Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеду ноумедиҳои нав дар ҷустуҷӯи Малика ва Сабина


Хабари дар маҳаллаи лӯлинишини Лучоби Душанбе ёфт шудани Малика ва Сабина, ки 7 моҳи пеш нопадид шуданд, пулис ва волидони онҳоро ба Лучоб бурд.

Дар ҳафтумин моҳи нопадид шудани ду духтараки хурдсол дар Душанбе хабаре пахш шуд, ки гӯё касе онҳоро дар маҳалли лӯлинишини Лучоб дидааст.

Рустам Шафиев, сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, се рӯз қабл волидони кудакони гумшуда ба пулис муроҷиат кардаанд ва хостаанд, ки барои пайдо кардани фарзандони нопадидшудаи онҳо дар маҳаллаи Лучоби пойтахт мусоидат кунад.

Ба гуфтаи ҷаноби Шафиев ,«азбаски падару модар худашон занг зада, хоҳиш карданд, ки нозири минтақавиро вобаста кунем то онҳо ба маҳалли лулиҳо раванд, мо ҳам ба ин мусоидат кардем. Вобаста ба ахбори худашон гуё кудакон онҷо ҳастанд, мо ҳам мошин ташкил кардем, рафтанд, ҷои лулиҳоро диданд, гашта омаданд». Ин далел, ки сафари волидони ду кӯдаки гумшуда ба Лучоб натиҷа надод, онҳоро ба пайдо кардани кӯдакон дар оянда ноумедтар кард.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00
Линки мустақим

Сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳамчунин гуфт, ҳарчанд талоши мақомот ба ёфтани ду духтараки гумшуда идома дорад, аммо бо гузашти ҳафт моҳ аз ин ҳодиса маълумоти мушаххасе дар даст нест. Бо вуҷуди ин, гуфт ҷаноби Шафиев, ҷустуҷӯи дубораи духтарчаҳо оғоз ёфтааст. «Як маротибаи дигар, корро аз нав аз ҷои ҳодиса сар кардем. Шахсоне, ки дар бинои истиқоматии кудакон зиндагӣ мекунанд, онҳое ки аз пеши хонаи Араловҳо гузашта ба мактабҳо мераванд, духтаракҳое, ки як бор ҳамроҳи онҳо ба магазин рафта омаданд, инҳо Роҳила, Савсан, Маша буданд, бо ҳамаи онҳо сӯҳбатҳо кардем»- гуфт сардори шӯбаи пулис.

Рустам Шафиев мегӯяд, ҳафт моҳи пеш кӯдакҳо дар соати 16-30 нопадид шуданд, вале волидони онҳо ходимони умури дохилиро дар соати 21-00 бохабар карданд.

Бо вуҷуди оғози амалиёти ҷустуҷӯии нав, зоҳиран, умедвориҳое ки Малика ва Сабина ба зудӣ пайдо хоҳанд шуд, акнун ҳарчӣ бештар ба нобоварӣ табдил меёбанд. Волидони Сабинаву Малика низ мегӯянд, ки ҳоло ягон аломати умедворкунанда дар роҳи ёфтани ҷигарбандонашонро намебинанд.

Улуғбек Аралов, падари яке аз духтарчаҳои нопадидшуда дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ин ҳама талошҳо то ҳанӯз бенатиҷаанд: «Парванда боз карданд, ростӣ, намедонам, ки ҳоло кадом муфаттиш кор бурда истодааст. Бо мақомоти корҳои дохилӣ доим дар тамос ҳастем».

Дар ин байн варақаҳо дар бораи гум шудани духтарчаҳо дигар дар кӯчаҳои Душанбе ба назар намерасанд ва воҳимаи мардум аз ин қазия, ки "одамрабоӣ" номида шуд, тақрибан фаромӯш шудааст.

Малика ва Сабина, ки фарзандони ду бародар ҳастанд, рӯзи 25 марти соли 2013 аз ҳавлии биное дар хиёбони Айнӣ, наздикии маркази тиҷоратии "Садбарг"-и пойтахти Тоҷикистон ғайб заданд. Ин ҳодиса омори гуногунеро дар бораи бенишон шудани кӯдакону наврасон ва ҳамзамон овозаҳои мухталифи ваҳмангезеро сари забонҳо кард. Биноан, падару модарон, муаллимони мактабҳо ва мураббияҳои кӯдакистонҳо муроқиби кӯдаконанд ва талош мекунанд, ки онҳоро беназорат нагузоранд. Бино ба маълумоти расмӣ, дар нимаи аввали соли равон 95 ноболиғ гум шуда буданд, вале кормандони милиса 81 нафари онҳо пайдо карданд.
XS
SM
MD
LG