Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақибнишинии нирӯҳои Украина аз Қрим (3 ВИДЕО)


Низомиҳои украиниро аз пойгоҳҳои ин кишвар дар Қрим нирӯҳои тарафдори Русия берун мекунанд.
Низомиҳои украиниро аз пойгоҳҳои ин кишвар дар Қрим нирӯҳои тарафдори Русия берун мекунанд.

Раҳбари муваққати Украина рӯзи 24 март фармон дод, ки тамоми нирӯҳои низомии ин кишварро аз вилояти Қрим, ки аз тарафи Русия тасарруф шудааст, берун бикашанд.

Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов ба вазорати дифоъ амр дод, ки тамоми нирӯҳои низомии Украинаро аз Қрим берун бикашанд. Ӯ гуфт, ин фармон ба хотири таҳдидҳоест, ки нирӯҳои Русия ба ҷони низомиҳои украинӣ ва аҳли хонаводаҳои онҳо дар Қрим эҷод кардаанд. Ин эълон ҳамагӣ чанд соат баъд аз тасарруфи пойгоҳи баҳрии Украина дар Феодосияи Қрим аз сӯи нирӯҳои Русия садо дод.

Сухангӯи вазорати дифои Украина гуфт, нирӯҳои Русия субҳи 24 март вориди пойгоҳи баҳрии Украина дар Феодосияи Қрим шудаанд. Ин пойгоҳ аз ангуштшумор таъсисоти низомии воқеъ дар вилояти Қрим аст, ки то ҳол таҳти назорати нирӯҳои Украина боқӣ монда буд. Бино ба хабарҳо, бо вуҷуди тирандозӣ касе дар пойгоҳи Феодосия осеб надидааст. Сухангӯи нирӯҳои Украина дар Қрим гуфт, ҳамлаи нирӯҳои Русия таҳти ҳимояти чархболҳои низомӣ сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Русия Сергей Шойгу рӯзи 24 март аз маҳалли истиқрори флоти баҳрии Русия дар Севастопол боздид ва бо сарвазири ҷудоиталаби Қрим Сергей Аксёнов мулоқот кардааст. Шойгу контр-адмирал Денис Березовскийро муовини фармондеҳи флоти баҳри Сиёҳи артиши Русия таъин кард. Березовский дар аввали март фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Украина таъин шуда буд, вале рӯзе баъд ба тарафи мақомоти рӯ ба Маскави Қрим гузашт. Дар Украина алайҳи Березовский баъди ин бо иттиҳоми "хиёнат ба ватан" парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Видео аз пойгоҳи Феодосияро инҷо тамошо кунед:
Тасарруфи пойгоҳи баҳрии Украина дар Феодосияи Қрим аз сӯи нирӯҳои Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00


Як рӯз пеш вазорати дифои Русия дар пайи тасарруфи пойгоҳи ҳавоии Белбек ва пойгоҳи Новофёдоровка дар наздикии Севастопол гузориш дод, ки алакай дар 189 таъсисоти низомии Украина дар Қрим парчами Русияро афрохтаанд.

Обама: Русия бояд баҳои рафтораш дар Қримро бипардозад

Раисиҷумҳури Амрико , ки бо хабарнигорон баъди мулоқоташ бо сарвазири Ҳолланд Марк Рутте дар Амстердам сӯҳбат мекард, гуфт, Амрико ва Аврупо дар ин масъала, ки Русия бояд "баҳо"-и рафтораш дар Қримро бипардозад, ваҳдати назар доранд. Обама ҳамин тавр ба рӯзномаи ҳолландии "de Volkskrant" гуфт, паёми ӯ ба раҳбарони Аврупо ин аст, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба "дарки паёмадҳои иқтисодиву сиёсии аъмолаш дар Украина" зарурат дорад.
Мулоқоти Обама бо Ҷинпинг дар Гаага
Мулоқоти Обама бо Ҷинпинг дар Гаага
Обама рӯзи 24 март аз Амстердам барои мулоқот бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпинг ва ширкат дар анҷумани амнияти ҳастаӣ ба Гаага рафт. Зоҳиран як мавзӯъи дидори Обама бо Ҷингпинг низ вазъи Украина хоҳад шуд. Чин дар ҳоли ҳозир аз камшумор кишварҳоест, ки рафтори Русия дар Қримро маҳкум накардааст, балки аз раъйдиҳиҳо дар Шӯрио Амнияти СММ дар ин масъала худдорӣ мекунад.

Дар ҳошияи анҷумани ҳастаӣ нишасти сарони гурӯҳи G7, ки 7 кишвари аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи дунё - Амрико, Олмон, Фаронса, Бритониё, Канада, Италия ва Ҷопонро муттаҳид мекунад, ширкат меварзад. Сарони G7 дар Ҳолланд низ масъалаи посухҳои шадидтар ба ишғоли Қрим аз сӯи Русияро баррасӣ мекунанд.

Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо (ИА) алакай ироаи раводиди сафар ба бархе атрофиёни раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро манъ карда, ҳисобҳои бонкии онҳоро бастаанд. Вазири молияи Олмон Волфганг Шёбле рӯзи 23 март гуфт, ИА барои эъмолии таҳримоти бештар дар сурати ташдиди вазъ омода аст.

Нишасти сарони G7 дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе генерал Филип Бридлов, як фармондеҳи аршади НАТО гуфт, таҷаммӯъи зиёди нирӯҳои Русия дар марзҳои Украина ба вилояти ҷудоиталаби Приднестровйеи Молдова ҳам таҳдид мекунад. Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов аммо гуфт, ҳузури низомиҳои Русия дар марзи Украина ҷавобгӯи меъёрҳоест, ки созишномаҳои байналмилалӣ муқаррар кардаанд.

Аммо оё дар худи Русия, аз ҷумла дар пойтахташ, Маскав, мардуми оддӣ ба масъалаи Қрим ва таҳримҳои зидди Русия чӣ назар доранд? Бештари ҳамсӯҳбатони Озодӣ дар пойтахти Русия мегӯянд, аз инки Қрим ба Русия пайваст, истиқбол мекунанд. Бархе аз он нигаронанд, ки Русия бояд боз як вилоятро хӯронад. Дар масъалаи таҳримот мардуми Маскав мӯътақиданд, ки ин таҳримҳо зидди атрофиёни Путин буда, ба мардуми оддӣ осебе нахоҳад расонд.

Сӯҳбати мардум дар бораи Қрим ва таҳримотро инҷо тамошо кунед:
Қрим ва таҳримот аз нигоҳи мардуми Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00


Тимошенко: Путин душмани рақами яки Украина аст
Тимошенко ва Путин (Акс аз бойгонӣ)
Тимошенко ва Путин (Акс аз бойгонӣ)
Сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко дар як барномаи телевизионӣ раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро "душмани рақами яки Украина" номид. Юлия Тимошенко, ки баъди табобат дар Олмон ба Украина баргашт, дар барномаи телевизионии Савик Шустер дар шабакаи "Интер" раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро "душмани рақами яки Украина" номид ва изҳори итминон кард, ки Украина Қримро дер ё зуд бар хоҳад гардонд.

Тимошенко шоми 21 март дар барномаи Шустер.LIVE бо як лаҳни шадиде ба рафтори Русия дар Украина баҳо дода, аз ҷумла гуфтааст, ҳадафи Путин нафақат як Қрим, балки тамоми Украина, аз ҷумла пойтахташ, шаҳри Киев, буд, вале "блитскриг(ҳамлаи барқосо) ноком шуд ва имрӯз барои Путин, дар асл оғози анҷом аст."

Тимошенко гуфт, ҳатто агар нирӯҳои НАТО ба кумаки Украина нарасанд, артиши Украина нахоҳад гузошт, ки "нирӯҳои Путин" аз Қрим пой ба вилоятҳои дигари Украина гузоранд. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки Путин бо рафтораш дар Украина амалан барои режими худаш дар Русия чоҳ канд ва ин бӯҳрон дар ниҳоят режими Путинро аз байн хоҳад бурд ваё, ба бовари Тимошенко, ӯ моҳе баъд худ дар ҷустуҷӯи миёнаравҳо барои халосиаш аз Қрим хоҳад шуд.

Хонум Тимошенко, ки баъди суқути давлати Виктор Янукович дар поёни моҳи феврал аз зиндон раҳо шуд ва як моҳ боз дар Олмон таҳти табобат қарор дошт, зоҳиран қасд дорад дар интихоботи президентии рӯзи 25 майи Украина номзад шавад, вале расман то кунун ин азмашро эълон накардааст.

Дешнитса: Эҳтимоли ҷанг байни Русияву Украина меафзояд

Кафили вазири хориҷаи Украина Андрий Дешнитса рӯзи 23 март дар сӯҳбат бо телевизиони амрикоии АВС гуфт, имкони ҷанг байни Украинаву Русия торафт бештар мешавад: "Мо намедонам, ки Путин дар сараш чӣ фикр дорад... Аз ин рӯ, вазъ ҳатто назар ба як ҳафтаи пеш таркишбортар мешавад."

Сарвазири рӯ ба Маскави Қрим Сергей Аксёнов дар Симферопол изҳори итминон кард, ки Русия ба хотири ҳимоят аз аҳолии русзабон ба вилоятҳои шарқи Украина ҳам ҳамла хоҳад кард. Ин дар ҳолест ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қабл аз имзои созишномаи тасарруфи Қрим гуфта буд, ки сарусадоҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаи Русия ба вилоятҳои шарқии Украина асосе надоранд ва масъалаи Қрим комилан дигар буд.

Олександр Турчинов
Олександр Турчинов
Дар ҳамин ҳол, Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 23 март гуфт, нерӯҳои Русия, Юлий Мамчур, яке аз фармондеҳи олирутбаи нерӯҳои ҳавоии кишварашро «рабуда» ва ҳоло дар Қрим нигаҳ медоранд. Олександр Турчинов аз Русия хост, билофосила фармондеҳи украиниро раҳо кунад, ки ӯро баъди ишғоли пойгоҳи ҳавоии Белбек дар наздикии шаҳри Севастопол дастгир карданд. Рӯзи шанбе нерӯҳои Русия бо талаби таслим шудан бо зиреҳпӯшҳо ба пойгоҳи Белбек ҳамла бурданд, вале нерӯҳои украинӣ бо муқовимат карданд, ки дар натиҷа як сарбози украинӣ маҷрӯҳ шуд.

Видеои ҳамла ба пойгоҳи Белбекро инҷо тамошо кунед:
Ҳамлаи нирӯҳои Русия ба пойгоҳи Украина дар Белбек
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00


Вазорати дифоъи Русия рӯзи якшанбе гуфт, ки ҳоло дар 189 таъсисоти низомии нимҷазираи Қрим парчамҳои Русияро барафрохтаанд. Рӯзи шанбе дар киштии "Славутич"-и Украина дар Севастопол низ парчами Русияро афрохтаанд.

42 кило тило ва 4,8 млн $ пули нақд аз хонаи як вазири Янукович
Эдуард Ставитский
Эдуард Ставитский
Вазорати умури дохилаи Украина мегӯяд, аз хонаи Эдуард Ставитский, вазири собиқи энергетикаи Украина 42 кило тило, 4,8 миллион доллар пули нақд ва соатҳои гаронбаҳо пайдо кардаанд. Худи Ставитский аз Украина фирор кардааст.

Арсен Аваков, вазири умури дохилаи Украина дар саҳифааш дар Фейсбук натиҷаи кофтукоб дар манзилҳои Эдуард Ставитский, вазири собиқи энергетика дар ҳукумати Виктор Януковичро чунин натиҷагирӣ кардааст:

« - 4,8 миллион доллари нақд;
- хиштҳои тило ба миқдори 42 кило;
- соатҳои дастии гаронбаҳо, сохти ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ;
-миқдори зиёди маснуот аз фулузоти гаронбаҳо;
- қуттичаҳои пур аз сангҳои монанд ба бриллиант;
-асноди зиёди марбут ба молумукл, саҳмияҳои ширкатҳо, иқитъаҳои замин;
-асноди сабти номи ширкатҳои хориҷӣ дар минтақаҳои мухталифи оффшор;
- кортҳои бонкӣ, аснод дар бораи ҳисобҳо дар чандин бонк…»


Арсен Аваков баъди овардани ин рӯйхта афзудааст: "Акнун ҳамчун як инсон сӯҳбат мекунам, на ба ҳайси вазир. Аз ин маълумоте ки субҳ бароям оварданд, мӯи сарам сих шуд. Кас бояд чӣ қадар дуздида бошад, ки ин чанд «танга»-ро барои харҷи киса дар хонааш нигоҳ бидорад!"

Эдуард Ставитсий баъди суқути давлати Янукович дар натиҷаи фишори тазоҳургароне, ки аз ҷумла алайҳи фасоди густарда дар ҳукумати Украина эътироз мекард, тарки кишвар кардааст.
Евҳен Бакулин(аз чап) бо раиси "Газпром" Алексей Миллер
Евҳен Бакулин(аз чап) бо раиси "Газпром" Алексей Миллер
Мақомоти Украина ду рӯз қабл ҳамин тавр, Евҳен Бакулин, раиси собиқи ширкати «Нафтогаз»-ро бо иттиҳоми дуздии 4 миллиард доллар дастгир карданд. Додгоҳ рӯзи 22 март барои раҳоии Бакулин 1,5 миллиард ҳривна, муодили тақрибан 150 миллион доллар, маблағи гарав таъин кард. Дар Киев метарсанд, ки ӯ ҳам мисли дигар мансабдорони даврони Янукович рӯ ба фирор биорад.

Тайи 4 соли ҳукмронии Виктор Янукович қарзи хориҷии Украина ба 142 миллиард доллар расида, кишварро дар вартаи варшикастагӣ қарор дод. Танҳо “Газпром”-и Русия даъво дорад, ки Украина барои газ аз ин ширкат 16 миллиард доллар қарздор аст. Мақомоти нави Украина бахши аъзами ин қарзи ҷамъшударо натиҷаи фасоди идории густарда дар замони Янукович мешуморанд ва ба ин далел ба таҳқиқи фаъолияти мансабдорони калидии ҳукумати ӯ пардохтаанд. Муфаттишони украинӣ тайи чанд рӯзи гузашта хонаҳои даҳҳо нафар аз мансабдорони собиқ дар ҳукумати Украинаро тафтиш карданд.

Лукашенка тасарруфи Қримро "намунаи бад" номид
Лукашенка ва Путин дар майдони хоккей
Лукашенка ва Путин дар майдони хоккей
Раисиҷумҳури Беларус тасарруфи Қримро "намунаи бад" номид, вале афзуд, ки ин мулк "де-факто" моли Русия шуд ва дигар касе чизеро тағйир дода наметавонад. Аляксандр Лукашенка рӯзи 23 март гуфт, тасарруфи Қрим аз сӯи Русия "намунаи бад" аст, вале ба ақидаи ӯ, бояд эътироф кард, ки ин вилоят "де-факто"(амалан) дигар дар дасти Русия қарор дорад. Вақте аз Лукашенка пурсиданд, ки чаро тасарруфи Қримро эътироф намекунад, ӯ дар посух ба хабарнигорон гуфт: "Сарфи назар аз эътироф кардан ё накардан, Қрим имрӯз як қисми Русия шудааст. Шумо метавонед инро эътироф кунед ё накунед, вале чизеро тағйир дода наметавонед."

Аляксандр Лукашенка нахустин раисиҷумҳур аз миёни сарони кишварҳои СНГ - Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ аст, ки дар масъалаи эътироф кардан ё накардани Қрим сӯҳбат кард. Боқӣ раҳбарони пасошӯравӣ дар ин масъала кӯшиш мекунанд, ки ҳаддалимкон худдорӣ кунанд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, нирӯҳои Русия дар поёни моҳи феврал ба хотири ҳимоят аз аҳолии аксаран русзабони Қрим дар ин вилояти Украина мустақар шуданд. Аммо рӯзи 16 март мақомот рӯ ба Маскав Қрим райъпурсиеро баргузор карданд, ки ба ҳисоби онҳо, дар ин назархоҳӣ 96,8 дарсади аҳолии Қрим барои пайвастан ба ҳайати Русия раъй додаанд. Путин рӯзи 21 март қарордоди аз тарафи ҳарду маҷлиси порлумони Русия тасвибшуда миёни Маскав ва мақомоти рӯ ба Русияи Қримро имзо кард, ки он ба ҳайси ду субъекти нав ба қаламрави Русия ҳамроҳ кардани Қримро дар назар дорад.

Ин иқдоми Русия ба вокуниши шадидан манфии ҳукумати Украина ва кишварҳои Ғарб рӯбарӯ шудааст. Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ба дунбол алайҳи мансабдорони аршади Русияву Украина ва Қрим, ки дар ин тасарруф даст доштанд, таҳримот ҷорӣ кард.

Ба фарқ аз Қрим, ки 58 дарсади аҳолиашро русзабонҳо ташкил медиҳанд, русзабонҳо дар Беларус ҳамагӣ 8 дарсаданд. Вале забони русӣ як забони роиҷ дар саросари Беларус боқӣ монда, худи Аляксандр Лукашенка ҳам аксаран ба ҳамин забон сӯҳбат мекунад. Аммо тасарруфи Қрим нигарониеро дар Минск эҷод кардааст, ки Русия метавонад бо айни тавҷеҳе, ки барои ишғоли низомии Қрим истифода кард, яъне ҳимоят аз ҳуқуқ ва манофеи аҳолии русзабон, дар оянда Беларусро ҳам ҳадафи ишғолгариҳояш қарор диҳад.

Беларус ва ҳамин тавр, ҳеҷ яке дигар аз кишварҳои пасошӯравӣ, то ҳол истиқлоли Абхозистону Осетияи ҷанубӣ, ду вилоятеро, ки баъди ҷанги Русияву Гурҷистон дар соли 2008 амалан аз Тифлис ҷудо шуданд, эътироф накардаанд. Ҳарчанд Маскав бахусус дар солҳои аввал хеле талошу ташвиқ ва ҳатто таҳдид ҳам карда буд, то муттаҳидинаш дар паҳнои пасошӯравӣ ин ду минтақаи ҷудоиталаби зери назарашро ба расмият бишиносанд.
XS
SM
MD
LG