Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: "Диссернет" оддитарин меъёрҳои ахлоқро риоят намекунад. ВИДЕО


Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пас аз фошкориҳои пойгоҳи "Диссернет", ки беш аз 30 олими тоҷикро ба асрдуздӣ айбдор кард, имрӯз 4-уми май бо нашри як баёния гуфт, иддаоҳои ин пойгоҳ "заминаи ҳуқуқӣ ва илмӣ" надоранд.

Вазорати илм ва маориф ҷиҳати санҷиши иддаоҳои "Диссернет" як гурӯҳи корӣ таъсис дода буд ва пас аз санҷиш ин гурӯҳ, вазорат ба чунин хулоса расидааст. Дар оғози баёния вазорат гуфтааст, "Диссернет" рисолаҳои илмие, ки тибқи тартиби пешинаи Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Русия дифоъ шудаанд, имрӯз аз рӯи талаботи тартиби нави аз ҷониби ин Комиссия муқарраргардида, баррасӣ мекунад.

Фошкориҳои "Диссернет"-ро вазорати маорифи Тоҷикистон ба Алексей Родченков, собиқ корманди РУСАДА қиёс кардааст, ки бо гуфтаи вазорати маориф, мехоҳад илми тоҷикро мисли варзиши Русия беобурӯ кунад.

Вазорати маориф ва илм дар идома мегӯяд, қонунҳо, стратегия, барнома ва санадҳои дигареро, ки дар рисолаҳои илмӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон истифода гардидаанд, "Диссернет" ҳамчун иваз кардани "Федератсияи Русия" ба "Ҷумуҳрии Тоҷикистон" меҳисобад, ҳол он ки худи санадҳои зикршуда бо истифода аз таҷрибаи Русия таҳия гардида, ба шароити Тоҷикистон мувофиқ гардонида шудаанд.

Вазорати маорифи ба таъсидиҳандагони "Диссернет" низ таваҷуҳ зоҳир карда, онҳоро нафарони "шубҳаовар" номидааст. Ин иддаои худро вазорат бо он асоснок кардааст, ки муассисони пойгоҳи "Диссернет" бо Алексей Навалний, як роҳбари мухолифон дар Русия иртибот доранд.

Фошкориҳои "Диссернет"-ро вазорати маориф ба Алексей Родченков собиқ корманди РУСАДА қиёс кардааст, ки бо гуфтаи вазорати маориф, мехоҳад илми тоҷикро мисли варзиши Русия беобурӯ кунад.

"Дар Тоҷикистон харидан мумкин..."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00

Вазорати маориф дар хулосаи худ гуфтаст, ки Тоҷикистон рисолаҳои зикршударо бо қувваи мутахассисони худи кишвар мустақилона аз нав ташхису баҳогузорӣ карда, ба хулосаҳои "Диссернет" ҳамчун ба даъвое, ки заминаи илмию ҳуқуқӣ надоранд, муносибат мекунад.

Тайи як моҳи ахир "Диссернет" - як пойгоҳи хусусӣ дар Русия, рисолаҳои илмии бархе аз муҳаққиқони тоҷикро мавриди шубҳа қарор дода, исми тахминан 30 номзад ва доктори илмро ба ҳайси нафароне овардааст, ки дар матни рисолаҳои илмии онҳо плагиат ё нишонаҳои асардуздӣ ошкор шудаанд.

Бархе донишмандон мегӯянд, ки чунин ҳодисаҳо ба кору обрӯи муҳаққиқоне соя меафканад, ки бо заҳмати зиёд талош мекунанд ҳарфи наверо дар илми тоҷик бигӯянд.

Барномаи вижаи компютерӣ мутобиқати матнҳои донишмандони муттаҳам ба асардуздиро бо матнҳои муаллифони аввалаи онҳо муқоиса карда, мавридҳои нусхабардорӣ шудани матнҳоро ҳам собит кардааст. Моҷарое, ки ба матбуот роҳ ёфт, тайи ҳафтаҳои охир яке аз пурбаҳстарин мавзӯъҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.

"Диссернет" як пойгоҳи озоди донишмандону муҳаққиқони ихтиёрӣ буда, вуҷуди плагиат ё асардуздиро дар корҳои таҳқиқотии илмиву докторӣ месанҷад, бо Комиссиюни олии аттестатсионии вазорати илми Русия ё ВАК рабте надорад. Маҳз ҳамин комиссиюн масъулияти тақдими унвони илмиро ба донишмандон, аз ҷумла олимони тоҷик ба ӯҳда дорад.

Вале пахши матолиби дуздидашудаи илмӣ пеш аз ҳама ба обрӯи муаллифон зарба мезанад ва қонунмандии унвони илмии онҳоро зери суол мебарад. Бархе мунаққидон мегӯянд, иттиҳоми на камтар аз 30 донишманду мақоми баландпояи тоҷик дар асардуздӣ на танҳо ба шахсияти онҳо, балки ба обрӯи илми тоҷик ҳам таъсири манфӣ расонд.

Мансабдорони тоҷи дар феҳристи "Диссернет"

ВАК-и Русия тақрибан як моҳ қабл рӯзи 4-уми апрел ба раҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, ки фошкориҳои ахири созмони “Диссернет” ба онҳо рабт надорад ва ин ҳукми ниҳоӣ нисбат ба олимони тоҷик нест.

Дар миёни онҳое, ки пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ ё плагиат муттаҳам кардааст, аз ҷумла ёрдамчии раисиҷумҳур дар умури кадрҳо Асадулло Раҳмонзода, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик” Аслӣ Назаров, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисоди хоҷагии қишлоқ Нарзулло Амиров, писари вазири маориф ва илми Тоҷикистон Шоҳин Саидов ва чандин мудири кафедраҳои илмии мактабҳои олии Тоҷикистон низ ҳастанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG