Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз вазири нав қазияи "Диссернет"-ро пурсиданд.ВИДЕО


Маҳмадюсуф Имомзода бори аввал дар мансаби вазири маорифи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ иштирок кард
Маҳмадюсуф Имомзода бори аввал дар мансаби вазири маорифи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ иштирок кард

Вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки ба хулосаҳои “Диссернет” ё пойгоҳи ошкорсозии асардуздии донишмандон, аз ҷумла, олимони тоҷик, "чандон эътимод" надорад. Ин дар ҳолест, ки тибқи таҳқиқи “Диссернет” дар ду соли гузашта тахминан чил донишманди тоҷик дар асардуздӣ муттаҳам шуданд. Дар миёни муттаҳамон, аз ҷумла, исми ҷойгузин ва муовинони раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нашр шуда буд.

Нахустин нишасти матбуотии Маҳмадюсуф Имомзода дар курсии вазири маориф ва илми Тоҷикистон зуҳри 31-уми январ дар Душанбе баргузор шуд ва дар канори масоили дигар хабарнигорон аз вай назарашро дар бораи асардуздии донишмандони тоҷик савол карданд.

Аз вазири нав қазияи "Диссернет"-ро пурсиданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00

Имомзода дар посух ба ин савол гуфт, ки ба хулосаҳои “Диссернет”, қароргоҳаш дар Маскав, ки то ҳол асардуздиии олимонро дар қаламрави Русия ва баъзе кишварҳои дигари пасошӯравӣ фош кардааст, “чандон эътимод надорад”. “Диссернет” соли 2018 ба Тоҷикистон тамаркуз кард ва пушти ҳам дуздии даҳҳо "олим"-ро, ки баъзеҳо мақомдори давлатӣ низ буданд, ифшо намуд. Ин фошкориҳо моҳҳои зиёд мавриди баҳсу интиқод дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.


Академик Маҳмадюсуф Имомзода дар баробари хабарнигорн гуфт, дар замони фаъолияташ дар курсии раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “бори нахуст дар кишвар” аз Русия барномаи “Антиплагиат”-ро харидорӣ карда, дар компютери донишгоҳ насб кард. Вай бар ин назар аст, ки “Диссернет” бо истифода аз ҳамин барнома рисолаҳои илмиро баррасӣ мекунад. Ӯ гуфт, дар “бисёр ҳолатҳо натиҷаи ин пажӯҳиш дуруст нест”. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон афзуд:

“Бисёр афсӯс мехӯрам, ки мардум бесалоҳиятона ба ин масъала даст мезананд. Хуб мешуд, агар пеш аз навиштани матлабе дар ин бора бо ман машварат мекарданд. Бигирем, дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ. Олими тоҷик рисолае дар бораи Конститутсияи Тоҷикистон рисолае менависад. Ин барнома нишон медиҳад, ки садҳо, ҳазор маротиба калимаи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия такрор шудааст. “Диссернет” бар пояи чунин таҳқиқоти худ хулоса мекунад, ки рисолаи донишманди тоҷик асардуздӣ ё плагиат аст. Ин комилан дуруст нест. Аммо ман иқрор мешавам, ки дар ин арса дар илми тоҷик мушкилот вуҷуд дорад, вале на ба андозае, ки “Диссернет” менависад”.


Ин дар ҳолест, ки танҳо соли гузашта пойгоҳи “Диссернет” феҳрасти 39 номзад ва доктори илмҳо аз Тоҷикистонро нашр кард, ки дар плагиат ё асардуздӣ айбдор шудаанд. Дар миёни онҳо исми афроди маъруфи ҷамъиятиву сиёсӣ низ дида мешавад.

Раҳматилло Зойиров, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва роҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, дар чанд соли ахир дар ҳимояи рисолаҳои илмии 65 донишманди тоҷик мусоидат кардааст, дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки суханони вазири маориф ва илми Тоҷикистон то андозае дар робита бо рисолаҳои илмии бахши қонунгузорӣ воқеият доранд. Вале на дар нисбати дигар бахшҳои илм. Ҷаноби Зойиров афзуд:


“Дуруст аст, ки мафҳумҳои қонунгузорӣ дар бештаре аз кишварҳо яксон аст ва олимони ҷавон бояд бештар ба шарҳи нуқтаҳои қонун рӯ оваранд. Аммо дар фанҳои дигар, аз ҷумла, дар арсаи фалсафаву филология ва таърих асардуздии донишмандони тоҷик тасдиқ шудааст”.

Ба андешаи бархе донишмандон, сабаби аслии вуҷуди ҳолатҳои асардуздӣ дар ин аст, ки муаллифон ваё ёварони онҳо матнҳои навиштаи дигар донишмандонро бо пул мехаранд ва дар матни навишташуда таҳриҳои ҷузъӣ ворид мекунанд.

Аз замони оғози ошкорсозии “Диссернет” ному рисолаҳои даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон нашр шуд, ки ба гуфтаи коршиносони ин пойгоҳи мустақил, дар рисолаҳои илмии онҳо "дуздӣ" аз кори донишмандони дигар мушоҳида мешавад. Дар байни онҳо номи мансабдорони тоҷик, аз ҷумла Давлаталӣ Саид, муовини нахуствазир, Шоҳин Саидов, писари Нуриддин Саид, вазири собиқи маориф ва дотсенти яке аз кафедраҳои ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси собиқи вилояти Хатлон ва дигарҳо мебошад.

Бисёре аз муаллифон дар баробари иттиҳоми асардуздӣ сукутро пеша карданд, вале теъдоде ҳам гуфтанд, дар ҳаққи онҳо бӯҳтон задаанд.

Соли 2019 Тоҷикистон ВАК - Комиссияи олии аттестатсионии худро таъсис дод, то рисолаҳои илмии олимони тоҷикро дар дохили кишвар баҳогузорӣ кунанд, вале маълум нест оё дурустӣ ё эҳтимоли вуҷуди ҳолати асардуздӣ дар ин корҳои илмӣ чигуна санҷида мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG