Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Зиндагӣ худ як мӯъҷиза аст!”


Як навори видеоӣ бовари бархе аз мардум ба мӯъҷизаҳои илоҳиро қавитар кард.

Расонаҳо чанде пеш навореро нашр карданд, ки дар он миёни мӯйи сари футболбози маъруф Криштиан Роналду калимаи “Аллоҳ” баръало намудор аст. Ду моҳ қабл аз ин хабаре пахш шуд, ки гӯё Криштиан Роналду ба дини Ислом ва забони арабӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Масъуд Озил, ки ҳамроҳ бо Роналду дар дастаи “Реал”-и Мадрид бозӣ мекард, ба расонаҳои туркӣ гуфта буд, баъд аз тамринҳо ӯ ба Криштиан ҳарфҳои арабиро меомӯзонд ва пайваста бо хоҳиши ӯ сураеро аз Қуръон қироат мекард. Масъуд гуфтааст, ки Роналду шунидани сураҳо, ба вижа сураи “Фотиҳа”-ро дӯст медорад.

Мутахассисон ва рӯҳониён навори видеоиро ташреҳ накардаанд ва аммо касе асл будани онро зери суол набурдааст. Аммо афроде, ки ба мӯъҷиза бовар надоранд, мегӯянд, ки ин аз тасодуф бештар нест.

АЗ ЗИНДАҲО ҲАМ ЗИНДАТАР?

Донишмандону мутахассисон мегӯняд, мӯъҷизаи солҳои ахир, ки то ҳанӯз бисёриҳоро барои даст ба гиребон бурдан вомедорад, даҳсолаҳо бетағйир боқӣ мондани ҷасади Лама Итигэлов, як рӯҳонии буддоии ҳанӯз соли 1927 аз олам даргузашта аст.

Хабари беш аз 75 сол осеб надидани ҷасади Лама баъди он расонаӣ шуд, ки соли 2004 бар пояи васияташ оромгоҳи ӯро боз карданд. Ва шоҳидон шок
Калимаи "Аллоҳ" дар байни мӯйҳои Роналду
Калимаи "Аллоҳ" дар байни мӯйҳои Роналду
шуданд – бар хилофи интизори онҳо, ҷасад тозаву пок боқӣ монда буд. Табибон дар пӯсти бадан ва нохуну мӯйи сари Лама тағйиреро ошкор карданд, ки онро фақат дар одами зинда метавон дид. Дар пӯсти ӯ аз доғҳое, ки дар афроди фавтида пайдо мешаванд, низ осоре набуд. Баъзеҳо ҳадс заданд, ки шояд ба бадани Лама Итигэлов балзам молида бошанд, вале раҳбари гурӯҳи ташхиси тиббӣ, профессор Виктор Звягин баъд аз пажуҳиш инро рад кард. Ҳамзамон хатаре мавҷуд буд, ки баъд аз зери замин бурун кардан ҷасад батадриҷ вайрон мешавад. Аммо, ба гуфтаи доктори улуми таърих Галина Ершова, баъд аз колбадшикофӣ ва дар ибодатгоҳи Иволгини Бурятия гузоштани ҷасад дар он тағйире ба амал наомадааст ва ҳазорон зиёратгарон метавонанд инро бо чашми худ бубинанд. Бархе бо таассуф мегӯянд, ки таҳқиқи пурраи ҷасади Лама Итилэгов, аз ҷумла, томографияи компутарӣ, гузаронида нашудааст. Вале Александр Хачатуров, раиси пажуҳишгоҳи иқтисоди Донишгоҳи кимиёву технологияи Русия, ки “мӯъҷизаи Лама”-ро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, таҳқиқи ҳарорати бадану фишори хуни Лама зарурате надорад, зеро фақат суолҳоро дар робита ба ин ҳодисаи нодир бештар хоҳад кард.

