Ҷоизаи 50 ҳазори евроии (65 ҳазор долларӣ) Сахаров солона аз сӯи Парлумони Аврупо ба баргузидаҳо дар ҳавзаи ҳомиёни ҳуқуқи башар ва мудофеони озодии баён дода мешавад.
Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Малола Юсуфзай аз имконияти ҷиддии баранда шудани ин ҷоиза бархӯрдор аст. Барандагони ин ҷоиза дар таърихи 10-уми октябр эълон хоҳанд шуд.
Гурӯҳҳое чун "Эътилофи либеролҳо ва демократҳои Аврупо" ва "Сотсиалист ва демократҳои Аврупо" ва низ ҳизбҳое чун "Ҳизби мардуми Аврупо" ва "Гурӯҳи муҳофизакорони ислоҳгарои Аврупо" эълом карданд, ки аз номзадии Малола Юсуфзай ҳимоят менамоянд.
Эдвард Сновден, ки барои ифшои барномаи гӯш кардани махфиёна ва назорати маълумоти маҳрамонаи корбарони интернет аз Амрико гурехт ва дар Русия ба унвони паноҳанда ба сар мебарад, аз сӯи аҳзоби Сабз ва Озодиҳои фардӣ, мавриди ҳимоят қарор гирифтааст.
Алес Белятский, Эдвард Лобай ва Микола Статкевич ҳам аз ҳимояти намояндагони Лаҳистон бархӯрдоранд ва ҳар як ба намояндагӣ аз ҷомеаи норозиён ва дигарандешони Белорус, номзади касби ҷоизаи Сахаров муаррифӣ шуданд.
Шарҳҳоро бинед (4)
Боз кардани шарҳи бештар