Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як музей дар Олмон вуруди шаҳрвандони 26 кишварро манъ кард

Як музей ё осорхонаи маъруф дар ғарби Олмон, шаҳрвандони 26 кишварро, ки Берлин онҳоро "хатарҳои амниятии хос" медонад, аз ворид шудан манъ мекунад.

Маҳдудиятҳои вуруд ба Осорхонаи фановарии дифоии Олмон дар Кобленс, аз чанд ҳафта ба ин тараф амал мекунад. Аммо хабарҳо дар бораи ин қоидаи ғайрмаъмулӣ ахиран дар расонаҳои украинӣ пас аз он нашр шуд, ки ба модаре аз он кишвар иҷозаи вуруд дода нашуд.

Ин зан дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, "дар даромадгоҳ ба мо рӯйхати кишварҳое нишон дода шуд, ки ворид шудани шаҳрвандонашон манъ аст". Ӯ афзуд, "мо бо фарзандонамон ду соат ронандагӣ кардем, то ба онҷо бирасем".

Дар эълони вебсайти осорхона аз 3 март омадааст, ки боздидкунандаҳо дар даромадгоҳ бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқнунандаи шахсияти худро пешниҳод кунанд.

Дар ин эълон ҳушдор дода шудааст, "бинобар муқаррароти амнияти низомӣ, дастрасӣ ба ин маҷмаа дар ҳоли ҳозир барои шаҳрвандони кишварҳое, ки тибқи қисми 13, банди 13, шумораи 17-и Қонун дар бораи бехатарӣ номбар шудаанд, манъ аст".

Эълон дар даромадгоҳи осорхона, ки тасдиқи шахсиятро талаб мекунад.
Эълон дар даромадгоҳи осорхона, ки тасдиқи шахсиятро талаб мекунад.

Яке аз кормандони осорхона, ки нахост номаш ошкор шавад, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки наметавонад ба таври комил дар бораи ин мамнуият изҳори назар кунад, аммо таъкид кард, ки "ин қонуни мо нест".

Ин марказ ба Бундесвер -- Нерӯҳои мусаллаҳи Олмон тааллуқ дорад ва бо вуҷуди он, ки барои ҳамаи мардум боз аст, ҳамчун "Маҷмааи омӯзиши фановариҳои низомӣ", шинохта мешавад.

Ин корманди осорхона гуфт, маҳдудияти ворид шудан ба ин макон "як мавзӯъест, ки барои мо низ мушкилсоз аст" ва афзуд, "мо намедонем, ки онро чигуна ҳал кунем".

Кристиан Клинк, сухангӯи бахши Бундесвер, ки аз осорхона назорат мекунад, рӯзи 13 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маркази Кобленс дар дараҷаи аввал як муассисаи омӯзишӣ барои ошноии кормандон бо таҷҳизоти низомии хориҷӣ ва дохилӣ пешбинӣ шудааст ва танҳо "дар дараҷаи дуввум", барои мардум боз аст.

Клинк афзуд, "аз онҷое, ки бештари силоҳҳои мавриди омӯзиш ғайринизомӣ нашудаанд, ин таҳқиқот дар як минтақаи амниятии низомӣ қарор дорад" ва маҳдудиятҳои амниятии дигар низ ҷорӣ мешаванд.

Як ҳавопаймои ҷангӣ дар ин осорхона.
Як ҳавопаймои ҷангӣ дар ин осорхона.

Клинк дар посух ба пурсиш дар бораи шаҳрвандони кишварҳое, ки ворид шудани онҳо ба осорхона манъ аст, гуфт, ки дар ин бора бояд ба Вазорати корҳои дохилии Олмон муроҷиат кард, ки рӯйхати кишварҳоеро, ки барои Берлин хатари эҳтимолии амниятӣ доранд, дар ихтиёр дорад.

Охирин нусхаи ин рӯйхат, ки соли 2022 таҳия шудааст, Русия, Украина, Беларус, Эрон, Покистон, Молдова, Афғонистон, тамоми кишварҳои Қафқоз ва ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказиро дар бар мегирад. Берлин ба таври ошкор ҳеч далели хосе барои қарор гирифтани ин кишварҳо дар ин рӯйхат эълон накардааст.

Баррасиҳои ахири Google аз ин осорхонаи Олмон нишон медиҳад, ки маҳдудияти дастрасӣ боиси саҳнаҳои ҷанҷолӣ дар даромадгоҳ шудааст.

Як зани украинӣ дар моҳи март шикоят кард ва гуфт, "ман воқеан ҳайрон шудам" ва афзуд, "ҳаргиз фикр намекардам, ки бинобар миллиятатон аз ворид шудан ба осорхона манъ шавед".

Ин зан иддао кард, ки дар ҷараёни муноқиша бо як нигаҳбон, бо силоҳ таҳдид шудааст.

Осорхона дар посух ба баррасиҳо дар ин бора гуфт, "ҳеч кас аз нигаҳбонон шуморо бо аслиҳа таҳдид нахоҳад кард".

Осорхонаи низомии Кобленс ҳудуди 7200 метри мураббаъ масоҳат дорад ва яке аз калонтарин коллексияҳои таҷҳизоти низомии Аврупоро дар бар мегирад.

Тибқи вебсайти осорхона, аз соли 1982 беш аз як миллион нафар аз ин марказ дидан кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG