Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон: "Ба назарам Трамп аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ хоҳад шуд"


Эммануэл Макрон ва Доналд Трамп
Эммануэл Макрон ва Доналд Трамп

Эманнуел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, рӯзи 25-уми апрел гуфтааст, ки Доналд Трамп - раиси ҷумҳури Амрико - аз созиши ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон -- Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) берун хоҳад шуд.

Ба гузориши CBS News, раиси ҷумҳури Фаронса, ки барои дидори серӯза ба Амрико рафтааст, дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон изҳор дошт, "намедонам раиси ҷумҳури Шумо чӣ тасмиме хоҳад гирифт. Аммо ба назарам ӯ ба сабаби масъалаҳои дохилӣ, худро аз созиши ҳастаӣ халос хоҳад кард."

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико то 12-уми май мӯҳлат додааст, ки "нуқсҳои созиши ҳастаӣ", ислоҳ шаванд.

Раиси ҷумҳури Фаронса дар идома дар посух ба пурсише дар бораи инки оё Доналд Трамп аз БАРҶОМ -- Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак хориҷ хоҳад шуд, гуфт, "бале, ин тавр аст. Ин назари ман аст. Маълумоти хос надорам. Чун худӣ нестам. Ба назарам риски бузурге аст, ки ӯ ин тавофуқро тарк мекунад."

Эммануел Макрон бо ин ҳол хуруҷ аз созиши ҳастаиро "иштибоҳ" донист ва гуфт, Фаронса ва дигар кишварҳо бояд худро барои он омода кунанд. Раиси ҷумҳури Фаронса, инчунин, гуфтааст, бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон телефонӣ суҳбат хоҳад кард, то дар бораи даври баъдии музокироти дипломатӣ гуфтугӯ кунад.

Ҷойгузини БАРҶОМ чист?

Эммануел Макрон рӯзи чаҳоршанбе дар миёни аъзои Маҷлиси намояндагон ва сенати Амрико гуфт, Фаронса аз созиши ҳастаӣ берун намешавад, зеро ки онро имзо кардааст. Раиси ҷумҳури Фаронса изофа кард, "ин созиш мумкин аст ба ҳама нигарониҳо ва нигарониҳои хеле муҳим посух надиҳад. Вале мо набояд бидуни инки созише мустаҳкам ва бисёр қавӣ барои ҷойгузин карданаш дошта бошем, аз он даст бикашем. Мавқифи ман ин аст."

Ин дар ҳолест, ки оқои Макрон рӯзи гузашта дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои амрикоиаш гуфт, ки мухолифи аз байн бурдани созиши ҳастаӣ бо Эрон аст, аммо айни замон хоҳони тавофуқи навест, ки "шомили ҳамаи нигарониҳо бошад."

Вай афзуд, хоҳони созише ҳаст, ки чаҳор масъаларо дар бар бигирад -- нахуст аз ҳар гуна фаъолиятҳои ҳастаии Эрон то соли 2025, пешгирӣ шавад. Дувум, итминон ҳосил кардан, ки Эрон дар дарозмуддат низ фаъолиятҳои ҳастаӣ нахоҳад дошт. Масъалаи саввум ва асосӣ, мутаваққиф кардани фаъолияти мушакҳои дурпарвози Эрон дар минтақа аст. Чаҳорум, фароҳам кардани шароит барои як роҳи ҳал -- як роҳи ҳалли сиёсӣ барои пешгирӣ аз нуфузи Эрон дар минтақа -- дар Яман, Сурия, Ироқ ва Лубнон аст.

Оқои Трамп дар ин нишасти хабарӣ гуфт, "хелеҳоро масъули ин тавофуқи бад медонам, аз ҷумла Конгресси Амрико ва хелеҳои дигар. Ва аслан набояд ин тавофуқ ба даст меомад. Аммо мегӯям, агар Эрон моро таҳдид кунад, қимате хоҳад дод, ки то кунун шумораи каме аз кишварҳои ҷаҳон пардохт кардаанд."

Чаҳор шарти Трамп

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико то 12-уми май мӯҳлат додааст, ки "нуқсҳои созиши ҳастаӣ", ислоҳ шаванд. Доналд Трамп чаҳор шарт барои идомаи ҳамроҳии Амрико бо ин созишнома таъйин кардааст, ки иборатанд аз "дастрасии фаврӣ"-и бозрасони байналмилалӣ ба ҳама маконҳо ва пойгоҳҳои ҳастаии Эрон, доимӣ шудани маҳдудиятҳо барои барномаи ҳастаии Эрон, замонати дигар наздик нашудани Эрон ба сохтани силоҳи ҳастаӣ ва маҳдуд кардани барномаи мушакҳои дурпарвози Эрон.

Ин дар ҳоле аст, ки Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар мусоҳибае бо Ассошиэйтед пресс дар рӯзи чаҳоршанбе гуфтааст, дар сурати хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ мумкин аст Эрон аз NPT -- Cозишномаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ, хориҷ шавад.

XS
SM
MD
LG