Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марк Сукерберг соҳиби дипломи донишгоҳи Ҳарвард шуд


Муассиси маъруфтарин шабакаи ҷаҳонии Фейсбук Марк Сукерберг донишгоҳро хатм карда соҳиби диплом шуд. Сукерберг рӯзи 25 май баъди 12 соли тарки донишгоҳ ниҳоят дипломи университети Ҳарвардро ба даст овард. Соли 2005 Марк Сукерберг бо ҳадафи кору такмили тарҳи таъсиси шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҷараёни таҳсил дар донишгоҳро мутаваққиф кард ва пурра ба кори ин шабака дода шуд.

Дар саҳифаи фейсбукии худ Сукерберг акси хушнуди худ ва падару модараш – Эдвард ва Карен Сукербергҳоро чоп кард ва зераш навишт: “Модар, ман ба шумо ваъда дода будам, ки ба донишгоҳ баргашта соҳиби диплом мешавам”. Дар маросими тақдими дипломи донишгоҳи Ҳарвард ӯ бо нутқе ба донишҷӯён муроҷиат кард ва шабро дар утоқи ҳамон хобгоҳе пушти сар кард, ки замоне идеяи таъсиси Фейсбук дар он пайдо шуд.

“Доштани ҳадаф моро ба як бахши чизи бузурге табдил медиҳад ва ҳам эҳсоси эътимод ба худ ва ояндаи беҳтарро медиҳад. Маҳз доштани ҳадаф гарави хушбахтии инсон аст”, гуфт Сукерберг дар муроҷиат ба хатмкунандагони дигари Ҳарвард.

Сукерберги 33-сола ва зодаи Ню-Йорк бо таъсиси шабакаи иҷтимоии Фейсбук яке аз маъруфтарин мутахассисони соҳаи барномасозии компютер ва ҳам соҳибкору филантроп ё хайрхоҳ шуд. Дороиҳои ӯ аз ҳисоби кори ин ширкат миллиардҳо долларро ташкил медиҳад.

Дар як таҳаввулоти сентябри соли 2016 Марк Сукерберг ва ҳамсараш Приселла Чан ваъда доданд, ки барои пажуҳишҳои мубориза бо маризиҳо дар саросари олам, дар даҳсолаи оянда, 3 миллиард доллар ихтисос медиҳанд. Ин дар ҳоле буд, ки соли 2015 ин ҳамсарон $45 миллиард ҳиссаи худро дар Фейсбук барои "рушди тавоноиҳои инсонӣ ва таблиғи баробарҳуқуқӣ" эҳдо карданд.

Ваъдаи эҳдо дафъатан баъди таваллуди духтари онҳо, Макс пахш ва бо истиқболи гарми тарафдоронаш рӯбарӯ шуд.

XS
SM
MD
LG