Хабарнигорон рӯзи 8-уми август зимни нишасти хабарӣ аз Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазир пурсиданд, ки оё дар Чин дар ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон пойгоҳ дорад?
Посухи муовини вазир чунин буд: "Мо ягон хел марказ дар ноҳияи Ишкошим бо Ҷумҳурии Чин насохтем ва вуҷуд ҳам надорад. Ягон чизе нест ҳозир, мо бо Чин дар Ишкошим ягон чиз надорем, умуман дар Бадахшон ягон чиз надорем. Мо маркази экстремизм дорем дар якҷоягӣ дар пойтахт, дар Ишкошим ягон чиз нест".
Ҳарфҳои Абдураҳмон Аламшозода дар ҳоле садо медиҳанд, ки ӯ соли 2021 дар порлумон гуфта буд, ки бо кумаки Чин дар дараи Вахон пойгоҳ сохта мешавад, вале аз он дастаи зудамали Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ё ОМОН, истифода мебарад.
Мавзӯи пойгоҳи Чин дар Вилояти Бадахшони Тоҷикистон баъди соли 2019 борҳо садо додааст. Дар он сол рӯзномаи амрикоии "Вашингтон Пост" навишта буд, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як посгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеч гоҳ онро расман эътироф накардаанд.
Нашрияи бритониёии "Телеграф" ҳам моҳи июли имсол дар як мақолаи бузурге дар бораи Тоҷикистон навишт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин бо назардошти хатари афзоянда аз Толибони ҳоким дар Афғонистон дар хоки Тоҷикистон пинҳонӣ як пойгоҳи низомӣ месозад.
Аммо мақомоти Тоҷикистон пайваста вуҷуди пойгоҳи Чинро дар Бадахшон рад кардаанд.