Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде дар Лутски Украина як автобус одамро гаравгон гирифт


Автобус бо гаравгонҳо дар маркази шаҳри Лутски Украина, 21 июли соли 2020

Марде, ки гуфта мешавад, бо силоҳи оташфишон ва моддаҳои тарканда мусаллаҳ аст, ронанда ва мусофирони як автобусро дар шаҳри Лутск дар шимолу ғарби Украина гаравгон гирифтааст. Автобус, ки ҳоло, нимирӯзии 21 июл ба вақти маҳаллӣ, дар майдони марказии шаҳр дида мешавад ва одамрабо бо гаравгононҳо дар дохили онанд. Аз қурбоние дар байни мусофирон хабаор дода нашудааст. Олҳа Бузулук, сухангӯи полис дар вилояти Волини Украина гуфт, ки ин мард тақрибан 20 гаравгонро дар даст дорад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ автобусро муҳосира кардаанд. Хадамоти амнияти давлатии Украина шумораи гаравгононро 10 кас мегӯяд. Сардори полиси минтақа Юрий Крошко гуфт, ки дар амалиёт маркази зиддитеррористии Хадамоти амнияти Украина ширкат мекунад. Ба гуфтаи ӯ, мард дар автобус тирандозиро оғоз кардааст ва дар дасташ маводи тарканда низ дорад. Полис бо ин мард тавассути телефон гуфтугӯ мекунад, аммо ҳанӯз маълум нест, ки ӯ чӣ талабҳо дорад. Полис ва нерӯҳои махсуси мусаллаҳ майдони марказиро бастаанд ва аз сокинон даъват шудаст, ки ба ин макон наздик нашаванд.

XS
SM
MD
LG