Бо вуҷуди пажуҳишҳои табибону мутахассисон, баъзеҳо ба ҳақиқат будани ин мӯъҷиза шак доранд ва ҳадс мезананд, ки шояд ба ҷойи Лама Итигэлов хело устокорона “дугоник”-и зиндаашро гузоштанд. Онҳо мегӯянд, ки ин кори душвор нест ва аммо бояд афроде вориди қазия бошанд, ки тавони пӯшида нигаҳ доштани даҳони худро дошта бошанд. Иддае мегӯянд, ки шояд “дугоник”-ҳо чандто бошанд ва онҳоро фақат дар ҳоли ниёиш ба мардум намоиш медиҳанд.

Зимнан, аз Лама Итигэлов аксҳои зиёде боқӣ мондаанд ва аз ин рӯ, ба гуфтаи мутахассисон, ташхиси андомаш мушкил набуд. Лама дар ҷашни 300-солагии хонаводаи Романовҳо ширкат карда ва аз сӯи подшоҳи рус бо орденҳои “Аннаи 2” ва “Станислав” қадр шуда буд.







МӮЪҶИЗА, КАРОМОТ Ё СЕҲР?

Имон Валерия Порохова, донишманди маъруфи рус ва мутарҷими Қуръони Маҷид ба забони русӣ, мегӯяд, дар аксар динҳо – масеҳӣ, ислом, буддоӣ намунаҳои зиёди мӯъҷизаҳои илоҳӣ мавҷуд аст. Дар Қуръони Маҷид, ба гуфтаи ӯ, таъкид шудааст, ки фақат Худованду паёмбарҳояш тавони мӯъҷизаофарӣ доранд. “Худи зиндагӣ ва нозил шудани Қуръони Карим – мӯъҷизаҳои Аллоҳ
Имон Валерия Порохова
Имон Валерия Порохова
таолоянд ва падидаҳои илмӣ дар Қуръонро ҳам метавон мӯъҷизаҳои дигар номид”,- меафзояд хонум Имон Валерия.

Мавлавӣ Муҳаммадии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ, мегӯяд, ки мардум бояд се чиз – мӯъҷиза, каромот ва сеҳрро аз ҳам фарқ кунанд. “Ҳазрати Имоми Аъзам китобе дар ин росто бо номи “Фиқҳи Акбар” таълиф кардааст ва дар он бораи мӯъҷизаву каромот гуфта шудааст, ки “Ал-мӯъҷизот ил-анбиёӣ ва ал-каромоту ил-авлиёӣ ҳаққун”, яъне мӯъҷизаро бояд Паёмбар нишон диҳад. Худо инро як далелу ҳуҷҷате барои шиносоии Паёмбар бо мардум барояш додааст. Ва каромот хоси авлиё, шахси ботақво ва бопарҳез аст. Каромоте, ки як валӣ нишон медиҳад, низ мӯъҷизаи Паёмбарест, ки он валӣ аз динаш пайравӣ мекунад”, мегӯяд ӯ.

Донишманди илми фиқҳ меафзояд, ки дар китоби Юсуфи Набхонӣ тақрибан се ҳазор мӯъҷизаи Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) оварда шудааст.

МӮЪҶИЗАИ ШАБИ ҚАДР?

...Баъд аз Шаби Қадр дар ноҳияи Панҷ овозае паҳн шуд, ки мардум бо шуниданаш аз ҳайрат даст ба гиребон бурданд. “Тавба, духтари Мирзомурод шаби Қадр хостааст, ки худованд ӯро ба писар табдил кунад ва духтар писар шудааст”, мегуфтанд мардум ба ҳамдигар. Овозаи “мӯъҷиза” аз қаламрави ноҳияи Панҷ берун рафт ва одамони зиёде аз навоҳии гирду атроф мехостанд “духтари писаршуда”-ро бубинанд. Мирзомурод Каримов, падари Алифмо, духтаре, ки, ба гуфтаи худаш, ба ин мӯъҷизаи илоҳӣ шарафёб шудааст, тасмим гирифт то маъракае ороста номи духтарашро ба Абубакр табдил кунад. Ӯ духтарашро ба сартарошхона бурд ва барояш либосҳои писарона харид. Волидайн фақат аз он андаке ноҳинҷор буданд, ки “писар” иҷоза намедод, ки баданашро муоина кунад. Алифмо мегуфт, дар хоб ва аз ғайб ба ӯ амр шудааст, ки худро ба касе нишон надиҳад.

Дар ҳоле, ки Мирзомурод Каримов дар тараддуди маъракаи табдили ном буд, гурӯҳе аз кормандони ҳукумат, рӯҳониён ва табибон меҳмони манзилаш шуданд. Овоза то ба гӯши онҳо ҳам расид ва тасмим гирифтанд, ки “мӯъҷиза”-ро бо чашми худ бубинанд.

Соате баъд Алифмои аз ошкор шудани сираш хиҷил иқрор мекард, ки, воқеъан, ин як найранг ва саҳнасозӣ буд ва чун аз тифлӣ орзуи писар шуданро дошт, рӯзе дар танҳоӣ фикри “мӯъҷиза” ба сараш задааст.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад
Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад
Мавлавӣ Муҳаммадии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ, мегӯяд, ки аз ҳодисаи дар ноҳияи Панҷ рӯйдода огаҳ аст ва онро на “мӯъҷиза”, балки фиребу найранг мехонад. Ӯ меафзояд, “Худованд дар Қуръон гуфтааст, ки мо инсонро мард ва зан халқ кардем. Чун онҳоро ё зан ё мард халқ кардааст, имкон надорад, ки онҳо дар ин дунё дигаргун шаванд”.

Заррина Кенҷаева, равоншиноси маркази “Боварӣ” дар назди Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон ин гуна ҳодисаро васвосаву орзуи духтароне мехонад, ки мехоҳанд писар бошанд. Аз нигоҳи ӯ, ин орзуи духтарона бештар решаи иҷтимоӣ дорад: “Ин занҳо ё духтарон бар асари кам будани ҳуқуқҳояшон ё поймол шудани ҳуқуқҳояшон орзу мекунанд, ки “кош мард мебудам ва дунёро дигаргунтар мекардам ё зиндагии беҳтар медоштам”. Онҳо мебинанд, ки дар хонавода ҳуқуқҳои модарашон камтар аст, ҳамеша мавриди мушту лагад қарор дорад ва инро бо озодиҳои падарашон муқоиса мекунанд ва ба натиҷае мерасанд, ки мардҳо болотаранд ва аз ин рӯ ҳамеша барои мардум будан талвоса мекунанд”.

Аз нигоҳи Муҳаррама Раҳимова, коршиноси масоили иҷтимоӣ, ҳодисаи дар ноҳияи Панҷ рӯйдода ё ба нуқси ҷисмии духтар рабт дорад ё паёмади мушкилотест, ки духтарони тоҷик солҳои пойбанди онҳоянд. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ теъдоди духтарони балоғатрасидае, ки бешавҳар монданд, ба карат афзуд, зеро ҷавонон асосан бо духтарони ноболиғ оила бунёд мекарданд. Тарсу ҳароси танҳову бешавҳар мондан, ба гуфтаи хонум Муҳаррама, то ҳол духтарони зиёдеро пойбанд нигаҳ медорад ва онҳо баъзан ба амалҳои гӯшношунид ҳам даст мезананд.

Хонум Имон Валерия мегӯяд, Паёмбари ислом таъкид мекард, ки ягон мӯъҷизаи заминӣ, мисли ба мор бадал кардани таёқ, зарур нест, зеро ин кори сеҳргарҳост ва онро дини ислом маҳкум мекунад.

Мавлавӣ Муҳаммади Файзмуҳаммад ҳам мегӯяд, баъзеҳо дар ҳолатҳои сангини рӯзгор, бигирем, ҳангоми солҳо бешавҳар мондан ё ҳангоми таҳдиди талоқ аз сӯи шавҳар рӯ ба сеҳру ҷоду меоваранд, ки хушоянди Аллоҳ нест. Ӯ меафзояд, “дар бораи заҳри чашм кардану таъсири чашм ва сеҳр дар Қуръони Маҷид дар охири сураи Қалам таъкид шудааст. Илми фиқҳ омӯхтан ибодат маҳсуб мешавад ва аммо сеҳр омӯхтану бо муқтазои сеҳр амал кардан – ҳаром шинохта шудааст”.

