, ки дигар нашуд. Яъне, бо он чизе, ки мо дорем, имкон нест, нархи гӯштро пойин баранд. Акнун иҷозат доданд, ки бо ворид кардани маҳсулот аз кишварҳои дигар нарх пойин равад."

Бо ин ҳама маълум нест, ки то куҷо қарори ҳукумат ба поин омадани қимати гӯшт дар бозорҳо мусоидат хоҳад кард.

Шарҳҳоро бинед (22)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG