Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди гузориши Радиои Озодӣ: Мадинаро аз Саудия баргардониданд. ВИДЕО


Мадина Худоназарова
Мадина Худоназарова

Як ҷавонзани тоҷик, ки аз зиндагиву кории сангинаш дар манзили як хонаводаи Арабистони Саудӣ шикоят карда буд, ба Тоҷикистон баргашт.

Вазъи риққатбори ӯ дар хонаи кордиҳанда дар шаҳри Бурайдаи вилояти Ал-Қасим баъди он ошкор шуд, ки бо дархости кӯмак Мадина Худоназароваи 38-сола ба Радиои Озодӣ муроҷиат кард. Мадина зиндагиву кор дар хонаи кордиҳандаашро бо ҳолати “ғуломӣ” шабоҳат

Онҳо маро инсон ҳисоб намекарданд. Ман ба хулосае расидам, ки кор дар хонаи корфармои араб барои зани тоҷик номумкин аст

дод ва гуфт, ки бо ҳуқуқи кам ва бидуни истироҳат маҷбур буд соатҳои тӯлонӣ хизмати хонаводаро бикунад.

Мадина ду моҳ пеш бо кӯмаки сафорати Тоҷикистон дар Риёз ва ҳам Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ба манзилаш дар Душанбе расид ва дар муддати ду моҳи охир дар канори се фарзанду модараш қарор дошта инчунин бо барқарории саломатиаш машғул аст. Мадина гуфт, тасмими кор дар Саудия “бузургтарин иштибоҳ дар зиндагӣ”-аш будааст.

Ҷузъиёти наҷот ва ҳам ду моҳи бидуни маош

Мадина Худоназарова рузи 18-уми апрел дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар вақтро баргардонида мешуд, ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин иштибоҳ роҳ намедод. Вай гуфт:

“Ман аз Радиои Озодӣ ва мақомоти Тоҷикистон сипосгузорӣ мекунам. Медонед, вақте ман дар бораи азобҳоям дар хонаи корфармо ба шумо ва вазорати корҳои хориҷӣ навиштам, шахсан Саидҷон Шафиев консули Тоҷикистон дар Саудӣ ин қазияро пайгирӣ кард. Ва маро аз хонаи корфармо берун оварданд. Созмони ҷаҳонии муҳоҷират харҷи чиптаи парвоз ба суи Тоҷикистонро пардохт кард ва ҳоло барои табобатам ҳам кумак мекунад”, - афзуд ӯ.

Мадина гуфт, баъди нашри гузориш дар Радиои Озодӣ дипломатҳои консулгарии Тоҷикистон дар Риёз бо ӯ дар тамос шуда, баъди муддате ба манзили корфарои ӯ рафтанд. Мадина гуфт, зоҳиран соҳиби хона дар бораи омодани онҳо хабар дошт, ки ҳамон рӯз дар хона набуд: "Вақте онҳо омаданд, фақат ҳамсари корфармо дар хона буд. Ман мехостам маоши ду моҳи охирро ҳам гирам, чунки онҳо ду моҳи ахир ба ман ҳақмузди корамро надода буданд. Вале марди араб дар хона набуд. Пеш аз он вақте корфармо фаҳмид, ки намояндаҳои Тоҷикистон меоянд, се руз дарро маҳкам карда рафтанд, ман ҳам ин се руз хӯроки дурусте нахурдам”.

Баъди гузориши Радиои Озодӣ: Мадинаро ба Тоҷикистон баргардониданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

"Маро инсон ҳисоб намекарданд"

Мадина Худоназарова рӯзи 12-уми январи соли ҷорӣ аз шаҳри Бурайдаи вилояти Ал-Қасим дар як тамоси телефонӣ аз Радиои Озодӣ кумак хост ва гуфт, ки дар Арабистони Саудӣ дар хонаи кордиҳандааш зиндагии ғуломона дорад ва мунтазири ёрии мақомот аст.

Мадина мегӯяд, чанд сол қабл мисли садҳо муҳоҷири тоҷик барои кор ба Русия мерафт. Вай гуфт, ки баъди марги ҳамсараш масъулияти пурраи саробониву таъминоти фарзандон ба дӯши ӯ афтод ва ӯ ба умеди даромади беҳтар роҳии Русия шуд. Вале тирамоҳи соли 2016 баъди шунидани ваъдаи кори сердаромаде дар Арабистони Саудӣ аз Русия роҳ сӯи Арабистони Саудӣ гирифт.