АСРОРИ НУҲУФТАИ “ОТАШИ ИЛОҲӢ”

Имон Валерия Порохова ба бештари “мӯъҷизаҳо”-е, ки дар бораашон нашрияҳо зиёд менависанд, бовар надорад. “Баррае ба дунё омада буд, ки гӯё дар пашми ӯ “Аллоҳ” навишта шуда буд. Сипас дар Доғистон тифле ба дунё омад, ки гӯё дар пойҳои ӯ сураҳои Қуръон сабт шуда буданд. Медонед, ба ин чизҳо аҳамият набояд дод. Ин гуна ҳодисаҳо набояд одамонро ба шавқ оваранду таҳрик диҳанд. Одамонро барои кору амал ва накукорӣ фақат сухани Худованд бояд таҳрик диҳад”, гуфт хонум Имон Валерия. Ӯ афзуд, “падидаҳое, ки дар бораашон гуфтаем, паёмади дахолати инсон ба табиатанд. Бигирем, гермафродитҳо аз куҷо пайдо мешаванд? Ин натиҷа ягон маризии сахт доштани волидайн буда метавонад. Ё бигирем, чаро дасту пойи баъзе одамон каҷу килеб аст? Барои он ки бобоҳояшон зиёд шароб менӯшиданд”.

Аз нигоҳи донишманди рус, овозаҳо дар бораи баъзе мӯъҷизаҳо қарнҳо боз асосан ба хотири ҳарчӣ бештар ба дини худ ҷалб намудани мардум пахш мешаванд. “Ин як, “набард”-и миёни динҳост, набарди ба чашм ноаён, яъне намояндагони ҳар дину мазҳаб мехоҳанд бо паҳн кардани овозаҳо дар бораи мӯъҷизаҳои илоҳӣ одамони бештареро ба худ ҷалб кунанд”.

Ӯ мегӯяд, ҳоло ҳам дар расонаҳои Русия баъзан дар бораи “мӯъҷизаҳо”-е чун гӯё ашки хунин рехтани иконаҳо ё шамоилҳои муқаддас дар ибодатгоҳҳо матлаб нашр мекунанд, ҳарчанд сирри он кайҳо ошкор шудааст ва дар ин бора ҳоло аз интернет маълумоти зиёд метавон дарёфт кард. Ҳанӯз Петри 1, императори рус, дар як калисо чунин “мӯъҷиза”-и қалбакиро ошкор кард ва фармон дод, ки рӯҳониён дигар аз ин тақаллуб кор нагиранд. “Агар як бори дигар Модархудо аз равғани шамъдон “гиря” кунад, ақиби попҳо бо хуни воқеӣ “гиря” хоҳад кард”, ҳушдор дода буд Петри 1.

Асрҳо боз пайдо шудани оташ дар Иди Пок ё Пасха дар Оромгоҳи Исои Масеҳ дар Байтулмуқаддас “мӯъҷизаи илоҳӣ” арзёбӣ мешавад ва садҳо ҳазор нафар барои бо чашми худ дидани ин мӯъҷиза аз он ҷо зиёрат мекунанд. Аммо ин “мӯъҷиза” ҳанӯз аз замони қадим мавриди шубҳа қарор дорад. Донишманди бузурги илми фиқҳ Ибн ал-Калонисӣ ҳанӯз дар қарни 12 ҳадс зада буд, ки “дар Иди Пок дар меҳроб шамъдонро тавре мегузоранд, ки равғани дарахти балзам ба шамъдонҳои олуда ба равғани ёсуман расад ва маълум аст, ки баъди ба ҳам омехтани ин ду равған оташ ҳосил мешавад”.

Имон Валерия Порохова иқрор мекунад, ки мардум ҳамеша дар интизори мӯъҷиза буданд ва хоҳанд монд. Умеду боварӣ ба мӯъҷиза дилашонро ба зиндагӣ гарм ва дар бархе ҳолатҳо эътиқодашонро ба Худованд бештар мекунад ва аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, ин умеду бовариро аз онҳо рабудан беинсофӣ мебуд.
XS
SM
MD
LG