Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои 1-миллионӣ бо "Макдоналдс" 200 доллар натиҷа овард (ВИДЕО)


Дилшод
Дилшод

Додгоҳи шаҳри Маскав ба намояндагии ширкати «Макдоналдс» амр додааст, ба як шаҳрванди Тоҷикистон 10 ҳазор рубл ҷуброни маънавӣ бипардозад.

Додгоҳи шаҳри Маскав, пойтахти Русия ба намояндагии ширкати «Макдоналдс» амр додааст, барои расонидани зарари моддиву маънавӣ ба як шаҳрванди Тоҷикистон 10 ҳазор рубл (ҳудудан 200 доллари амрикоӣ) ҷуброни маънавӣ бипардозад. Дилшод Бурҳонов, сокини 34-солаи ноҳияи Исфара, ки ширкати «Москва-Макдоналдс»-ро ба додгоҳ кашидааст, рӯзи 15-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар муҳокимаи додгоҳӣ дар рӯзи сешанбе додрас қарор кард, ки даъвои ӯ ба зидди “Макдоналдс” қонунист ва дар воқеъ ин ширкат ба амнияти муштариаш беэътиноӣ карда ва сабаби захм бардоштани ӯ шудааст. Вале Дилшод Бурҳонов аз ҳукми додгоҳ, ки ҳаҷми ҷубронро 100 маротиба поин овард, розӣ нест ва гуфт, талош мекунад, то 1 миллион рубл ҷуброни моддиву маънавие, ки ӯ талаб дорад, пардохта шавад.

Бурҳонов гуфт: “Додгоҳ даъвои маро қисман қонеъ кард. Талаби пардохтани хароҷоти додгоҳиро рад кард, зеро, ба гуфтаи додгоҳ, ширкате, ки ба ман машваратшҳои ҳуқуқӣ медиҳад, ба худи ман тааллуқ дорад. Ба гуфтаи додгоҳ, азбакси ширкат ба ман робита дорад, пардохтани хароҷоти додгоҳӣ зарур нест. Ҳарчанд ба андешаи ман, ин як қарори эҳсосӣ буд ва асосе надошт.”

Дилшод Бурҳонов мегӯяд, моҳи сентябри соли 2014 дар назди даромадгоҳи ресторани "Макдоналдс" дар кучаи Матвеевскаяи шаҳри Маскав пояш ба як милаи оҳанин бархӯрда ва сахт зарб хӯрдаву варам кардааст. Ба гуфтаи Дилшод кормандони ресторан ба муроҷиати ӯ дар бораи хатарнок будани оҳан барои мизоҷон ва бахусус кӯдакон эътибор надодаанд ва барои муолиҷаи захми пояш ҳам ёрии аввалияи тиббӣ нарасондаанд. Баъди ин Дилшод Бурҳонов маҷбур шудааст, ба шифохонае дар Маскав муроҷиат кунад.

Дилшод талаб дорад, ки «Макдоналдс» барои расонидани осеб ба сиҳатиаш, зери таъсири нурҳои рентгенӣ қарор гирифтан ва хатари бемориҳои сироятӣ 450 ҳазор рубл зарари моддӣ, 450 ҳазор рубл барои зарарӣ маънавӣ, 99 ҳазор рубл харҷи додгоҳӣ ва дар маҷмӯъ 999 ҳазору 999 рубл бипардозад.

Дилшод Бурҳонов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд додгоҳ ҳаҷми ҷубронро бисёр поин овард, вале ба гуфтаи ӯ, худи қонеъ кардани даъвои ӯ ва гунаҳкор донистани “Макдоналдс” як ҳодисаи бисёр муҳим аст:

“Мурофиаи дирӯза як ғалабаи стратегӣ аст ва ҳоло бояд барои ҷуброни сазовор мубориза бурд. Мо аз ҳаҷми ҷуброн норозӣ ҳастем ва ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят мебарем, то ки ҷубронеро, ки талаб дорем, пурра пардохта шавад.”

Пеш аз ин додгоҳи ноҳияи Тверскаяи шаҳри Маскав, даъвои Дилшод Бурҳоновро беасос хонда ва комилан рад карда буд. Дилшод Бурҳонов мегӯяд, дар ин муҳокима барои ӯ муҳим ҳаққи инсон аст, ки ба он эҳтиром гузошта шавад:

Агар мо нишон диҳем, ки ҳақ ҳастем, ин як навоварӣ дар низоми додгоҳии Русия мешавад. Мо собит мекунем, ки инсон метавонад, ҳуқуқи худро ҳимоят кунад. Бояд бо як дастовард қонеъ нашуд. Даҳ ҳазор рубл барои ҷуброни моддиву маънавӣ набояд сабаб шавад, ки мо талошҳоямонро хотима диҳем. Барои ҳаққи худ бояд то охир рафт ва онр собит кард.

Дилшод Бурҳонов афзуд, ки баъди гирифтани амри додгоҳ, то се ҳафтаи дигар ба зинаи болоӣ шикоят мебарад. Ба додгоҳ кашидани тарабхона ва ё муассисаву корхонаҳо дар бисёре аз кишварҳо маъмулӣ аст, аммо даъвои додгоҳии шаҳрванди Тоҷикистон, алайҳи ширкати «Москва-Макдоналдс» ва талаби 1 миллион рубл ( баробар ба 20 ҳазор доллар) бори аввал аст.

XS
SM
MD
LG