Тавре худаш мегӯяд, дар муддати камтар аз ду сол дар ду хонаводаи сокинони маҳаллӣ кор кард. Дар хонаи дуюме, ки бо тамизкориву нигоҳубини фарзандон машғул буд, шароиташ сангин буд: бо чанд соат хоб аз ӯ иҷрои ҳамаи корҳои хонаро талаб мекарданд, дар ин муддат на рӯзи озоду истироҳат ва на рухсатӣ дошт. Даромади моҳонааш ҳам, ба гуфтаи ӯ, на 600 доллари ваъдагӣ, балки 400 доллар буд. Илова ба ин, мегӯяд, ҳеҷ гоҳ шартномаи корро бо чашми сар надидааст.

Вай мегӯяд, соҳибони хона ба ӯ раҳм намекарданд:

“Ҳатто дар пеши ман мегуфтанд, ки нафаре ки дар хонаи мо кор мекунад, ғулом аст. Онҳо маро инсон ҳисоб намекарданд. Ман ба хулосае расидам, ки кор дар хонаи корфармои араб барои зани тоҷик номумкин аст. Беҳтар дар як коргоҳу ниҳод ба ҳайси фаррош кор кунанд, аммо на ҳамчун хизматкор дар манзили онҳо”.

Мадина ки баъди фишорҳои равонӣ ва зиндагии сахт дар хонаи корфармо аз нав ба зиндагии маъмулӣ бармегардад, мегӯяд аз ин ҳама саргузаштҳо як дарси ибрат гирифт, ки занон набояд мисли ӯ аз руи ҳавас барои кор ба кишвари бегона раванд. Мадина гуфт, боз аз он афсӯс мехӯрад, ки солҳои 2000-ум таҳсилаш дар риштаи журналистикаи донишгоҳро қатъ карда ҳоло бидуни ихтисос ва диплом аст. Вагарна ҳоло дар ватан зиндагии беҳтаре дошт:

“Аз соати 6-и субҳ то 12-и шаб кор мекардам. Тамиз кардани хона, кори ошхона, нигоҳубини кудак, шустушуи либос. Ҳатто ёдам ҳам ки вақте як шаб зиёд хаста шуда ба утоқам даромадам хоб кардам, соҳиби хона омаду дарро бо зарб куфт ва гуфт? ки як коса ношуста мондааст ва бояд аввал онро шӯям”, - нақл кард ӯ.

Дар пешорӯи бекории нав

Мадина Худоназарова ва фарзандонаш ҳоло дар хонаи модар дар Душанбе зиндагӣ мекунанд. Баъди анҷоми мӯҳлати муолиҷа бояд дубора ҷои коре пайдо кунад, то зиндагиро пеш барад, мушкиле, ки зоҳиран домани ӯро сар намедиҳад.

Қазияи Мадина Худоназарова ягона нест. Декабри соли 2017 мақомоти тоҷик Садбарг Сироҷеваи 41-соларо, ки дар манзили як сокини Саудӣ дар Мадина кор мекард, ба Тоҷикистон баргардониданд. Ҳамчунин дар ду соли ахир чандин зани тоҷик аз поймол шудани ҳуқуқ, соати тӯлонии кор бар ивази дастмузди ночиз ва гоҳо латту кӯбу хушунат дар Арабистони Саудӣ хабар доданд.

Ин ва дигар занон аз ҳамон қишри ҷомеа ҳастанд, ки дар шароити бекорӣ рӯ ба муҳоҷират оварданд ва умед доштанд, ки аз ҳисоби кор дар хориҷа зиндагии фарзандонро таъмин мекунанд. Бо сабаби бекорӣ ҳар сол Тоҷикистонро беш аз 1 миллион нафар, аксаран мардон тарк мекунанд ва тақрибан 15-17 % ё ҳар нафари шашуми онҳо занҳо мебошанд.

То ба ҳол маълум нест, ки чӣ теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули занон дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ, кору зиндагӣ мекунанд. Бино ба маълумоти соли 2016-и дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, дар муддати солҳои 2005-2016 дар маҷмӯъ 679 шаҳрванди кишвар ба унвони қурбонии тиҷорати инсон расман сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG