Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдорони тоҷик бе иҷозаи президент олим намешаванд?


Мулоқот бо зиёиён. 18-уми марти 2020
Мулоқот бо зиёиён. 18-уми марти 2020

Мансабдорон дар Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки танҳо бо иҷозаи расмии президент рисолаи илмӣ дифоъ кунанд. Ин дар ҳолест, ки пойгоҳи мустақили "Диссернет" дар се соли охир чандин мансабдори тоҷикро ба плагиат ё рӯйбардор кардани осори олимони дигар муттаҳам кард, ҳарчанд баъзе аз онҳо иттиҳомро напазируфтанд.

Кумисюни олии аттестатсионии назди президенти Тоҷикистон дар номае ба шӯроҳои илмии донишгоҳҳои кишвар дастур додааст, рисолаҳои кормандони ниҳодҳои давлатиро танҳо пас аз иҷозаи президент баррасӣ кунанд.

Ин дастур дар нимаи соли гузашта омода шудааст, аммо аксар шӯроҳои илмии донишгоҳҳо онро тоза (нав) дастрас кардаанд. Нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ ҳаст.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки пойгоҳи интернетии "Диссернет" аз соли 2018 ба ин сӯ рисолаҳои олимони тоҷикро аз ғалбер гузаронда, навиштаҳои чанде аз онҳоро "плагиат” номид.

Дар байни онҳо номи мансабдорони баландпояи тоҷик, аз ҷумла муовини сарвазир Давлаталӣ Саид ва ёвари раиси ҷумҳур оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмон низ ҳастанд.

Дар дастури нав гуфта шудааст, "диссертатсияҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар шӯроҳои диссертатсионӣ танҳо бо иҷозати роҳбари давлат роҳандозӣ карда шавад", вале далели чунин тасмимро ошкор накардаанд.

Дар дастур таъкид мешавад, ҳимояи корҳои илмӣ мӯшикофона таҳқиқ шаванд ва “пӯхтаю бехато” ба Кумисюни олии аттестатсионӣ фиристода шаванд.

Як мақоми Кумисюни олии аттестатсионӣ бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ин дастур баъди он таҳия шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2020 дар суҳбат бо зиёиён аз ифшо шудани асардуздии олимони тоҷик танқид кард.

"Як замон ба онҳое, ки номзади илм буданд, дар гирифтани мансаб имтиёз медоданд. Аз ин рӯ, талош барои ҳимоя миёни мансабдорон авҷ гирифт ва онҳо бо ҳар роҳе мехостанд, “олим” шаванд. Ҳоло пас аз танқиди президент шумораи мансабдорони олимшав кам шудааст", ‑‑ гуфт ҳамсуҳбати мо рӯзи 2-юми феврал.

Танқидҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз як силсила ифшогариҳои пойгоҳи интернетии "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, садо дод. Он замон асардуздии беш аз 40 олими тоҷик ошкор шуда буд.

Ин пойгоҳ, ки асардуздиии "олимон"-ро дар қаламрави Русия ва баъзе аз кишварҳои дигари Шӯравии собиқ фош мекунад, соли 2018 ба Тоҷикистон тамаркуз кард ва пушти ҳам дуздии даҳҳо "олим"-ро ифшо намуд.

Бисёре аз муаллифон дар баробари иттиҳоми асардуздӣ сукутро пеша карданд, вале теъдоде гуфтанд, ки дар ҳаққи онҳо бӯҳтон задаанд.

То се сол пеш пажӯҳишгарони тоҷик барои дарёфти унвони илмӣ маҷбур буданд, қисми рисолаҳои худро бо тарҷумаи русӣ дар ВАК-и Русия ҳимоя кунанд. ВАК ва ё Кумисюни олии аттестатсионии Русия рисолаҳои илмии олимони тоҷикро арзёбӣ ва ба онҳо унвони илмӣ медод. Аммо Тоҷикистон ҳоло ВАК-и худро таъсис додааст. Олимон имкон доранд, рисолаҳояшонро барои арзёбӣ ба ин кумисюн пешниҳод кунанд.

XS
SM
MD
LG