Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Хуҷанд нахустин маркази гуфтордармонӣ ё логопедӣ боз гардид, ки дар он ба кӯдакони нуқси забондор талаффузи дурусти ҳарфҳо ва гап заданро то замони мактабравӣ ёд медиҳанд.

Дар инҷо кӯдакони дар суханронӣ лакнатдошта ва ақибмонда аз ҳамсолонашонро тавассути дарсу машқҳои махсус дуруст ҳарф заданро меомӯзанд. Мутахассисони ин марказ мегӯянд, таъсиси ин муассиса дар шароити афзоиши шумори атфоли забонашон лакнатдор, хеле муҳим аст.

Шаҳзода ва Муҳаммадшарифи 7 ва 9-сола ҳамроҳи модарони худ ҳар субҳ ба ин марказ меоянд ва тамоми рӯзи худро дар ин ҷо мегузаронанд. Маркази логопедӣ як кӯдакистон аст, ки мутахассисони ислоҳи нутқ дар ҳуҷраҳои таълимӣ бо онҳо машғулият мегузаронанд. Ба ин марказ ҳоло даҳҳо кӯдаки аз 2 то 9-сола қабул карда шудаанд. Мафтунаи 7-сола шаш моҳи охир бо кӯмаки табибони логопед дар ин марказ ба ислоҳи нутқ машғул аст. Ӯ аз шогирдони пешрафтаи ин марказ аст ва аз дугонаҳояш ҳарфҳоро бурротар талаффуз мекунад.

Дар шаҳри Хуҷанд нахустин маркази гуфтордармонӣ ё логопедӣ боз гардид, ки дар он ба кӯдакони нуқси забондор талаффузи дурусти ҳарфҳо ва гап заданро то замони мактабравӣ ёд медиҳанд.

Мутриба Қосимова, модари Мафтуна мегӯяд, мутахассисони ин мактаб ба фарзанди дувуми хонавода нафақат шеваи дурусти гап задан, балки мустақилона фикр карданро ҳам омӯзиш доданд. “Ӯ худаш мустақилона ҳарфҳоро талаффуз карда ва гап зада наметавонист. Аммо вақте мегуфтам, аз паси ман такрор мекард. Ҳозир рӯз то рӯз ҳарфзаниаш беҳтар мешавад. Шеърхониро ҳам ёд гирифт. Ман аз масъулони ин марказ миннатдорам”, - афзуд ӯ.

Падару модари Муҳаммадшарифи 9-сола, дигар аз кӯдакони маркази логопедӣ низ умедворанд, фарзанди нахустини онҳо забони бурро мебарорад. Муҳаммадшариф ҳоло дар талаффузи ҳарф душворӣ мекашад. Ӯ се моҳ боз ба машғулиятҳои гуфтордармонӣ ҷалб шудааст. Арзиши як моҳи будубошу табобат дар ин марказ барои як кӯдак 260 сомонӣ аст.

Равшан Турсунов, падари Муҳаммадшариф гуфт, вақти таваллуд сари писараш каме осеб дид ва эҳтимол дар нутқаш ҳам таъсиргузор шуд. Аммо баъди ҷалб шуданаш ба ин мактаб, писар хеле пешрафт кардааст. Нигора Турсунова, модари Муҳаммадшариф ҳам мегӯяд, аз ёрии мутахассисон хеле розӣ аст. Ӯ гуфт, “Муҳаммадшариф то дусолагӣ гап зада наметавонист. Ба бисёре аз муассиса ва пизишкон муроҷиат кардем. Сиҳатиаш як навъ беҳтар шуд. Акнун ба ин марказ овардем, ки нутқашро ислоҳ кунанд.”

Мадина Ёқубова, мутахассиси соҳаи гуфтордармонӣ ё логопед аст. Вай мегӯяд, дар бархе ҳолат мушкили нутқи кӯдак ба он вобаста аст, ки ҳангоми таваллуд бо осеби мағзи сар ба дунё меояд. “Аз сӯи дигар, инкишоф наёфтани ҷанин дар батни модар аз сеҳафтагӣ то чаҳормоҳагӣ, ҳамхунии волидон ва ё никоҳҳои хешутаборӣ, гирифтори бемории сироятӣ шудани модар ба вақти ҳомидагӣ аз сабабҳои умдаи нуқс ва лакнатдор шудани нутқи кӯдак мебошад”, - гуфт Мадина Ёқубова.

Мутахассисон мегӯянд, рушди нутқи равони кӯдак як масъулияти хеле бузурги волидон ва аъзои оилаи кӯдак мебошад ва ҳар қадар пештар дар хона бо кӯдаки хурдсол сӯҳбату муошират шавад, барои рушди тифл ва ҳам маълум шудани нуқсҳои эҳтимолии нутқаш мусоидат мекунад. Аксар мутахассисон тарҷеҳ медиҳанд, ки дар синни хурдтарин аз пайи ислоҳи забони кӯдак шаванд, то ки тавонад то синни мактабравӣ баробар бо ҳамсолонаш сӯҳбат карда тавонад.

Маркази гуфтордармонии Хуҷанд барои 80 кӯдак пешбинӣ шудааст ва ҳоло 30 кӯдаки нуқси забондор ба таври доимӣ барои ислоҳи нутқашон ба ин ҷо рафтуомад мекунанд. Дар ин муассиса 12 нафар, аз ҷумла 3 мутахассиси ислоҳи нутқ, асабшинос ва равоншинос ҳамроҳи бачаҳо кор мекунанд.

Фароғат Усмонова, мудири маркази логопедии Хуҷанд мегӯяд, ки “мақсади мо ин, ки мутахассисони нуқси нутқи кӯдак барои барқарор намудани нутқ ва солимгардонии онҳо якҷоя кор кунанд. Хоҳишмандони ислоҳи нутқи фарзандони худ зиёданд. Дар мӯҳлати як моҳ беш аз 200 нафар волидайн ба мо муроҷиат карданд, ки фарзанди онҳоро барои машғулиятҳои логопедӣ қабул кунем. Инро зимни ташхис табибони асабшинос маслиҳат додаанд.”

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 25 000 нафарашон кӯдакону наврасонанд. Ҳудуди 7000 кӯдаки маъюб дар вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд. Бори аввал соли 2005 марказе дар шаҳри Хуҷанд барои солимгардонии кӯдакон ва наврасоне, ки бо нуқс ба дунё омада ё бар асари беморӣ маълул шудаанд, хидмати ройгони тиббӣ пешниҳод карда буд.

Вале ин марказ, ки дар заминаи Ташхисгоҳи тиббии бачагонаи шаҳри Хуҷанд ва бо тақрибан 37 ҳазор доллар маблағи Бунёди миллии иҷтимоии Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буд, натавонист ба таври давомдор кор кунад. Ҳоло Маркази логопедӣ ягона табобатгоҳи кӯдакони забонашон нуқсу лакнатдор дар шимоли Тоҷикистон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG