Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргарет Тетчер, нахуствазири собиқи Британия даргузашт


Нахуствазири собиқи Британия, ки бо лақаби "Бонуи оҳанин" маъруф аст, бар асари сактаи қалб даргузашт.

Маргарет Тетчер, ки бо иродаи оҳанинаш дар аз байн бурдани Девори Оҳанин нақши зиёд дошт, дар синни 87-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ Маргарет Ҳилда Роберт, дар хонаводаи Алфред Роберт, аттори хоксоре ба дунё омада буд, ки ба гуфтаи худаш, амалгароӣ, ҷиддият ва диндорӣ аз меъёрҳои аслии он буд. Маргарети ҷавон бо саъйи хеш ба бахши кимиёни донишгоҳи мӯътабари Оксфорд шомил шуд ва дар онҷо буд, ки ҳунари ҳозирҷавобиву суханронӣ дар мазҳари омро ёд гирифт.


Ӯ ки аз тарафдорони Ҳизби Муҳофизакори Бритониё буд, пас аз ду талоши бенатиҷа, соли 1959 ба порлумон роҳ ёфт ва батадриҷ то ба зинаҳои болоии ин ҳизб расид. Ӯ ба ҳадде сиёсатмадори қавӣ шуд, ки соли 1975 ҷойи Эдвард Ҳез, раиси Ҳизби Муҳофизакорро гирифт ва чаҳор сол баъд дар соли 1979, нахуствазири Бритониё шуд. То он сол ҳеҷ зане ба ин мақоми баланд дар кишвараш нарасида буд. Дар аҳди Тетчер, ҳукумат лаҷоми ҳаракатҳои коргариро, ки ба ҳарфҳои се ҳукумати қаблии Бритониё гӯш намедоданд, кашид ва фаъолиятҳои онҳоро бар асоси қонун маҳдуд кард.


Маргарет Тетчер, ки мегуфт инсони мустақилро набояд, ҷомеа аз ҳаракат боздорад, иқтисоди бозаргониро дар кишвараш эҳё кард, зеро ба андешаи ӯ ҳукумат бо дахолати зиёд ба иқтисод, мардумро танбал карда буд. Ба андешаи Маргарет Тетчер, коҳиши муқаррароти давлатӣ, кам кардани молиёт, фароҳам кардани шароит барои соҳибкорӣ, рӯҳияи инсон ва умедвории онҳоро боло мебурд. Ин сиёсатҳои ӯ як андоза баҳсбарангез ҳам буд, чунки ба иқтисоди Бритониё ҷони тоза бахшид, вале тафовут миёни фақиру сарватмандон ва мушкилоти иҷтимоиро амиқтар кард.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00
Линки мустақим



Ҳамкории наздики Маргарет Тетчер бо Роналд Рейган, раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар солҳои 80-ум ҳаракати ҷаҳониеро ба роҳ андохт, ки ҳадафаш бозори озод, хусусигардонӣ ва коҳиши нақши давлат дар иқтисод буд. Айни замон сиёсати ҳарду мухолифати қотеъона бо низоми коммунистӣ буд. Маргарет Тетчер як замон дар бораи сиёсатҳои худу Роналд Рейган чунин гуфта буд:

"Ҳардуи мо вақте дар кишварҳоямон ба қудрат расидем, ба як чиз эътиқод доштем, аммо ҳарду дидем, ки кишварҳоямон маҳорату истеъдоди нуҳуфтаи худро истифода намекунанд. Рӯҳияи Амрико афтода буд. Шумо шоҳиди ҳодисаи ваҳшатноки гаравгонгирӣ дар Эронро шуда будед ва Амрико ҳоли хубе надошт. Рӯҳияааш афтода буд. Дар Бритониё, мо зимистони бесубот доштем, тазоҳурот ва мисли инҳо. Ҳамингуна барои ҳардуи мо суол матраҳ буд. Мо чӣ гуна ин кишварҳои худро аз бадбинӣ берун карда ва ба ифтихор бирасонем. Мо чӣ гуна соҳибкориро ба роҳ андозем. Мо чӣ гуна метавонем, онҳоро муттаҳарику алоқаманд кунем, ки ҳам барои ҳадафҳои худ ва ҳам тамоми ҷаҳон хидмат кунанд."

Баъди дар Иттиҳодияи Шӯравии собиқ ба сари қудрат омадани Михаил Горбачёв дар соли 1985, ӯ дар ҳамон сол ба Бритониё рафт ва бо Тетчер мулоқот кард. Аз хонум Тетчер дар бораи Горбачёв ин ибора дар ёдҳо мондааст, ки гуфта буд: “ӯ мардест, ки метавонед ҳамроҳаш кор кунед.”


Аммо масъалаи муносиботи Бритониё бо Аврупо ва дар дохили Иттиҳодияи Аврупо, сабаби суқути ӯ дар ҳукумат шуд. Ӯ чандон майли ҳамкорӣ бо Аврупо надошт ва ҳамеша ҳамкориву робитаҳои зич бо Амрикоро бартарӣ медод. Бо вуҷуди онки ҳамкоронаш бо Тетчер ҳамақида буданд, аммо назарҳои ӯро нисбат ба Аврупо беш аз ҳад ифротӣ медонистанд ва ӯро дар ниҳоят ба нафақа фиристоданд.


Аммо аз кори муштараки Тетчеру Рейган танҳо ҳосили ширин боқӣ намондааст. Гуфта мешавад, ки коҳиши беш аз ҳадди муқаррарот дар низоми бонкӣ, ки ҳарду пеш гирифтанд, як сабаби бӯҳрони молии 2007 аст, ки иқтисоди ҷаҳонро ба рукуд андохт. Бори аввал, Маргарет Тетчер, соли 2002 ба сактаи дил ва дигар бемориҳо гирифтор шуд. Дар солҳои пириаш ҳамчунин аз “заволи ақл” ва ё бемории “ҷунун” ранҷ мекашид. Зане ки ба гуфтаи шореҳон, бар асоси эътиқоди қавии худ амал мекард.

Дар ин навори видеоӣ яке аз суханҳои маъруфи "на"-гӯии ӯ сабт шудааст.


XS
SM
MD
LG