Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манзура ёфт шуд. Ӯ як ҳафта дар назди... "як зан" будааст


Манзура Ҳамидова, хонандаи синфи 7-и яке аз мактабҳои Душанбе, ки як ҳафта бедарак буд, шоми 11-уми июн дар шаҳри Душанбе ёфт шудааст.

Абдулҳаким Зиёев, бародари Манзура рӯзи 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хоҳарашро кормандони полис шоми дирӯз бо дархости кормандони як ошхонаи пойтахт дарёфт карда ба идораи полис бурдаанд.

Абдулҳаким Зиёев гуфт, то ҷое иттилоъ ёфтааст, хоҳараш тайи чанд рӯзи бедарак будан дар яке аз ошхонаҳои Душанбе «дар назди як зан» будааст. Бародари Манзура гуфт, кормандони полис бо хоҳараш сӯҳбат кардаанд, аммо давоми суолу ҷавобро баъд аз ташхиси тиббӣ гузоштаанд. Ба гуфтаи вай имрӯз хоҳарашро барои муайян кардани вазъи саломатияш аз ташхиси тиббӣ мегузаронанд.

Бо вуҷуди 8 рӯзи бедаракӣ, Зиёев гуфт, хоҳараш ҳарчанд ҷисман саломатияш хуб ҳам бошад, аммо руҳан маъюс ва парешон менамояд.

Манзура Ҳамидова, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 3-юми июни соли 2014 соати 10-00 дар истгоҳи «Голубой экран»-и шаҳри Душанбе ба микроавтобуси тамғаи Mercedes Sprinter, хатсайри №33 савор шуда, вале то ба истгоҳи назди хонаашон – маҳаллаи Гулбутта нарасидааст. Пайвандони Манзура Ҳамидова бо ирсоли як нома ва акси ӯ аз хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ хостааанд, ки барои пайдо намудани духтари 14-солаашон кӯмак кунанд.

Манзура Ҳамидова дар гимназияи исломии шаҳри Душанбе дар синфи 7-ум мехонад. Роҳбарияти гимназияи исломӣ ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки рузе қабл аз гум шудани Манзура бародараш аз роҳбарияти гимназия барои табобати ӯ ҷавоб гирифта буданд. Ба гуфтаи роҳбарияти гимназия рӯзи 3-юми июн Манзура аз бемористон мебоист ба хонаашон мерафт, аммо то ба манзилашон нарасидааст.

Роҳбарияти гимназияи исломӣ гуфтанд, ки Манзура бо вуҷуди он ки дониши хуб надорад миёни ҳамсолонаш ҷисман калон аст ва аз волидонаш хоҳиш кардаанд, ки ҳуҷҷатҳояшро аз гимназия гирифта дар ягон мактаби назди манзилашон гузоранд.
XS
SM
MD
LG