Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ихтирои нав барои пешгирӣ аз озори ҷинсӣ


Занҳо акнун метавонанд шодӣ кунанд, зеро фанновариҳои пешрафта ё high-тech ба синабанди онҳо роҳ ёфта, вазъи сиҳаташонро пайваста таҳти назорат мегирад.

Ин фанновариҳо ҳамин тавр, метавонанд бемории саратонро ошкор кунанд ва ҳатто дар сурати ҳуҷуми ягон нохалаф дарҳол хешу табори занро дар ҷараён гузоранд.

Пажӯҳишгарон тарҳеро рушд медиҳанд, бар пояи он дар синабанди занҳо фанновариҳои ҷадид бо шумули барномаҳои телефонҳои мобил, Twitter ва GPS насб шуда, ҳам саломатии онҳоро монитор мекунад ва ҳам онҳоро аз пурхӯрӣ наҷот медиҳанд.

Ду сенсори масъули назорат бар фаъолияти қалб ва пӯст эҳсосоте мисли афсурдагӣ, ғамгинӣ ва дилтангӣ ва пурхуриро пайгирӣ мекунанд. Таҷҳизоте, ки дар синабанд ҷой шудааст, занро водор мекунад, ки худро аз қуттии ширинӣ дур нигаҳ дорад.

Ширкати Microsoft - ғӯли тавлидгари нармафзорҳо дар Амрико - якҷо бо пажӯҳишгарон дар донишгоҳи Амрико ва Британия дар ин тарҳ ҳамкорӣ мекунад. Чаро дар ин барнома махсусан синабандҳо интихоб шудаанд? Пажӯҳишгарон мегӯянд, ки синабанд интихоби идеалӣ аст, зеро барои ҷамъоварии сигналҳои электрокардиограмма аз ҳавзаҳои наздик ба қалб кӯмак мекунад.

Онҳое, ки ба харидориии чунин синабандҳо шавқаманд шудаанд, ҳоло наметавонанд аз он баҳра бардоранд, зеро Microsoft гуфтааст, ҳоло барнома надорад, ки ба ин тарҳ ҷамбаи тиҷоратӣ бидиҳад. Сухангӯи Microsoft ба Радиои Озодӣ гуфт, ки синабандҳо як бахши пажуҳишҳои густардаи сенсорҳое ҳастанд, ки ҳолати инсонҳоро ҳифз мекунанд ва дар сурати зарурат мутаносибан вокуниш нишон медиҳанд.

Авоили соли равон се донишҷӯи риштаи муҳандисӣ дар Ҳиндустон замимаҳои сенсориро бо номи Society Harnessing Equipment, ё SHE - барои такпӯшҳои занона муаррифӣ карданд, ки ҳамчун роҳи ҳалли ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ дар хона, ҷомеъа ва ҷойи кор арзёбӣ мешуд. Дар пасманзари қазияҳои пурсару садои таҷовузи занон дар ин кишвар донишҷӯён синабанди зидди таҷовузро ихтироъ карданд. Дар сурати фишори берун аз хоҳиш ба соҳиби синабанд, сенсорҳо тавассути GPS мақомот ва наздикони занро дар ҷараён мегузоранд.

Дар Амрико бошад, ширкатҳо барнома доранд, синабандҳоеро, ки саратони синаро дар марҳилаҳои аввал ошкор мекунад ба фурӯш бароранд. Гуфта мешавад, ин гуна синабанд 200 доллар қимат хоҳад дошт.


XS
SM
MD
LG