Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Ҳисор – мансаби нави бародарзодаи президенти Тоҷикистон


Умедҷон Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Умедҷон Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Умедҷон Раҳмон, бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, додситони шаҳри Ҳисор таъйин шудааст. Аз миёнаҳои соли 2022 то ин дам дар ин мақом Баҳодур Ҳамид кор мекард.

Мансаби нав гирифтани хешованди президентро расман дар ҷое нашру эълон накарданд. Ду манбаи огоҳ рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Умедҷон Раҳмон корро дар мақоми нав як моҳ пеш шуруъ намуд. Ӯ то охири моҳи январи имсол додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд.

Умедҷон Раҳмон 39-сола ва писари Нуриддин (Хайриддин) Раҳмон, бародари Эмомалӣ Раҳмон аст. Нуриддин Раҳмон дар соли 2017 даргузашт. Соли 2005 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, полковники адлия аст.

Аз ин пеш, Эмомалӣ Раҳмон бародарзодаи дигараш Исломиддин Раҳмонро раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон таъйин кард. Вай то ин дам раиси ноҳияи Данғара буд.

Намояндагони мухолифон ва созмону кишварҳои ғарбӣ раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро пайваста ба хешутаборбозӣ (непотизм) ва инҳисор (монополия)-и қудрат танқид мекунанд.

Вай падари 7 духтар ва 2 писар аст. Писараш Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбест. Духтараш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон.

Рухшона Эмомалӣ сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ буда, Таҳмина Раҳмон, духтари дигари раиси ҷумҳур, ҳамроҳи шавҳараш Зарифбек Давлатов машғули тиҷоратанд. Ашрафҷон Гулов, домоди дигари хонавода, сафири Тоҷикистон дар Туркия аст.

На президент ва на наздиконаш дар мавриди иттиҳомҳои хешутаборбозӣ дар ниҳодҳои расмӣ ибрози назар накардаанд. Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон чанд сол пеш ба суоли он ки дар як сохтор кор кардани пайвандони наздик оё қонуншиканӣ нест, посух дод, ки дар ин ҳол қонун халалдор нагаштааст.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 23-юми апрел дар гузориши солонааш дар мавриди риояи ҳуқуқи башар навишт, Эмомалӣ Раҳмон бо оилааш “дар иқтисоду сиёсат қудрати фарогир” доранд.

XS
SM
MD
LG