Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷазои табиат ба инсон? Ҳамлаи силовсин ба чорвои сокинони Дӯстӣ


Гурбаи ваҳшӣ. Акс аз бойгонӣ

Силовсин ё гурбаи ваҳшӣ дар як ҳафтаи ахир беш аз 50 чорвои хурди сокинони ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ)-ро куштааст. Аксари зиёндидаҳо сокинони ҷамоати ба номи "Гардӣ Гулмуродов"-и ин ноҳия ҳастанд. Ҳоло мақомот барои шикори ин ҷонвари ваҳшӣ гурӯҳи вижа таъсис додааст.​

“Аз гӯши рост қапида, хафа мекунад”

Ҳалли мушкил як роҳ дорад: ба хӯроки силовсин нарасанд, ба хӯрокашон намерасад.

Абдусаттор Мирзоев, сокини ноҳияи Дӯстӣ, рӯзи 13-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бори аввал шоҳиди ҳамлаи гурбаҳои ваҳшӣ ба чорвои сокинони маҳаллӣ шудааст. Ӯ гуфт, дар гузашта ин ҷонварро танҳо дар наздикиҳои "Бешаи палангон" медиданд.

"Аз гӯши рости чорво дошта, гулӯяшро хафа мекунад. Ба ҳайвонҳои нисбатан хурд ҳамла мекунад. Мекушад, вале на ҳамаи гӯшташро мехӯрад. Дар ҷангал, дур аз деҳаҳо медиданд, вале то деҳа намеомад. Дар мо инро пишак (гурба)-и ҷангалӣ мегӯянд. Думаш борик аст ва ба барс монандӣ дорад", - гуфт ӯ.

Шодӣ Назриддинов, сокини дигари ин ноҳия гуфт, силовсин ба чорвои пайвандони ӯ дар деҳаи Мирзо Турнсузодаи ҷамоати Гардӣ Гулмуродов зиён расондааст. Ӯ гуфт, "ду рӯз пеш рафта будам. Аз ҳар кадом ду-се гӯсфандиро хафа кардаст. Худам ҳам шаб ин ҷонварро дидам. Мардум каме тарсидааст, чун дар гузашта набуд."

Кӯмакхоҳӣ аз милиса

Ноҳияи Дӯстӣ
Ноҳияи Дӯстӣ

​Масъулини ҳукумати маҳаллӣ пас аз шикояти сокинон ин масъаларо баррасӣ кардааст. Мақсуд Раҳимов, раиси ҷамоати “Гардӣ Гулмуродов”-и ноҳияи Дӯстӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи арзи сокинон аз кормандони Шӯъбаи корҳои дохилӣ ёрӣ пурсидаанд. "Ҳафтаи гузашта ба мо муроҷиат карданд ва мо ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ ариза навиштем. Гуфтам, ки чора бинед. Ҳоло иҷозат додаанд ва одамони масъул онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд. Мардуми мо, рости гап, каме воҳима ҳам мекунанд. Талафот ҳаст, аммо аз гуфтаи мардум камтар", - шарҳ дод ӯ.

Ҳамлаи силовсин - ҷазои табиат ба инсон?

Ҳодисаи ҳамлаи ҷонварон ба сокинон ва чорвои онҳо дар соли ҷорӣ дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон нав нест. Моҳе пеш сокинони ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон аз ҳамали паланги барфӣ ба чорвои хонагиашон шиква карданд. Дар як деҳаи Шуғнон, охири моҳи июн як гург ба кӯдаке ҳамла карда, онро ба ҳалокат расонидааст.

Хушрӯз Абдулҳамидов, табибатшиноси ҷавон мегӯяд, ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба сокинон ва чорвои хонагии онҳо айби худи инсонҳо ҳаст. Ба гуфтаи ӯ, ин як навъ ҷазои табиат ба инсон аст, ки пайваста табиатро хароб ва ҳайвонотро "қир" мекунад.

Даромадгоҳи ноҳияи Дӯстӣ, ки то чанд вақти пеш Ҷилликӯл ном дошт.
Даромадгоҳи ноҳияи Дӯстӣ, ки то чанд вақти пеш Ҷилликӯл ном дошт.

"Хӯроки силовсин харгӯш аст. То ҷое медонам, сокинон бераҳмона харгӯшро шикор карда, ғизои ин ҷонварро тамом кардаанд. Аз паланги барфӣ бузи кӯҳӣ ҳаст. Онро ҳам сокинон бераҳмона шикор мекунанд. Вақте ҷонвари ваҳшӣ дар табиат, дар ҷои зисташ хӯрок намеёбад, ба чорвои сокинон ҳамла мекунад. Ҳалли мушкил як роҳ дорад: ба хӯроки силовсин нарасанд, ба хӯрокашон намерасад", - гуфт ин табиатшинос.

Ҷамоати ба номи “Гардӣ Гулмуродов”-и ноҳияи Дӯстӣ дар 80-километрии шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин ҷамоат наздик ба мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” аст ва сокинон тахмин мезананд, ки силовсин ё худ гурбаҳои ваҳшӣ аз инҷо берун шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG